Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Бо овардани рақамҳои ҳавоӣ мушкилӣ ҳал намешавад»

№107 (4213) 03.09.2020

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мақолаи «Бо овардани рақамҳои ҳавоӣ мушкилӣ ҳал намешавад»-ро, ки дар шумораи №92 (4198) рӯзномаи «Садои мардум» аз 31 июли соли 2020 нашр гардида буд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир дар партави сиёсати созандаву фарҳанг­парваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти фарҳангию маърифатии деҳоти ноҳия тағйироти мусбат ба амал омад. Хусусан, дар доираи «Нақшаи  чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба сокинони деҳот, ободу  зебо намудани ҳар як деҳа ва дар онҳо сохта, ба истифода додани муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангию варзишӣ ва иҷтимоиву хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Аз ҷумла, айни замон дар деҳоти «Мискинобод» сокинон аз истифодаи 3 китобхона, 6 китобхонаи муассисаҳои таълимӣ, 4 толори варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва 7 майдончаи варзишии бозии волейбол дар деҳаҳо бархӯрдоранд. Се соли охир дар деҳот бо ҷалби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону саховатмандон ва лоиҳаҳои дар ҷумҳурӣ амалкунанда  маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, китобхона бо толори қироат барои 100 ҷойи нишасти хонандагон, синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода, ба 2 деҳа дар масофаи зиёда аз 13 километр хати оби нӯшокӣ кашида, зиёда аз 4 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 2 километр роҳҳо сангфарш карда, дар масофаи беш аз 2 километр хатҳои равшаннамоӣ насб шуд. Инчунин, бинои хонаи фарҳанги деҳот, ки солҳои 80-уми асри гузашта сохта шудааст, бо истифодаи маблағҳои буҷети маҳаллӣ  аз таъмири пурра бароварда, атрофи он ободу зебо гардонида шуд.

Ҳоло дар доираи «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар деҳоти «Мискинобод» 17 иншооти  ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Сохтмони 25 иншооти дигар, аз қабили муассисаи томактабӣ, меҳмонхона, сартарошхона, беморхонаи касалиҳои сироятии дорои 50 кат ва марказҳои хизматрасонӣ босуръат идома дорад.

Дар баробари ин, баъзе аз камбудию норасоиҳои дар мақола овардашуда, аз қабили ҳанӯз ҳам кам будани шумораи китобхонаҳо ва теъдоди китобҳо, майдону толорҳои варзишӣ, сохтмони муассисаҳои томактабӣ мавҷуданд, ки ҷиҳати рафъи онҳо пайваста чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Барои камбудию  норасоиҳои ҷойдошта, раиси Ҷамоати деҳоти «Мискинобод» Абдулҳамид Шоев, мудири бахши ҷавонон ва варзиш Ҷунайдулло Каримов огоҳонида, вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати ислоҳи норасоиҳо ва дар оянда роҳ надодан ба камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Н. РАҶАБЗОДА,

муовини раиси ноҳияи Файзобод

P.S. Ба маълумоти муҳтарама Н. Раҷабзода  мерасонем, ки дар мақолаи зикршуда сухан дар бораи ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани иншооти хизматрасонӣ – чойхонаву ошхонаҳо, нуқтаҳои обтаъминкунӣ (дар деҳаҳои Заркамар, Мискинобод, Орифон), ноободии маркази деҳот, биноҳои куҳнаву фарсуда, партофта  шудани партовҳо дар роҳравҳои пиёдагарди шафати шоҳроҳ, ҷойгиршавии нақлиёти мусофиркашонии ғайрирасмӣ дар назди бозор ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал, фаъолияти ғайриқаноатбахши Хонаи фарҳанг, (дар маркази деҳот), китобхонаҳои деҳаҳои Мискинободу Заркамар, набудани варзишгоҳ дар деҳаҳо, таъмирталаб будани роҳҳои байни деҳаҳо (бахусус, роҳи деҳаи Муъминобод) ва аз ҳама муҳим, шикояти мардуми деҳоти  «Мискинобод» аз фаъолияти ғайриқаноатбахши раиси ҷамоат А. Шоев мерафт, на дар бораи варзишгоҳ ва китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, ки ёдовар шуданд. Дар мақола  оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ  ва ҳолати кунунии варзишгоҳу китобхонаҳои онҳо  ҳарфе набуд.