Бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо маслиҳати калонсолон кор кардан ба ҷомеа манфиат меорад,

№151 (3945) 20.12.2018

- мегӯяд раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб

РаисЧанде пеш бо мақсади ошноӣ бо дастовардҳо ва омодагии сокинон ба ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ноҳияи Лахш сафар кардем.

Дар қабулгоҳи роҳбари ноҳия ҷавони хушсурати чеҳрахандоне боадабона моро пешвоз гирифт ва баъди ҳолпурсӣ гуфт, ки раис хеле барвақт омада буданд. Дирӯз то сарҳади Қирғизистон рафта, бо сокинони деҳаҳо вохӯрӣ гузарониданд. Мехостанд донанд, ки мардум то кадом андоза ба гузарондани зимистон омода шудаанд. Шаб дер омаданд. Ин саҳар почтаи дирӯзаро хонданд ва чанд лаҳза пештар ба деҳаи Ҷиргатол рафт. Дар он ҷо мактаби нав сохта мешавад.

Мо ҳам ба тарафи деҳаи Ҷиргатол роҳ пеш гирифтем. Дар ­назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 чанд нафар машғули кор буданд. Тракторҳо атрофи бинои навро тахту ҳамвор мекарданд. Муовини раиси ноҳия оид ба сохтмон Муқимҷон Ҷабборов бо сарварони сохтмон суҳбат дошт.

- Бинои нави ин мактаб дар Раштон яке аз зеботарин муассисаҳои таълимӣ мегардад, — баъди пурсупос гуфт Муқимҷон. — Лоиҳаи он тамоман дигар аст. Инак, бунёди бинои якум, ки аз се ошёна ва даҳ синфхонаву кабинетҳои корӣ иборат аст, ба охир расид. Он бо таҷҳизоти зарурӣ пурра таъмин шудааст ва мактаббачагон метавонанд баъди қабул дарсро оғоз кунанд.

- Мактаб дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат бунёд мегардад, — ба суҳбат ҳамроҳ мешавад директори муассисаи таълимӣ С. Раҷабов. — Солҳо интизори бунёди мактаби замонавӣ будем. Шукр, ки орзуямон ҷомаи амал пӯшид. Раиси ноҳия Баротзода Файзулло парвардаи мактаби Пешвои миллат аст ва рӯзе нест, ки аз рафти сохтмон хабар нагираду маслиҳат надиҳад. Агар сохтмончиён ба мушкиле гирифтор шаванд, раис ҳамон лаҳза роҳи ҳаллашро меёбад.

- Саҳарӣ раис омада буд, — гӯё мақсади моро пай бурда бошад, — ёдовар шуд Муқимҷон. — Каме пештар ба тарафи деҳаи Қушай рафт. Имрӯз мардуми зиёд аз деҳаҳои Қушаю Калтабулоқ ба ҳашар баромадаанд. Таъмири асосии канали Пиёзӣ идома дорад. Баъди шаст сол бори аввал таъмири асосӣ мешавад.

Замоне ба мавзеи харобшудаи канали Пиёзӣ омадем, мардум саргарми кор буданд. Раиси ноҳия дасту остин барзада, ҳамроҳи пирони рӯзгордида санг­пораҳоро аз дохили канал берун меоварданд. Ҳашарчиён миёни ҳам бо забони тоҷикиву қирғизӣ ҳарф мезаданд. Раиси ноҳия ҳам ба суҳбати онҳо ҳамроҳ мешуд ва бо ду забон озод гап мезад.

Дар миёни ҳашарчиҳо пирамарди тануманд — Ҳоҷизайнали 84 — сола хеле серғайрат ба назар мерасид. Лаҳзае, ки раиси ноҳия моро ба мизбонон шинос намуд, амаки Ҳоҷизайнал нигоҳашро ба нуқтаи номаълуме дӯхта, даст ба риши сафедаш бурд ва баъди сукути кӯтоҳе лаб ба гуфтор кушод:

- Ман соли 1958 дар сохтмони ин канал иштирок доштам. Фасли зимистон буд, ки сохтмон оғоз ёфт. Он солҳо техникаи пуриқтидор фаровон набуд. Тамоми корро бо даст анҷом медодем. Синаи сангро бо мисрон бурида, барои об роҳ кушодем. Канал бо талошу кӯшиши фарзанди ободкору заҳматкаши диёр — котиби райком Давлатшоҳ Шомаҳмадов бунёд шуд. Раҳматӣ ҷавонмарди серғайрат, сахтгиру меҳнатӣ буданд, дар қатори коргарон кор мекарданд. Раиси ҳозираро мебинаму раҳматии Давлатшоҳ ба ёдам меояд. Чашм нарасад, раиси имрӯзаи Лахш аз зумраи мардони созандаву бунёдкор аст. Хурду калони ноҳия бо эҳтиром номашро ба забон мегиранд.

- Дар канали Пиёзӣ, ки 16 километр дарозӣ дорад, кор суст пеш мерафт, аммо касе ноумед намешуд, — ҳикояташро давом медиҳад Ҳоҷизайнал. — Мақсад шодоб намудани заминҳои бекорхобида буд. Заминро модар хондаанд. Замин ҳам навозишро дӯст медорад. Агар шодобаш гардонӣ, ҳосили фаровон медиҳад, шикаматро сер мекунад. Ин қонуни табиат аст. Билохира, ба мақсад расидем. Об омад ва беш аз 760 гектар замин обёрӣ шуд. Баъди як — ду сол раҳматии Шомаҳмадов рафт, вале канал солҳои зиёд аст, ки ба мардуми ноҳия хизмат мекунад.

- Зимистони соли гузашта фалокат рух дод, — мегӯяд амаки Ҳоҷизайнал. — Сел омаду саргаҳи каналро вайрон кард. Қубурҳои он корношоям гардиданд. Одами дидагӣ бовар намекард, ки онро дубора таъмир кардану истифода бурдан мумкин мегардад. Дар масофаи сесаду панҷоҳ метр чуз харобӣ дигар чизе ба чашм намерасид. Садқаи номаш шавам, Пешвои миллат марди мардон аст. Моро танҳо нагузоштанд. Маблағ ҷудо карданд ва супориш доданд, ки аз шаҳри Санкт- Петербург қубур биёранд…

Баҳори соли равон барои пурра барқарор сохтани канали Пиёзӣ, тибқи иттилои сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Лахш Қутбиддин Муродов, бо фармоиши Ҳукумати ҷумҳурӣ 35 тонна семент, 10 ҳазору 770 литр сӯзишвории дизелӣ, 7 тонна арматур ва 400 кг швеллер ба ноҳияи Лахш оварда шуд.

- Каналро дубора ба истифода додем. Пирони деҳа дуо карданд, ки Худованд ба Пешвои миллат умри арчаро насиб гардонад.

Имсол раис ба хулоса омад, ки каналро аз таъмири асосӣ барорем. Мегӯяд, ки агар ками дигар онро васеъ кунем, миқдори ғунҷоиши об зиёд мешавад ва бо ин васила метавонем масоҳати заминҳои кишти картошкаро низ бештар намоем. Медонед, соли равон дар муқоиса ба соли гузашта 522 гектар зиёд картошка кишт кардем. Акнун ба нақша гирифтаем, ки баҳори оянда, агар имконият даст диҳад, масоҳати киштзори картошкаро то шашсад — шашсаду панҷоҳ гектар зиёд кунем. Барои амалӣ гардидани ин нияти хайр об даркор. Дар Лахш замин фаровон аст.

Ҳамин буд, ки бо раис маслиҳат кардему ба хулоса омадем, ки то боридани барфи аввал кори таъмири асосии канали Пиёзиро ба итмом расонем, — хулоса мекунад амаки Ҳоҷизайнал.

- Дар ҳавои сард магар кор душвор нест? — суол медиҳад нафаре аз ҳамроҳони ман.

- Барои мардуме, ки аз меҳнат мегурезанд, кор дар ҳама фасли сол мушкил аст, — табассуми ширин дар лаб мегӯяд Ҳоҷизайнал. — Лекин гузаштаҳо насиҳат мекарданд, ки «Тайёрии об дар хушкӣ». Ин ҳикмат аст, бачам. Яъне, пеш аз он ки ба дарё дароӣ, бояд тайёрӣ бинӣ. Дар хушкӣ, дар соҳил омодагӣ бигирӣ, то дарё ғарқат накунад. Бобоҳои мо дар тобистон ба тирамоҳ тайёрӣ медиданду дар зимистон ба баҳор. Таҷрибаи онҳоро истифода мебарем. Мавсими киштукор, ки сар шуд, касе дар фикри таъмири канал нахоҳад шуд, то он соат, ки ба об ниёзманд нашавад.

- Пирон ҳусни рӯзгори моянд, — мегӯяд раиси ноҳия. — Онҳо дар зиндагӣ таҷриба андӯхтаанд ва аз калонҳо панду андарз шунидаанд. Бо маслиҳати пирон кор кардан ба ҷомеа манфиат меоварад. Онҳо ҳама пастиву баландиро медонанд.

Ба суҳбат ҷавонмарди аврупоисимое, ки дар китф дастгоҳи аккосӣ дошт, ҳамроҳ мешавад.

- Ин кас Тадиос Ҳарпер — машваратчии барномаи созмони «Ҳамкории Осиёи Миёна», — ӯро шинос менамояд раиси ноҳия.

Тадиос бо забони қирғизӣ чанд калима мегӯяду дасташро барои вохӯрӣ дароз менамояд.

- Ҷаноби Тадиос чанд сол дар шаҳри Бишкек кору зиндагӣ кардааст, — мегӯяд раис. — Соли сеюм аст, ки дар деҳаи Қушайи ноҳияи Лахш бо аҳли оилааш истиқомат мекунад. Дар маъракаҳои деҳа ҳамроҳи ҳамсараш ширкат меварзад. Акнун вай фарзанди диёри мост.

- Ман шаҳрванди Амрикоям, — мегӯяд Тадиос. — Дар ноҳияи Лахш, пеш аз ҳама, аз дӯстии байни ду миллат хушам омад. Бовар кунед, ба ҳар куҷое равам, ба ошнову бегона мегӯям, ки тоҷикону қирғизҳо шабеҳи бародарони ҳамхун зиндагӣ мекунанд. Дар рӯзҳои хурсандӣ ва мусибат паҳлуи якдигаранд. Дар бораи меҳмоннавозӣ ва инсонпарварии онҳо ҳоҷати гап нест. Ман аз он ки дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон миёни ин мардум истиқомат дорам, ифтихор мекунам.

Аз мушоҳидаҳои марди амрикоӣ тааҷҷуб намекунем. Зеро медонем, ки асрҳо ин ду миллати ба ҳам дӯст омезиш ёфта, ба ҳамдигар хешу табор гаштаанд.

Оилаҳое, ки меваи дӯстии ин ду миллати бародар мебошанд, дар ноҳия хеле бисёранд, аммо дар деҳаи Майдонтерак оилаҳое ҳаёт ба сар мебаранд, ки аз сурат ва гуфторашон муайян намудани миллати онҳо душвор аст. Аз ҳар ду забон озодона истифода мебаранд.

Зиндагии дӯстонаи сокинони Лахш аз он шаҳодат медиҳад, ки барои онҳо қадру қимати инсон аз ҳама авлотар аст.

Суҳбат хел тӯл кашид. Соат аз як ҳам гузашт. Хостем бо ҳашарчиён хайрухуш кунему аз пайи кор биравем.

- Ҳамроҳи мо як пиёла чой мегиред, — гуфтанд мӯйсафедон. — Ғизои ӯ кор мазаи дигар дорад.

Ҷониби раиси ноҳия менигарем, мехоҳем узр пеш биёрем, аммо ӯ ишора мекунад, ки ба гапи мӯйсафедон розӣ шавем.

- Агар ҳамроҳашон сари дас­турхон нашинем, хафа мешаванд. Ба иззати нафсашон мерасад, — оҳиста мегӯяд раис. — Ба ҳар куҷое, ки наравед, бояд хӯроки нисфирӯзӣ хӯред.

Гирди дастурхон суҳбат дубора метасфад. Пирони рӯзгордида аз гузаштаи мардуми диёр қисса мегӯянд.

- Дар Лахш бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагӣ идома дорад, — дар бозгашт аз дараи Пиёзӣ гуфт Муқимҷон Ҷабборов. — Тибқи нақша, сохтмони 200 иншоот дар назар аст. Мутмаинем, ки сокинон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон то он рӯз корҳои зиёдро ба анҷом мерасонанд ва дар таҷлили ҷашни бузурги миллӣ сарбаландона иштирок менамоянд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум».

Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ