Баррасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон дар форуми иқтисодии Наврӯз

№35 - 36 (3985 - 3986) 02.04.2019

Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар музофоти Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн дар  шаҳри  Ҳамбург Форуми иқтисодии Наврӯз баргузор гардид.

PodiumdisskДар он таҳти унвони «Соҳибкории миёна-пайвандгари  Аврупо ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз» сиёсатмадорон, соҳибкорон, кафолатдиҳандагони қарзҳои содиротӣ, пажӯҳишгарон ва хабарнигорон роҷеъ ба имкони густариши ҳамкориҳои Олмон бо Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти татбиқи пурсамари ҳадафҳои стратегии кишвар, саноатикунонӣ ва рушди инфрасохтори деҳот дар солҳои минбаъда шарҳ дода, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва туризмро аз бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон ва мавриди таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории Олмон арзёбӣ намуд. Инчунин, зикр гардид, ки Тоҷикистон дар самти мутобиқ намудани иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ ва диверсификатсияи сарчашмаҳои иқтисодӣ тамоми кушишро ба харҷ дода истодааст. Мавҷудияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, афзалиятҳои гумрукиву андозӣ, қувваи барқи арзон ва қувваи корӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорон шароити мусоидро фароҳам овардааст. Биноан, аз соҳибкорони олмонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки аз шароитҳои мавҷуда истифода бурда, бо шартҳои барои ҳар ду ҷониб судманд вориди бозорҳои Тоҷикистон гарданд.

Вакили Бундестаги Олмон аз фраксияи Иттиҳоди масеҳӣ — демократӣ дар солҳои 2012-2017 Юрген Климке ба сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон баҳои мусбат дода, ҳамчун таҳлилгари сиёсати рушди кишварҳо дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистонро назаррас арзёбӣ намуда, аз иштирокдорон хоҳиш кард, ки ба  Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

- Ҳукумати Тоҷикистон бо «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардани солҳои 2019-2021 тасмим дорад кишварро ба марҳалаи нави рушд ворид намояд.  Инчунин, дар доираи сиёсати дарҳои кушод бо кишварҳои зиёди дунё ҳамкорӣ карда, мизбони конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ  ва ҷалби сармоя аз Аврупо заминаҳои хубу мусоид вуҷуд доранд. Иқтисоди Олмонро зарур аст аз афзалиятҳои мавҷуда, аз қабили қувваи корӣ, барқи арзон ва инфрасохтор истифода бурда, ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. Барои сармоягузорон Тоҷикистон зарфиятҳои бисёрро пешниҳод менамояд. Захираҳои фаровони об дар Тоҷикистон, ки беш аз 60 фоизи захираҳои минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, талу нишебҳои мусоид ва дарёҳои кӯҳӣ мавҷуданд, ки барои сох­тани неругоҳҳо имкони мусоид фароҳам кардаанд. Бахши ҷаҳонгардӣ, бахусус экотуризм ва кӯҳнавардӣ низ, ки ҳанӯз ҳам ба беҳтаршавии инфрасохтор ниёз дорад, метавонад барои сармоягузорони Олмон ҷолиб бошад. Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди фасод мубориза эълон кардаасту дар сурати бартараф кардани баъзе аз монеаҳои бюрократӣ  маҳбубияту ҷаззобияти кишвар ҳамчун мавзеи барои сармоягузорӣ мувофиқ дарҳол афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин масъала, Тоҷикис­тон бо ҷидду ҷаҳд бо шарикон ҳамкорӣ дорад», — изҳор дошт Юрген Климке.

Дар қисмати дуюми ҳамоиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон мизи мудаввар доир шуд, ки дар он коршиносон, намояндагони бахши соҳибкории миёна, ширкатҳои кафолатӣ, идораҳои назоратӣ ва  воридкунандагони молҳои кишоварзӣ иштирок намуданд.

Соҳибназар Ғайратшо аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки ҷиҳати мушаххас намудани самти ҳамкорӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳои иқтисодӣ, ки қарор аст соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гарданд, ширкат ва бо ҳамтоён оид ба робитаҳои мустақим музокироти судманд анҷом диҳанд.

Дар бахши фарҳангии форум барномаи консертии идона бо иштироки ҳунармандони тоҷик сурат гирифт. Инчунин, аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон гӯшаи фарҳангӣ бо дарназардош­ти хусусиятҳои миллӣ созмон ёфта, ба ҳозирин маълумоти зиёди иттилоотӣ-сайёҳӣ пешкаш гардид.

Муҳим он буд, ки доираҳои соҳибкории хурду миёнаи Олмон ба густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикис­тон ҳавасманд шуда, хостори пешниҳодоти мушаххаси соҳибкорони тоҷик ва доираҳои иқтисодии кишвар гардиданд.

Дар ин бора аз дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон иттилоъ доданд.

«Садои мардум»