Боришоти шадиди барф дар Бадахшон

№11(3648) 01.02.2017

ЛавинаБар асари боришоти зиёди барф, дар роҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 100 тарма фаромада, боиси маҳдудияти ҳаракати нақлиёт гардид. 

Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, таҳти роҳбарии раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ситоди фаврӣ доир шуда, зикр гардид, ки дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ғафсии барф 70 сантиметр ва дар баъзе минтақаҳо аз он зиёдтар аст. Бориши зиёди барф асосан дар ноҳияи Рӯшон, аз ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим ва маркази ноҳияи Роштқалъа ба қайд гирифта шудааст.
Азбаски бориши беисти барф ду рӯз идома ёфт, имкони тоза кардани тармаҳо мавҷуд набуд. Бо пайдо гардидани имконияти гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, сафарбар гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки танҳо дар роҳи Хоруғ-Ишкошим 60 тарма фаромад мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин масир сокини ноҳияи Ишкошим- Давлатсултон Зулфиқорбекова, соли таваллудаш 1970 ҷони худро аз даст дод.

Дар баробари техникаву механизмҳои Муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят»-у ноҳияҳо ва КВД «Бадахшонроҳсоз», ҳамчунин бо супориши раиси вилоят механизмҳои бахши хусусӣ ва ширкатҳои сохтмонии ҳудуди вилоят низ ба тоза кардани тармаҳо ҷалб гардидаанд. Бозору мағозаҳои вилоят бо маводи мавриди ниёзи мардум пурра таъмин буда, ҳамчунин дар анборҳои намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ миқдори зарурии маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ мавҷуд аст.
Ш. Шоҳқосим, «Садои мардум»