Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти мамлакат сарчашма мегирад

№41 (3991) 13.04.2019

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, барномаву ҳадаф ва самтҳои асосии фаъолияти мардуми кишварро дақиқу мушаххас намуд.

Тавре Президенти мамлакат иброз намуданд, пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ сохтани мақсаду вазифаҳои дарпешистода, кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Бинобар ин зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳияву дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода, ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шавад.

Бо ин мақсад, ба Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дастур дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд.

Ба таври дигар гӯем, барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар аст, ки дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.

То кунун дар ҷумҳурӣ се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017 амалӣ гардонида шудааст.

Мақсад аз ин барномаҳо таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар, ҷорӣ намудани технологияи коммуникатсионӣ ҷиҳати автоматизатсиякунонии кори судҳо ва баланд бардоштани самаранокии шаффофияти низоми судӣ мебошад.

Дар барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилияти судҳо, баланд бардош­тани масъулияти судяҳо ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо, рушди қонунгузории соҳа, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии баландихтисос ва иҷрои санадҳои судӣ пешбинӣ мешавад. Барои таъмини иҷрои барнома як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ гардид ва дар ин раванд оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Инчунин, Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид. Ҳоло лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Дар бораи медиатсия» мавриди омӯзиши гурӯҳи корӣ қарор доранд.

Дар натиҷаи рушди босуръати соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ сол то сол зиёд шуда истодаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, ҷиҳати таъмини саривақтии баррасии парвандаҳо, кам кардани сарбории судяҳо ва сода­гардонии мурофиаҳои судӣ рушд бахшидани мурофиаҳои то судӣ мувофиқи мақсад мебошад. Чунин муносибат тарафҳоро ба созиш меорад ва ба ҳалли то судии баҳси тарафҳо мусоидат менамояд.

Вобаста ба ин ва бо мақсади ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти судӣ зарур аст, ки қонунгузории мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҷдид ва ба онҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

Парвиз Мирзозода,  

судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон