Буҳрони ҷаҳонбинии илмӣ

№74(3375) 29.05.2015

 

Чанд сол пеш устод Султон Наврӯзов масъалаи теологизатсия дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ намуд ва ба наздикӣ ин масъаларо Ҳафиз Бобоёров дигарбора расонаӣ кард. Аз рӯи одати тоҷикона ва дар асоси зиракии сиёсӣ масъалаи мазкур дар ҷойи худ ва сари вақт ҳал карда шуд. Ҳама чунин бардошт намуданд, ки ин баҳс фақат хоси ниҳоди мазкур мебошад ва бо ҳамин масъалаи номбаршударо кашфшуда ва албатта, ҳалшуда донистанд. Ба андешаи мо, бояд баҳси ин масъала ба чунин зудӣ ҳал намегардид, он бояд афкори умумро ба ҳаракат меовард. Оё он аслан фақат хоси Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст ва ё масъала густурдатар аз он аст? Назари мо он аст, ки мушкилии мазкур фақат хоси як ниҳод набуда, балки хоси системаи илм ва маорифи мо, гузашта аз он хоси аллакай як қисми ниҳоят васеъ ва чашмраси донишмандони мо мебошад. Дар мақолаи мазкур мо маҳз ҳамин масъала, яъне теологизатсия ва ё дар фаҳмиши умумитари он мазҳабигардии системаи илмии мамлакат тавассути нерумандгардии тамоюли мазҳабидошта ва таъсири он ба донишмандонро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Мо бар он бовар ҳастем, ки тамоюли мазҳабӣ торафт дар ниҳоди илмии мамлакати мо нисбат ба худи унсури илмӣ пурқувват шуда истодааст.

Аксаран чунин ба назар мерасад, ки системаҳо тавассути омилҳои беруна ва бегона аз пой афтонида мешаванд. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки баръакс, асосан омилҳои дохила асоси шикаст ва нобудии ҳар як система мегарданд ва онҳо дар мағзи он ниҳод пухта расида, то ба ҳадди ниҳоӣ онро абгор месозанд ва танҳо дар ҳамин лаҳза омили беруна ба ёрии омили дохила меояд ва бидуни мушкилӣ онро аз байн мебарад. Агар ҳамин тамоюл инкишоф ёбад, он рӯз дур нест, ки системаи илмии мо аз дохил ва ниҳоят ноаён аз пой дарафтад. Агар зоҳиран ва сатҳӣ назар андозем, ба ин бовар намекунем. Донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва дигар муассисаҳои самтгаройи илмидошта аз он дарак медиҳанд, ки давлат самтгаройи дунявӣ ва илмӣ дорад ва шубҳа дар ин маврид як амали бемаънӣ мебошад. Агар назари амиқтар биандозем, ба хубӣ дармеёбем, ки хушбинии мо ҳамон хушбоварии аз воқеият ба дури таърихии мо мебошад. Ҳақиқат он аст, ки ҳамон гуна, ки давлат мекӯшад, сатҳи илмро ба пеш ва боло бардорад, ҳамон гуна омилҳое ҳастанд, ки онро ба ақиб мекашанд ва он ба ҷуз аз фалаҷ ва замингир кардани илм, олим ва ҷаҳонбинии илмӣ самараи дигаре ба бор намеоварад.

Тамоми ҷаҳон, аз ҷумла минтақаи мо таҷрибаи таърихӣ дорад, ки илм ва эътиқод бо ҳам созиш намегиранд ва ҳамеша назари хайрхоҳонаи донишмандон нисбат ба аҳли эътиқод бо нокомӣ ва шикаст анҷом гирифтааст ва аз ҳамин ҷиҳат дар ин минтақа донишманд то замони шӯравӣ наметавонист, ки як қисмати ҷомеаро созмон диҳад. Ягона омиле, ки монеи он мешуд, ин бетаҳаммулии аҳли эътиқод нисбати ӯ буд.

Ҳоло донишманд як қисми ниҳоят муҳим ва асосии ҷомеаи моро ташкил медиҳад. Он, яъне донишманд, ба мисли ҳар як падидаи тамаддун, аз қабили роҳҳо, кӯпрукҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, дорухонаю варзишгоҳҳо ва ё театрҳо маҳсули замони шӯравӣ мебошад. То замони шӯравӣ мо чунин таҷриба ва анъанаро аз сар нагузаронидаем, дар ин замон қисмати таркибии ҷомеаро ба ҷойи донишмандон дар фаҳмиши имрӯза донишмандони мазҳабӣ, яъне муллоҳо, сӯфиҳо ва ё қаландарон  ташкил мекарданд, аз маҳсули тамаддун бошад,  дар ҳадди олии худ фақат мадрасаҳои сатҳи миёна ва шояд ҳамин гуна корвонсароҳо вуҷуд доштанд. Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамон сиёсати  дуруште, ки дошт, ба зарурати ҷаҳонбинии илмӣ сарфаҳм рафта буд ва кӯшиш мекард, ки донишманди ӯ ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва ҳам амниятӣ осебпазир набошад. Аммо дар марҳилаи то шӯравӣ чунин ҳолат ба мушоҳида намерасид. Ҳар дафъа, ки донишманде пайдо мешуд, дарҳол мавриди бадбинӣ ва таассуби аҳли хурофот қарор мегирифт.  Мисоли ин метавонад бадбинии Хоҷа Аҳрор нисбати Алии Қушчӣ ва ё бадбинии дарбориёни манғитӣ нисбати Аҳмади Дониш бошад.

Асли матлаб он аст, ки ҳоло мо на дар замони шӯравӣ ва на асрҳои миёна, балки ба истилоҳ дар замони нав зиндагӣ мекунем ва се ҳақиқати бунёдии ин замон ба мушоҳида мерасад: якум, дар ҳақиқат давлати имрӯза мероси шӯравиро ҳифз ва барои тақвияти ҳайсияти илмии ҷомеа кӯшиш мекунад; ҳақиқати дуюм он аст, ки баръакси замони шӯравӣ пеши роҳи густариши бесобиқаи мазҳаби сиёсӣ дар ҷомеа гирифта нашуд, ба он озодии беш аз интизор дода шуд; ҳақиқати савум он аст, ки донишманди мо ҳамчун инсон танҳо меросбари маънавиёти анқариб азбайнрафтаи замони шӯравӣ нест, балки тору пуди ӯро маънавиёти анъанавии садсолаҳо шаклгирифтаи мо ташкил мекунад. Акнун ҳақиқати бузург ва ё хулосаи мо ин аст, ки он қуввае, ки имрӯз дар муқобили воқеияти сирф илмӣ қарор гирифтааст, ниҳоят бузург аст. Набудани фазои пурқуввати илмӣ, сиришти мазҳабӣ — ахлоқии донишмандон ва ҳамчунин нуфуз ва дорои неруи таъсиргузор гардидани намояндагони мазҳаб нақш ва мақоми илмро торафт сатҳӣ ва беранг мегардонанд. Агар раванди сохтани масҷидҳо ва мактабҳоро дар солҳои охир дар асоси омор ва албатта, аз тарафи кӣ сохта шудани онҳоро мушоҳида намоем, ба хубӣ дар чӣ вазъият қарор доштани илмро дарк менамоем. Мактабҳо асосан аз ҷониби давлат сохта мешаванд ва масҷидҳо бошанд, аз ҷониби шахсони алоҳида. Сабаби ин дар чӣ аст? Ба андешаи мо,  илм ва пайванди он бо истеҳсолот то ҳанӯз ба дараҷае нарасидааст, ки дар зеҳни мардум бовариеро бедор созад, ки илм метавонад саодати онҳоро кафолат диҳад. Аз ин ҷиҳат, мардум ҳанӯз ҳам мазҳабро ягона кафили саодати худ медонанд ва ба ҳамон самт мешитобанд. Ин тамоюл метавонад то ҳадде шиддат ва неру гирад, ки дигар барои фаъолияти илм имконе боқӣ намонад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ки дар як вуҷуди солим ду сиришт, яъне ҳам илмӣ ва ҳам зиддиилмӣ, ё худ эътиқодӣ наметавонад давом ёбад. Онҳое, ки дар аввали замони исломӣ аз хушбоварӣ ҳар дуро қабул доштанд ва илму эътиқодро ба ҳам пайвастанд, ҳадаф ин ҷо Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯнасри Форобӣ мебошанд, равандеро ба вуҷуд оварданд, ки мунҷар ба шикасти илм ва ҳамин гуна анқариб ҳазор сол дарахти илмро аз ин минтақа решакан карданд. Ҳоло низ ҳамин вазъияти таърихӣ фаро расидааст ва ду имкон вуҷуд дорад: донишманди мо ё асолати худро ҳифз мекунад, илмро аз банди эътиқод наҷот медиҳад ва рушди ояндаи онро таъмин менамояд ва ё бо муросо кардан, муҳим нашуморидан ва бетарафӣ нишон додан хатои ҳазор сол пешро такрор менамояд ва дигарбора барои замони номуайян қадами илмро аз ин минтақа мерӯбад.

Худи ҳозир аллакай мо бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки ҳолати баробарвазнӣ аз байн рафтааст ва биниши мазҳабӣ, эътиқодӣ ва хурофотӣ батадриҷ ҳувияти илмии донишмандонро дар худ ҳазм менамояд. Аз як тараф, мазҳабигардии сиришти донишмандон ва аз ҷониби дигар бетарафии донишмандон ва ҳамчунин ниҳодҳои илмӣ дар баробари ҳуҷумҳое, ки аз ҷониби наҳзатиҳо сурат мегирад, баёнгари барҳамхӯрии мувозинат мебошад. Дар мавриди мазҳабигардии ниҳоди донишмандон мо чунин далелҳоро метавонем зикр намоем: 1. Агар он нафаронеро, ки дар замони шӯравӣ худро атеист меҳисобиданд, имрӯз ба мушоҳида гирем, аксарашон баръакс ё дар қутби муқобил қарор гирифтаанд ва аламбардори биниши мазҳабӣ гардидаанд ва ё бетафовутӣ нишон медиҳанд ва фурсатпоӣ менамоянд.  2. Аз ҷониби дигар, он образи зиндагӣ ва ҳамоҳангии андеша ва зиндагии шахсӣ, ки хоси андешаманди насли пешин буд, дар насли навин мушоҳида карда намешавад. Андешаи ихтисосӣ ва ё дониши насли навин  ахбори бахотирсупурдашудае беш нест, ки танҳо дар таълимгоҳ дар соати дарсӣ ёдоварӣ мекунад ва дар дигар лаҳзаҳо аслан ҳамоҳангие байни ӯ ва андешаи илмии ӯ вуҷуд надорад.

Мо дар асоси мушоҳидаи муқоисавии худ бевосита боз дар муносибат бо устод Султон Наврӯзов ва яке аз шогирдони ӯ, ки дӯсти мо аст, ин ҳолатро возеҳтар месозем.  Устод Наврӯзов аз насли содиқи замони шӯравӣ мебошад ва ҳанӯз ҳам дар андеша ва афкори илмии худ устувор аст ва ҳамон гуна, ки андеша мекунад, ҳамон гуна зиндагӣ ва эҷод мекунад. Шогирди ӯ, батакрор мегӯем, ки дӯсти мо мебошад, низ дониши фаровон, бахусус дар соҳаи фалсафаи гузаштаю имрӯзаи Урупо дорад. Аммо дониши ӯ шахсияти пурраи ӯро ташкил намедиҳад. Дар лаҳзаҳои ҳассос иқрор мекунад, ки «ӯ эшонзода мебошад ва чунину чунон андеша кардан ба шаъни ӯ намезебад.» Бубинед, ки душахсиятӣ чӣ гуна дар ниҳоди як донишманд ва албатта, батадриҷ дар ниҳоди илми як мамлакат ворид мегардад. Он ҳақиқатеро, ки ӯ дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кашф карда буд, аллакай беш аз ҳама ба вуҷуди худи ӯ низ наздик гардидааст. 3. Гаравиши миқдории донишмандон аллакай ба сифати ниҳодҳои илмӣ таъсир кардааст, ки мо мисолашро дар осори вақтҳои охир нашршудаи Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида менамоем. 4. Ҳалли ноумедкунандатар он аст, ки донишҷӯён дар бартариёбии биниши мазҳабӣ ташаббуси калон нишон медиҳанд. Чӣ қадар зиёд дучор меоем, ки донишҷӯён ба хотири адои намоз мехоҳанд аз дарс ҷавобашон бидиҳем, бо ифтихор нақл менамоянд, ки онҳо муриди фалон ва беҳмадон домулло ҳастанд ва ё «донишмандон»- и курсҳои болоӣ, ки аллакай аз бинишҳои дар бораи ҷаҳон ҳукмрони илмӣ огоҳӣ доранд, мепурсанд, ки масалан, «устод ба мо исбот намо, ки чӣ гуна осмон бидуни сутун дар болои замин нигаҳ дошта мешавад?» Ҳосили ҷамъи ҳамаи инҳо ниҳоят нигаронкунанда мебошад. Ба хубӣ ба мушоҳида мерасад, ки илм ва донишманди мо батадриҷ дар баробари душмани моҳиятии худ истодагарӣ ва зиддиятварзиро аз даст дода истодааст. Он барномаҳое, ки барои рушди илм ба даст гирифта мешаванд, дар баробари ин ҳақиқати рӯзафзуни ҷомеа ниҳоят нотавон мебошанд. Барномаҳо хусусияти формалӣ ва механикӣ доранд, аммо тамоюли рӯ ба инкишофи эҳёгардии зеҳнияти мазҳабӣ хусусияти моҳиятӣ ва динамикӣ дорад, ки бо сухан ва сохтакорӣ бо он бархӯрд кардан амали беҳуда мебошад.

Анъанаи таърихии хушбоварии донишмандон нисбати аҳли эътиқод ва баръакс, хусумат ва нафрати аҳли эътиқод дар нисбати аҳли илмро мо дар замони кунунӣ равшантар эҳсос менамоем. Агар аз як тараф, тамоюли донишмандон ба эътиқод қавӣ гардида истода бошад, аз дигар ҷониб, баръакс, аҳли эътиқод ба илм, муассисаҳои илмӣ ва донишмандони тоҷик бо назари таҳқир ва нописандӣ менигаранд. Чунин амал бо ҳамлаҳои Меҳмоншоҳ Шарифзода ҳанӯз аз соли 2010 ба Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва файласуфону донишмандони дигар сар шуд, ки онҳоро ҳамчун «сустаносир», «ҳашавӣ», «голем», «инсони охирин», «манқурт» ва ғайра муаррифӣ мекард. Аз хомӯшии нангини ин ниҳод баҳра бурда, ӯ чандин маротибаи дигар ҳамин суханони худро дар расонаҳо ва баромадҳои худ такрор намуд. Ӯ, ки худ нисбати онҳое, ки танқидашон мекунад, саводи камтар дорад, бо нафрату ҳақорат бар рӯи дигарон давад ва гумони ботили худро тақвият медиҳад, ки илм, яъне ҳамон имон ва эътиқод мебошад.  Чунин амали Меҳмоншоҳ ва беғамии донишмандон иродаи ҳаммаслакони ӯро қавӣ гардонд ва онҳо чандин маротиба ниҳодҳои илмиро мавриди тамасхур қарор доданд. Кор то ҷое расид, ки онҳо пешвоёни исломи сиёсии Тоҷикистонро ҳамчун намунаи беҳтарини илми ҷомеашиносии тоҷик муаррифӣ намуданд. Қариб буд ин ҳама таҳқирҳо нисбати илм ва донишмандони мамлакат беҷавоб монад, ки худ далели заъфи дастгоҳҳои илмии ҷомеаи мо мебошад. Тамоми донишмандони мазҳабии мо баробари як устоди соҳаи риёзӣ дониш надоранд, аммо холигии фазои баҳсҳои илмиро истифода бурда, ниҳоят зиракона худро ҳамчун алтернативаи аллакай комил, аммо эътирофнагардида қаламдод менамоянд. Онҳо даъво доранд, ки тамоми дастгоҳи шӯравӣ баробари Аҳмади Дониш донишманде дода натавонистааст ва ин далели бартарии системаи то шӯравӣ нисбат ба шӯравӣ мебошад. Ин зиёдаравиҳо ва даъвоҳои аҳли эътиқод бо чӣ меанҷомад?  Он метавонад ё номуси аҳли илмро бедор карда, як наҳзати комилан илмӣ ба вуҷуд биёварад ва ё баръакс, бо бетарафӣ ва сукут эътиқод ба нафси аҳли эътиқодро қавитар гардонад.

Дар фаҳмиши имрӯзаи мо дар мавриди донишманд фаҳмиши хато ҳукмрон аст, яъне ҳар касе, ки дар донишкада, донишгоҳ, пажӯҳишгоҳ ва ё дигар муассисаи илмӣ фаъолият нишон медиҳад, донишманд ё олим муаррифӣ мегардад. Ин фаҳмиши омиёна аст. На муассисаи илмӣ ва на дониш дар бораи шохаҳои гуногуни илм, балки вуҷуди ҳар инсон муайянкунандаи донишмандии ӯ мебошад. Як донишманд ва як инсони мазҳабӣ замоне, ки дар бораи ҷаҳон сухан мегӯянд, ин як чиз нест. Ҷаҳони ин ду ба куллӣ аз ҳамдигар фарқ дорад. Масалан, метавон дар асоси дастовардҳои тозатарин дар бораи нанотехнология дар донишгоҳ лексия хонд, аммо бо як биниши омиёнаи мазҳабӣ зиндагӣ кард ва ҷаҳонро шинохт. Вуҷуди донишмандро он тасаввурот, яқинҳо, шакҳо ва тахмину эҳтимолҳое ташкил медиҳанд, ки маҳсули дастовардҳо ва масъалагузориҳою ояндабиниҳои то он лаҳза аз ҷониби ҳама қабулгардида ва матраҳи  илми табииёт ташкил медиҳад. Дар баробари он як рӯҳонӣ низ бо ҷаҳон дар алоқамандӣ қарор дорад ва асоси биниши ӯро он догмаҳое ташкил медиҳанд, ки танҳо бар асоси эътиқоди инсонҳо пойдор мебошанд. Онҳоро наметавон ҳатто аз ҷиҳати наздикӣ ва шабоҳат дар наздикии ҳамдигар қарор дод. Як  эътиқодманд дар ин мавридҳо ҳамеша аз бурҳони қотее баҳраманд аст, яъне ӯ мегӯяд, ки ҳама гуна дастовардҳои илми физика ҳатто навтаринашон аллакай дар Китоби Муқаддас оварда шудааст. Вақте ки донишманд ин бовариҳоро қабул менамояд, аллакай ӯ дорои ҷаҳони илмии худ нест. Илм бо дидан, таҷриба кардан ва ба ҳар чизи таҷрибашуда такя мекунад, мазҳаб бошад, ба эътиқод. Вақте донишманд хоста — нохоста ба эътиқод мегаравад, ин маънии маҳрум гардидани ӯ аз чашм ва ҳамин гуна бо такя ба гӯш ва шунавидан зиндагӣ кардани ӯро дорад.

Сиришти илмии донишманди замони мо ба худии худ пойбарҷо мебошад, аммо сиришти анъанавии пешазисломии ӯ, пеш аз ҳама, бо ахлоқ ва арзишҳои ахлоқӣ тавъам мебошад. Ҳар як мазҳаб таълимоти худро дар асоси айният додани худ бо арзишҳои ахлоқӣ тақвият медиҳад ва ҳар як донишманд маҳз дар ҳамин нуқта ғофилгир мегардад. Зеро сарфи назар аз ақли комил бархӯрдор будан ӯ тасаввур мекунад, ки ба мавъизаҳои ахлоқӣ ниёз дорад ва уқдаи худкамбинӣ ӯро водор месозад, ки ба илми худ бепарвоёна муносибат намояд ва дар хидмати мазҳабиҳо қарор гирад. Аз рӯи таҷрибаи ҳазорсола метавон гуфт, ки ҳанӯз мазҳабиҳои мо натавонистаанд, ки ба илм ва аҳли илм асилона эҳтиром қоил гарданд ва донишмандони мо низ натавонистаанд, ки аз ақидаи худкамбинӣ раҳо гарданд ва раванди худкифои сирф илмиро ба вуҷуд биёваранд ва аз зовияи ноби худ ба ҷаҳон назар андозанд ва ё ҷаҳони худро ба вуҷуд биёваранд.

Хулосаи умумии мо ин аст, ки системаи илм ва маорифи мо дар ҳолати хуб қарор надорад, омилҳои асосан инсонии хатарофар, ки аксар вақт нодида гирифта мешаванд, аз ҷиҳатҳои бемасъулиятӣ, ноогоҳӣ роҳро ба ҳар як шикаст ва ё моҳиятан тағйир ёфтани тасаввурот дар бораи илм фароҳам месозанд.

Роҳи ягонаи наҷот ин бедор кардани рӯҳияи илмии донишмандон, ба вуҷуд овардани ҷаҳони илмӣ аст. Мавҷуд будани танҳо Вазорати маориф ва илм, донишгоҳҳо ё Академияи илмҳо маънии вуҷуд доштани ҷаҳони илмиро надорад. Ҷаҳони илмӣ ҳамон вақт ба вуҷуд меояд, ки мафҳумҳо ва масъалаҳо ва проблемаҳои соҳаҳои гуногуни илм зинда гарданд, садо диҳанд ва намояндагони ҳар як соҳаи илм пайваста семинару конференсияҳои маҳдуд ва камхарҷ ташкил намоянд. Ҳатман маҷалла ва рӯзномаҳои илмии гуногун ташкил карда шаванд, ки хусусияти илмӣ — оммавӣ дошта бошанд. Дар шабакаҳои телевизион барномаҳои илмӣ, ки тавонанд набзи илми ватанӣ ва ҷаҳониро бозгӯ намояд, ташкил карда шавад ва хубтар мешуд агар шабакаи алоҳидаи илмӣ ташкил карда шавад. Тарҷумаи дастовардҳои пешрафтаи илмӣ дар ҳамаи соҳаҳо ба роҳ монда шавад, то ки пайванди илми ватанӣ ва пешрафтаи ҷаҳонӣ таъмин гардад ва илми ватанӣ дар гӯшае қарор нагирад.

Њанӯз илми мо ҳамон «чиз дар худ» — ро мемонад, ки касе роҳ ба шинохти он бурда наметавонад. Танҳо дар бархӯрд, муқоиса ва истиқбол аз илми ҷаҳонӣ ҷавҳари илми ватанӣ ошкор мегардад. Дигар марҳалаи бо овардани омор дар бораи мақолаҳои илмӣ ва   миқдори рисолаҳо мавҷудияти пешрафт дар соҳаи илмро бояд хотима дод ва ба ҷойи он гузариш ба сифатнокии рисолаҳо ва маводҳои илмиро таъмин намуд.

Мо бовар дорем, ки бо шинохти воқеият дар бораи илми ватанӣ ва хатари ноаёне, ки онро фаро гирифтааст, имкони ҳифзи асолати он муяссар мегардад.

Нурудин ШАҲОБУДИНОВ,

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон