Барномаҳо адолати судиро таъмин намуданд

№121 (3601) 24.09.2016

Соҳиби давлати соҳибихтиёру демократӣ будан на ба ҳар миллат муяссар мегардад. Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик аз ин неъмати худодод бархӯрдор аст. Вале пойдории Истиқлолият аз ҳар як фарди миллат эҳсоси гарми ватандӯстию ватандорӣ, ҳушёрию зиракии сиёсиро талаб мекунад. Набояд фаромӯш кард, ки мо бо чӣ сангиние ба ин ганҷи бебаҳо соҳиб шудем.

Хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, қонунияту адолат ва сулҳу оромӣ, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ва баланд бардоштани нақш ва нуфузи байналмилалии кишвар, ки аз воқеияти Истиқлолияти Тоҷикистон дарак медиҳанд, натиҷаи заҳмату хидматҳои беназири Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин иқдоме, ки баҳри мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ пеш гирифт, ин дар кишвар пойдор намудани ваҳдати миллӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ҳокимияти давлатии худро дар асоси принсипҳои демократӣ ташкил намуд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим карда шуд.

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикис­тони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд ва принсипҳои идоракунии Тоҷикистонро муқаррар намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои Истиқлолият ва асосҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосир гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд. Дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид, ки ин ҳуқуқу озодиҳо пайгирона татбиқу таъмин карда мешаванд. Дар моддаи 9-уми Конститутсия принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мустаҳкам ва асоснок гардонида шуд.

Тавре ки аз Конститутсия бармеояд, ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, нақш ва мавқеи муайяни худро дорост. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 1995 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ҳамзамон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул гардиданд. Инҳо аввалин санадҳои меъёрии ҳуқуқие буданд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар асоси Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти талаботи замон қабул гардида, масоили ташкилӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла вазифаҳои мақомоти судиро ба таври васеъ ва амиқу дақиқ муайян намуданд. Баъдан, бо дарназардошти таҷрибаи андӯхта ва бо мақсади такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ 26 июли соли 2014 Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд.

Бо дарназардошти амалияи судӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» таҳия ва қабул шуд. Барномаи мазкур тадбирҳои мушаххасро бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва инкишофи минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар дар бар гирифт ва онро то дараҷае ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонид.

Бо мақсади идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январи соли 2011 таҳти №976 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ба имзо расид. «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» масъалаҳои зиёди демократикунонии ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кушодани сомонаҳои интернетӣ дар низоми судӣ, андешидани тадбирҳо барои иҷрои санадҳои судӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.

Ҳамин тариқа, 5 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №327 «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017» қабул гардид. Ҳадафи асосии барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани мавқеи суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.

Тавре мушоҳида кардем, маҳз Истиқлолияти давлатӣ ва афкори хирадмандонаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки ҳокимияти судӣ мус­тақилияти том ба даст орад ва самтҳои асосии фаъолияти он бо дарназардошти манфиатҳои миллию давлатӣ ба роҳ монда шавад.

 М. ГИЁЗОДА, раиси Суди шаҳри Душанбе