Боз як корхонаи нав ба кор шурӯъ кард

№ 15.12.2021

 Дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм корхонаи истеҳсоли макарон ба фаъолият шурӯъ кард. Он аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, барои зиёд кардани маҳсулоти хушсифати ғизоӣ ва муҳайё гардидани ҷойи нави кор шароит фароҳам овард.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз қариб 3 тоннаро ташкил дода, 7 нафарро ба ҷойи кори доимӣ таъмин намуд. Коргарон аз курсҳои омӯзишӣ гузашта, аз нозукиҳои касб огоҳанд.

Ба гуфтаи масъулини корхона, иқтидори истеҳсолии он давра ба давра зиёд мегардад. Он дуюмин корхонаи саноатӣ мебошад, ки аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо мақсади таъмини аҳолии ноҳияҳои кӯҳистон бо маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орду макарон, равған, шакар ва биринҷ бунёд шудааст.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»