Бетартибӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2

№57 (4007) 21.05.2019

Ташкилкунандагони он кистанд ва бо кадом мақсад ба ҷиноят даст заданд?

Mahbas-119 майи соли равон, соати 21-у 30 дақиқа, дар муассисаи ислоҳии 3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.

Ташкилкунандагон аъзои созмони террористиву экстремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло, Ҳасанов Рӯҳулло буданд.

Гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассиса — майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовичро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбуси дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд ва сипас, 5 нафар маҳбус, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбуси дигарро латукӯб ва захмӣ карданд. Баъдан, қисми тиббии муассисаро оташ зада, якчанд нафар маҳбусро гаравгон гирифтанд ва бо мақсади фирор ба кормандони муассиса ҳуҷум карданд.

Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд.

Оид ба ҳодисаи баамаломада аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва тафтишот идома дорад.

Низоми муқаррарӣ дар муассиса, ки дар он якуним ҳазор нафар маҳбус адои ҷазо мекунанд, барқарор карда шуда, вазъият зери назорат қарор дорад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.