Бигзор дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон дигар ҳеҷ гоҳ газанд наёбад

№100 (3894) 17.08.2018

Вақте дар бораи муносибатҳои тоҷику ӯзбек сухан меравад, ибораҳои «гӯшту нохун», «ҳамсояҳои ҷонӣ», «як халқе, ки бо ду забон сухан мегӯяд», «ду шохи як дарахт» ва ғайраро истифода мебаранд. Ин бесабаб нест. Зеро ин ду халқ аз қадимулайём дар асоси анъанаҳои наздики ҳамсоягӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, осудаҳолона умр ба сар бурдаанд. Тоҷикону ӯзбекон дар ғаму шодии ҳамдигар шарик буда, урфу одату анъанаҳои муштарак доранд. Ин нуктаро шоири ширинкаломи тоҷик Боқӣ Раҳимзода чунин баён кардааст:

Фарқи ҳама мардумони дигар осон,

Лекин шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик.

Бинанда чунин савол орад ба миён:

Эй ҷӯра, бигӯ, ту тоҷикӣ ё ӯзбек?

Дар дунё кам миллатеро метавон вохӯрд, ки аз лиҳози урфу одат, расму оин, адабиёт мисли тоҷику ӯзбек ба ҳам шабоҳат дошта бошанд. Дӯстии адабии ин ду халқи ҳамсоя аз замони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию Мир Алишери Навоӣ оғоз ёфта, дар замони Айнию Абдулло Қодирӣ ва Турсунзодаву Ғафур Ғулом мустаҳкамтар гардид. Соли 1966, вақте ки дар Тошканд заминларзаи шадид рух дод, Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, барои рафъи оқибатҳои он ба Ӯзбекистон дасти ёрӣ дароз кард. Дар зилзилаи шаҳраки Шарораи Ҳисор бошад, (соли 1989) бародарони ӯзбекистонӣ нахустин шуда, ба ёрӣ шитофтанд. Ҳоло деҳае дар шаҳри Ҳисор ба хотири кумаки ба осебдидагон расонидаи сохтмончиёни ҷумҳурии ҳамсоя номи «Ӯзбекистон» — ро дорад.

Ба гуфти мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ Бахтиёри Қутбиддин, заковату фаросати баланди Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар байни дигар роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, дар маросими дафни Роҳбари собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов нахуст чун як мусулмон ва баъдан чун як ҳамсояву бародар ширкат намуданд. Дар баробари дигар омилҳо, маҳз ин ҷавонмардии Пешвои миллат ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмию дӯстӣ моил сохта, барои тадриҷан беҳтар шудани муносибатҳои ҳамкорӣ нақши муҳим бозид. Аз тарафи дигар тасмимҳои хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ боиси гарм шудани муносибатҳо миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя гардид. Алалхусус, сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 — 10 марти соли равон сурат гирифт, таърихӣ ва бобарор буд.

- Вақте аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе мегузаш­там, аз чашмони мардум ҳис кардам, ки онҳо ташнаи гарм шудани равобит бо Ӯзбекистон ҳастанд, — гуфта буд Ш. Мирзиеёв.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар изҳороти матбуотӣ сафари Роҳбари кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистонро муҳиму самарабахш номида, гуфтанд, ки «Мо ба созиши таърихӣ бо Ӯзбекистон даст ёфтем. Дар ният ҳаст, ки ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишвар дар оянда то ба 1 миллиард доллар расонида шавад».

Натиҷаи ин сафарро имзои беш аз 27 санади муҳим ва барои мардуми ҳар ду кишвари ҳамсоя манфиатбахш ташкил медиҳад.

- Агар аз ман суол кунед, ки ягон масъалаи муҳими ҳалношуда боқӣ монд ё не, дақиқан мегӯям, ки не, — иброз дошт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷараёни ин мулоқоти таърихӣ аз кушодашавии зиёда аз 9 гузаргоҳи сарҳадӣ хушхабар расид. Ифтитоҳи роҳи оҳани Ғалаба — Амузанг, пайваст гаштани хатҳои интиқоли барқ миёни ду кишвар, ба роҳ монда шудани хатсайрҳои ҳавоии Тошканд — Душанбе ва Душанбе — Самарқанд, содироти гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, кушода шудани хатсайри автобуси Хуҷанд — Тошканд, баргузории намоиши маҳсулоти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, форуми тиҷоратии соҳибкорони Суғду Самарқанд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба вуқӯъ пайвастанд, аз самимӣ ва қатъӣ будани тасмими роҳбарияти Тоҷикистону Ӯзбекистон дарак медиҳанд. Ҳафтае нест, ки дар матбуоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ хабаре ба табъ нарасад.

Зимни баргузории барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» сарони ду давлати ҳамсоя – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар бораи дӯстию бародарӣ, ҳамсоягӣ, таърихи муносибатҳои хешутабории ду мардум, инчунин, кушодани дилҳо, дарҳо, сарҳадҳо ва оғӯши гарми якдигар барои идомаи равобити ҳасана самимитарин суханонро баён намуданд.

Чанде пеш муовини якуми раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимзода дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки тайи 15 рӯзи моҳи июл ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекис­тон афзуда, ба як миллион метри мукааб расид. Ҳоло 12 корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон бо гази воридшаванда фаъолиятро ба роҳ мондаанд.

Дар навбати худ, аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон неруи барқ ва семент содир шуда истодааст. Ин аст самараи дӯстӣ, ки аз файзи он иқтисодиёти ҳар ду кишвар рушд хоҳад кард.

Иштирокчии Форуми тиҷоратии Суғду Самарқанд сардабири рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» Фарҳод Ҷӯраев андешаҳояшро аз сафари шаҳри бостонии Самарқанд чунин баён намуд: — Вақте ки аз сарҳад гузаштам, худро чун дар ватани хеш эҳсос кардам, чунки байни кишварҳо монандии зиёд мавҷуд аст. Бори дигар бовар кардам, ки беҳуда намояндагони миллати тоҷику ӯзбекро як халқи бо ду забон гуфтугӯкунанда нагуфтаанд. Ман мехоҳам робита дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиёт, байни аҳли илму адаб ва рӯзноманигорони ду кишвар боз ҳам қавӣ гардад.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шарофати сиёсати неку ояндадор ва бобарору сулҳофари Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев минбаъд низ дар фазои ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои зичи иқтисодию фарҳангӣ зиндагӣ мекунанд. Бигзор дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дигар ҳеҷ гоҳ газанд наёбад!

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»