Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Боғ мехушкад, мактаб бунёд нашуд»

№74 (4180) 23.06.2020

29 феврали соли 2020 дар рӯзномаи «Садои мардум» №27 (4133), аз рӯи муроҷиати раиси маҳаллаи «Инқилоб»-и Ҷамоати деҳоти «Унҷӣ»- и ноҳияи Б. Ғафуров Абдураҳмон Ҳалимов бо сарлавҳаи «Боғ мехушкад, мактаб бунёд нашуд» мақола чоп  шуд. Дар он қайд шудааст, ки  7 сентябри соли 2017 дар маркази деҳот боғи фароғатию истироҳатӣ ба истифода дода шуда, бо сабаби беназоратии масъулин боғ ба харобазор табдил ёфтааст. Муаллиф пешниҳод намудааст, ки барои эмин нигоҳ доштани боғ он ба тавозуни ягон корхона ё муассиса  гузаронида шавад.

Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки  қаблан қитъаи замини боғ дар тавозуни ҶСШК ба номи «Ӯрунхоҷаев»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дошта, баъдан дар он бо қарори маҷлиси саҳмдорони ҷамъият таҳти №1, аз 24 феврали соли 2017 ба узви хоҷагӣ Н. Бойматов барои сохтмони нуқтаи фурӯши гази моеъ ва бо қарори №2, аз 17 апрели соли 2018 ба шаҳрванд Б. Турсунов барои сохтмони боғчаи бачагонаи хусусӣ иҷозат дода буданд.

Бо сабаби дар ин минтақа мавҷуд набудани боғи истироҳатӣ, бо дастури раиси вилояти Суғд дар замини зикршуда, аз тарафи ҶСШК ба номи «Ӯрунхоҷаев» боғи фароғатию истироҳатӣ сохта шуда, қарорҳои қаблии қабулкардаи маҷлиси саҳмдорони ҷамъият бекор гардиданд.

Бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист 29 майи соли 2020 вазъи боғ санҷида шуд, ки зимни он хушкшавии гулу буттаҳо ва дарахтон ошкор гардид. Аз сабаби беназоратии шахсони масъул дар роҳраву гулзорҳо алафҳои худрӯй баромада, симои боғро коста гардонидааст.

Аз ин рӯ, 1 июни соли 2020 ба раиси  ҶСШК ба номи «Ӯрунхоҷаев» амр дода шуд, ки фавран роҳраву гулзорҳои боғро аз алафҳои худрӯй тоза намуда, минбаъд ба тозагию ободии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

2 июни соли 2020 роҳраву гулзорҳои боғ аз алафҳои худрӯй тоза шуд. Вобаста ба ваҷҳи муаллиф оид ба дар ин минтақа бунёд нашудани мактаб МИМҲД ва шуъбаи маорифи ноҳия маълумот пешниҳод карданд, ки МТМУ №14-и деҳоти «Унҷӣ» моҳи сентябри соли 2018 сохта шуда, дар он 2066 хонанда таҳсил мекунанд ва зарурати сохтани мактаб мавҷуд нест.

Ш. ШАРИФЗОДА, прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мушовири адлияи дараҷаи 1