Бояд нусхаи дигарон набошем

№30 (3824) 08.03.2018

Имрӯзҳо бобати либоси миллӣ  андешаҳои мухталиф садо медиҳад. Ҷавоҳир Давлатова, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт андешаҳояшро перомуни ин масъала чунин иброз намуд:

- Либос баёнгари сиришти инсон, инъикосгари анъана, урфу одат ва суннатҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Дар шароити кунунӣ баъзе аз ҷавонон бештар майлу рағбат ба фарҳанги ғайр менамоянд, ки ин боиси нигаронист. Аз лиҳози моҳият либос дар радифи забон муаррифгари миллат ба шумор меравад. Агар чунин набошад, чаро бонувони туркману ҳиндро бо либоси аҷдодӣ мешиносанду эҳтиром менамоянд?

Соли 2015 ба ҳайси намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон аз ноҳияи Рашт бо «Корвони модарони ваҳдатсаро», ки бахшида ба «Соли оила» роҳандозӣ гардида, ба вилояти Хатлон сафар намудем. Муовини раиси ҲХДТ Маҳмудзода Раънохони Бобоҷониён, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, шоираи ширинкалом Меҳринисо ва дигар бонувони соҳибноми кишвар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд моро ҳамроҳӣ доштанд. Он ҷо таваҷҷуҳи бештар ба куртаи атласи ман, ки бо шакли суннатӣ (гиребондор) дӯхта шуда буд, зоҳир гардид. Шакли дӯхти курта бо хоҳиши падарам фармоиш шуда буд. Ҳатто ҳунармандони номӣ аз уҳдаи омода намудани куртаи гиребондор набаромаданд. Аз ин хотир, бонуи хирадмандеро, ки солҳои қаблӣ бо омода намудани чунин либосҳо маъруф буд, дарёфт намуда, мақсадамро баён доштам.

Вақте либосро пӯшида ба назди падарам рафтам, аз хурсандӣ бо навозиши падарона «духтарам, ана акнун дигар армон надорам. Минбаъд пӯшидани либоси миллии тоҷиконаро  пеша кун. Набояд фаромӯш созӣ, ки мо фарҳанги либоспӯшии  худро доштем ва пос доштану ба ояндагон мерос мондани он рисолати мову шумост», — гуфт ӯ.

Аз он хурсанд шудам, ки бо таъсири бевоситаи қиблагоҳам каме ҳам бошад, дар эҳёи либоси миллӣ саҳмгузорам.

Имрӯзҳо баъзе аз духтарон либосҳои бегонаро ба бар менамоянд, ки хилофи урфу одатҳои суннатии ниёгон аст. Таассуфовар аст, ки волидон ба ин амали фарзандон бетафовутӣ зоҳир намуда, замонаро гунаҳкор меҳисобанд. Боре андеша наменамоянд, ки аввалин мактаби тарбия оила аст. Агар онҳо рисолати худро ба таври бояду шояд иҷро намоянд, бо боварӣ метавон гуфт, ки фарзандон бегонапараст нахоҳанд шуд.

Мушкилоти дигар таваҷҷуҳи бонувон ба сатру ҳиҷоб мебошад. Аён аст, ки сатри ин афрод на ба хотири тақвою парҳезкорӣ, балки таклиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона аст. Зеро ин либос ба талаботи дини мубини ислом ҷавобгӯ набуда, ончунон танг ва зебу зиннат дода шудааст, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Аз ин кас ба риққат омада, шоҳбайти устод Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро ба хотир меорад:

Шарқро тақлиди Ғарб  барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

Имрӯзҳо дар интихоби ранги либос ҳам тақлид ба назар мерасад. Гузаштагон пӯшидани либоси кабуду сиёҳро ҷоиз намедонистанд. Ба қавли онҳо ин рангҳо хосияти хуб надошта, дар зиндагӣ монеи хушбахтию саодати инсон мегарданд. Вале аз чӣ бошад, ки дар шароити феълӣ бонувону духтарон бештар ба чодару либоси кабуду сиёҳ майл доранд.

Қобили зикр аст, ки таваҷҷуҳи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан — модар басо баланд аст. Зан дар мақоме қарор дорад, ки дар ҳеҷ давру замон чунин  ҷойгоҳи баланду эҳтиром ва ғамхорӣ насибаш нагардида буд. Дар ноҳияи Рашт садҳо занро медонам, ки дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа мекунанд.

Ин қадрдонӣ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буда,  мо – занон муваззафем онро арҷгузорӣ карда, дар пешрафти кишвар саҳм гузорем.

 Мусоҳиб Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»