Баррасии татбиқи барномаи давлатӣ

№119 (3913) 02.10.2018

Масъалаи асосие, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар Иҷлосияи шонздаҳум даъвати панҷум мавриди баррасӣ қарор доданд,  рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №450 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»  буд. Доир ба он муовини раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ маърӯза намуд.

Бино ба гуфти ӯ, мувофиқи барнома дар вилоят бояд дар солҳои 2012 — 2020-ум 940 гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шаванд. Ҳамчунин, барқарорсозии 1400 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда пешбинӣ гардидааст. Аз соли 2012 9850 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.

Зикр гардид, ки дар се соли охир ҷудо намудани наздик ба 12 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, дар соли 2018-ум 3 миллиону 950 ҳазор сомонӣ маблағ ба беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин, омодасозии пойгоҳҳо ва иншооти обрасонии шаҳру ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Панҷакент ва Муассисаи давлатии канали «Хоҷабоқирғон»  мусоидат кард.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти силсилаи пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Панҷакент, ки аҳамияти стратегӣ доранд, боиси нигаронист. Вазъи баамаломада зарурати азнавбарқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ ва мелиоративӣ, таъмири  пойгоҳҳои обкашӣ, обанборҳо, лӯлаҳои обгузар, иваз намудани агрегатҳои обкашӣ, барқарорсозӣ ва афзоиши қобилияти обгузаронии каналҳоро ба миён овардааст, — таъкид дошт Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки «ба обу замин муносибати дилсӯзона мебояд. Дар шаҳру навоҳии вилоят барои обёрии саривақтӣ имкониятҳо мавҷуданд. Боиси таассуф аст, ки бархе масъулон, аз ҷумла баъзе раисони ҷамоатҳо, дар ин самт хунукназарӣ менамоянд. Дар ин давра ба 163 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки вобаста ба истифодаи замин мебошанд, эътироз оварда шудааст».

Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки масъулони Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳ­дошти замин ва обёрии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо барои ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 3249 гектар, аз ҷумла 3119 гектар замини корами обӣ, ки соли равон аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, чораҳои зарурӣ андешанд.

Роҷеъ ба масъала вакилон Фирӯза Солиева, раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Зафаробод Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода низ андеша баён доштанд.

Сипас, дар бораи фаъо­лияти Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа ва хоҷагии роҳ раиси комиссия Дилшод Расулзода гузориш дод. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Шӯҳрат Мамадҷонов оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ ҳисобот пешниҳод кард.

Вакилон, инчунин, тағйиру иловаҳоро ба буҷети вилоят баррасӣ ва  номгузории объектҳои физикию ҷуғрофиро дар ноҳияҳои Ашту ба номи Ҷаббор Расулов ҷонибдорӣ намуданд.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»