Бист сол дар кӯча

№134 (3928) 08.11.2018

РепликаПойафзолдӯзӣ ва тармими он аз ҳунарҳои мардумӣ буда, замони шӯравӣ намояндагони ин касб ба артелу комбинатҳои хизматрасонии маишӣ шомил буданд. Барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ таъсири манфии худро ба фаъолияти ин ҳунармандон низ расонд.

Корхонаву артелҳо аз фаъолият бозмонданду пойафзолдӯзон моҳиятан бе саробон монданд. Яке аз онҳо сокини шаҳри Хуҷанд Зуҳурҷон Аҳмадов аст, ки  12 сол дар фабрикаи пойафзол­дӯзии №2-и шаҳр ба ҳайси дӯзанда кор карду соли 1995 мизу курсии корӣ ва таҷҳизоти куҳнадӯзиашро гирифта, ба кӯча баромад.

- Дигар илоҷ надоштам, — мегӯяд Зуҳурҷони куҳнадӯз. Қарор додам, ки дар қарибии «Универмаг»-и марказӣ нуқта кушояму аз паи кор шавам.

Номбурда чанд  сол муқаддам барои насби дӯкони хурдакаки пойафзолтаъмиркунӣ аз шаҳрдорӣ иҷозат пурсида буд. Масъулон он вақт ҷавоб доданд, ки  «дархостатонро дида мебароем».

Чанде пеш аз назди ин ҳунарманд гузаштам. Дидам, ки дар паҳлуяш аробачаи маъюбӣ истодааст. Чун сабаб пурсидам, гуфт:

- Дар ҳавои гарм фишори хунам баланд шуда, ба болои бетони лаби роҳ сарозер рафтам. Устухони косам кафид, духтурон гуфтанд, ки бисёр нашинам. Лекин «деги сиёҳро ҷӯшонидан лозим»…

Агар масъулин барои гузош­тани дӯкони хурдакак дар ягон кунҷи ин минтақа иҷозат медоданд, шояд ӯ ба ин ҳолат гирифтор намешуд. Чунин нуқта барои сокинону меҳмонони шаҳр зарур аст, зеро фаъолияти растаи пойафзолдӯзон, ки дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳр амал мекунад, ба талабот ҷавобгӯ набуда, табъи ҳар бинанда, хоса меҳмононро хира мегардонад.

Зуҳурҷони пойафзолдӯз 20 сол боз дар кӯча ба мардум хизмат мерасонаду умедашро аз марҳамати шаҳрдорӣ накандааст. Шояд дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мушкилоти номбурда ҳалли худро ёбад. Шояд…

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»