Баёнияи Душанбе – санади ниҳоии Конференсияи сатҳи баланд

№58 (4008) 23.05.2019

_DSC0274++Пас аз анҷоми кори Конференсияи сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардид, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода андешаҳояшро ба таври зайл баён дошт:

- Дар конференсия намояндагони зиёда аз 50 кишвар ва 28 созмони байналмилалӣ иштирок намуданд. Яке аз ҳадафҳои он ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба ташвишу таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир буд, ки муттаҳидӣ ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳоро дар мубориза бо онҳо тақозо менамояд.

Мақсади дигар ҷалби сармоя ва маблағгузории созмонҳою кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризму экстремизм мубориза мебаранд. Яъне, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби аср вазифаи кишварҳою созмонҳои алоҳида не, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва мубориза бо таҳдидҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткории муташаккил, терроризм ва экстремизм, савдои одамон, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир якчанд барномаи давлатӣ ва консепсияи миллиро қабул ва амалӣ намудаасту менамояд. Чунончӣ, аз соли 1996 чор барномаи давлатӣ ва Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар солҳои 2013- 2020 қабул ва тадбирҳои дар онҳо пешбинигардида батадриҷ амалӣ шуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки дар Стратегияи миллии мазкур яке аз ҳадафҳои асосӣ ташкил ва амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Дар ин робита, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 17 кишвар ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 24 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд. Тибқи он санадҳо, бояд ба ҳар чӣ бештар муттаҳид сохтани неруҳои солим дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ноил шуд.

Зимни конференсия, муовини Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков, вазирони корҳои хориҷии як қатор кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур, инчунин, намояндагони воломақоми созмонҳои ваколатдори байналмилалӣ, ки дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир масъул мебошанд, ширкат варзида, пешниҳодҳои мушаххас манзур карданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки роҷеъ ба масъалаи убури ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути самти шимоли минтақа, ки ба он ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон мансуб мебошанд, аз ҳисоби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад, то ки вазъро амиқ омӯхта, пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд. Ин ба нафъи на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

_DSC0014Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Муншии умумии СММ Владимир Воронков пас аз анҷоми конфронси сатҳи баланд барои намояндагони воситаҳои ахбори омма брифинг оростанд. Сироҷиддин Муҳриддин, аз ҷумла, иброз дошт, ки ҳамоиш бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои мутасаддӣ — Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, созмонҳои дигар ва якчанд кишвари шарик доир карда шуд.

Он идомаи мантиқии ҳамоише гардид, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе доир ва ба масъалаи мубориза бо терроризм, пешгирии ҷинояткории муташаккил бо дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ бахшида шуд.

Ширкаткунандагон масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалию минтақавиро дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва манбаъҳои маблағгузории он баррасӣ намуда, дар бораи муайян сохтан ва андешидани тадбирҳои муассири пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, савдои одамон ва ҷинояткории муташаккил табодули андеша ва таҷриба карданд.

Илова ба масъалаҳои асосии дар конфронс баррасишуда, ҳамоишҳои мавзӯӣ, аз қабили баргардонидани оилаҳо аз минтақаҳои ҷангзада (бо эҳтимоми Иттиҳоди Аврупо) ва пешгирии паҳншавии маблағҳои молиявии аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бадастомада бо мақсади таҳкими сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон (бо ташаббуси СММ) доир гардид.

Муовини Муншии умумии СММ Владимир Воронков ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимии ширкаткунандагони конференсияи сатҳи баландро изҳор намуда, гуфт, ки он дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ доир гардид. Ин чунин маънӣ дорад, ки танҳо дар муттаҳидӣ аз уҳдаи ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ баромадан мумкин аст. Он чиз низ рӯҳбаландкунанда буд, ки қарорҳои конференсия якдилона қабул карда шуданд. Чунин ҳолат дар шароити ҷаҳони имрӯза кам ба назар мерасад. Ҳуҷҷати он рӯз қабулшуда ҳамчун санади Ассамблеяи генералии СММ интишор хоҳад ёфт, ки ин аз аҳамияти байналмилалии он гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин тариқ, ширкаткунандагон ба он ақида буданд, ки терроризми байналмилалӣ ва маблағгузории он, ҳамчунин, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба сулҳу амнияти байналмилалӣ хатари бузург дошта, ба кӯшишҳои ноил гардидан ба рушди устувор латма мезананд. Аз ин нуқтаи назар, ҳамоиш ба раванди вусъати пешниҳоди ташаббусҳо оид ба масъалаҳои муҳими мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, таъмину таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳиссаи сазовор мегузорад.

Аз рӯи натиҷаҳои конференсияи сатҳи баланд санади ниҳоӣ — ­Баёнияи Душанбе қабул гардид.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»