Мушкилот ва пешниҳод

Булбулхола

№87 (3881) 17.07.2018

 Дар барои тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Чанде пеш ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», банди номгузорӣ, тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки он риояи фарҳанги номгузориро тақозо мекунад. Дар замони шӯравӣ, агар аз як тараф, бо номгузориҳои тасодуфӣ фарҳанги онро риоя накарда бошем, аз ҷониби дигар, ба «шарофат»-и шахсони шаҳодатноманавис, ки аксар рус ё русзабон буданд, ба хатоҳои дағал роҳ дода шуданд.

Номҳои тасодуфӣ

Соли 1991 шарикдарсам дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Шералӣ Одинаев, аз деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, маро ба меҳмонӣ даъват кард. Бародараш Нуралӣ фарзанддор шуда буд. Чун номашро пурсидам, гуфт: «Ҷангихон». Ҳайратомез сабаб пурсидам.

- Падару модараш байни худ бисёр ҷангу хархаша доштанду арӯс қаҳрӣ шуда, зуд-зуд ба хонаи падар мерафт. Инро дар назар ­дошта, номашро бо номи бародари хурдиамон, ки Ҷумъахон аст, ҳамоҳанг шавад гуфта, Ҷангихон мондем, — гуфт

Дар вилояти Суғд низ ин гуна ҳодисаҳо ба назар мерасанд. Зани 84 — сола, ҳаммаҳаллаамон, ки ҳама он касро «Булбулхола» мегуфтанд, чанде пеш аз олам гузаштанд. Чун аз бародарзодаашон Шариф Азизов сабаби чунин лақаб доштани модарро пурсидам, гуфт:

- Аммаи моро Булбул лақаб не, балки номашон аст…

 Бемасъулиятӣ ҳангоми навиштани шаҳодатномаи таваллуд

Дар деҳоти «Ёва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуқаҳҳор Хилватов ном пирамарди 88 — сола умр ба сар мебарад. Ӯ чӣ тавр аз беаҳамиятии масъулони шаҳодатноманавис насаби сохта гирифтани авлодашро нақл кард:

- Солҳои пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Барои шаҳодатномагирӣ ба идораи ҷамоати деҳа омадам. Ҳуҷҷатгузор зани рус буд. Вақте ба забони русӣ насабамро пурсид, ман нафаҳмидам. Бо азобе макони зистамро пурсид. Гуфтам, ки аз деҳаи Хилватқӯрғонам. Вақте шаҳодатномаи таваллудро гирифта хондам, ба ҷойи насаб Хилватов навиштааст.

Насаби муҳаррири телевизиони маҳаллии «Азия»-и шаҳри Хуҷанд Афзал Бобосолиев низ аз беаҳамиятии масъулони идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Босолиев шудааст.

Имрӯз дар вилояти Суғд чунин насабҳо, ба монанди Шарипов (ба ҷойи Шарифов), Нагманов (ба ҷойи Нӯъмонов), Тюраев (ба ҷойи Тӯраев), Раупов (ба ҷои Рауфов), Ахмедов (ба ҷойи Аҳмадов), Мамаджанов (ба ҷойи Муҳаммадҷонов), Агзамов (ба ҷойи Аъзамов)-ро зиёд дучор меоем.

 ЗОДРӮЗИ ТАХМИНӢ

Синни мубораки қиблагоҳам ба 82 мерасад. Чӣ тавр шаҳодатномаи таваллуд гирифтанро ба ман ин тавр нақл карданд:

- Соли 1947 ману ҳамсолонам Дадоҷону Сулаймонхоҷаро модарам барои гирифтани шаҳодатнома ба идораи Шӯро бурданд. Аз он ки ҳар се дар хона таваллуд шуда будем, ягон қайди расмӣ набуд ва тибқи қоидаи солҳои баъдиҷангӣ чандсола будани бачаҳоро духтурон аз қадубаст, шумораи дандонҳо ва тағйирот дар узвҳои ҷинсӣ муайян мекарданд. Ба дармонгоҳи вилоятӣ (собиқ бинои диспансери касалиҳои пӯсти вилоят) омадем, ки дар шафати қалъаи Хуҷанд воқеъ буд. Духтури яҳудӣ дағалона аз модарам пурсид:

- Ин се бачаро кай таваллуд карда будӣ?

Модарам дасту по нахӯрда, ба духтур чунин ҷавоб доданд:

- Аз ин се нафар якеаш фарзанди ман асту дуи дигараш ҷӯраҳои писарам. Ҳамаашон дар соли бақар таваллуд шудагӣ. Писари ман сари сол, Дадоҷон нимаи аввали сол ва Сулаймонхӯҷа охири сол.

Духтур қади маро чен карду дандонҳоямро шумурд ва баъд дар маълумотнома навишт, ки Мақсудов Мирзоаҳад 12 январи соли 1937 таваллуд шудааст. Соли таваллуди ҳамсолонамро тахминан муайян намуд. Санаи таваллуди Дадоҷонро 8 июни соли 1937 ва Сулаймонхоҷаро 23 декабри соли 1937 навишт.

 Саҳлангорӣ дар номгузорӣ

Даврони соҳибистиқлолии кишвар барои гузоштани номҳои замонавӣ роҳи васеъ кушод. Вале мо чунон «замонавӣ» шудаем, ки тахаллусро ба ном табдил медиҳем. Масалан, Фирдавсӣ, Шукӯҳӣ, Фарзона ва Шоира. Дуруст аст, ки падар ё модар бо орзуву ҳавас ба ҷигарбандон номи бузургонро мегузоранд. Аммо танҳо бо гирифтани номи онҳо дар зиндагӣ муваффақ шудан ғайриимкон аст. Сониян кам нестанд ашхосе, ки номи бузургеро ба худ гирифта, дар зиндагӣ ба роҳи хато рафтаанд.

То он даме ки давлат зимоми мутаассибони диниро накашид, «арабикунонӣ»-и ном авҷ гирифта буд. Дар маҳаллае, ки истиқомат мекунам дар ҳар ҳавлӣ номҳои Оишаву Сумайяро дучор омадан мумкин аст.

Чанде пеш дар чойхонаи ҳамсоямаҳалла бо Ӯктам ном шахси маъюбе вохӯрдам. Фаҳмидам, ки чанд сол муқаддам, баъди аз нардбон афтода маъюб шуданаш, як гӯсфанди фарбеҳу дунбакалонро забҳ карда, ба аҳли маҳалла зиёфат додааст ва эълон намудааст, ки минбаъд номи ӯ Ӯктам неву Абдураҳмон аст. Ӯ арза дошт:

ӯ гуфт, ки дар хурдсолӣ модаркалонам гаштаю баргашта таъкид мекарданд, ки номам безеб аст ва онро бояд дигар кард. Аммо вай ба орзуяш нарасида, аз дунё рафт ва ман орзуи модаркалонро амалӣ гардонидам.

Ба вуҷуди ин атрофиён ҳамоно бо номи куҳнааш ӯро садо мекарданд. Ҳастанд одамоне, ки аз номҳои замонавӣ даст кашида, бо додани зиёфат номи арабӣ гирифта буданд. Нафаре аз онҳо Шералӣ буд. 10 сол муқаддам ӯ барои аҳли маҳалла зиёфат ороста, номашро Абдуллоҳ монд. Ба ӯ бо номи наваш танҳо волидонаш муроҷиат мекунанд, аммо барои атрофиён вай Шералӣ боқӣ монд.

 Андешаҳо перомуни дастурномаи нави номгузорӣ

Баъди ба тасвиб расидани дастурнома оид ба номгузорӣ соҳиби ду набера шудам. Дар мақомоти шаҳодатномадиҳии шаҳр ба ман тавсияномаро пешниҳод карда гуфтанд, ки ном бояд тибқи дастурнома бошад. Бо маслиҳат набераро Эҳсон ном гузош­тем. Ба онҳо гуфтам, ки номи набераамонро мехоҳем Мақсудзода Эҳсони Баҳром гузорем. Масъулон розӣ нашуда гуфтанд, ки аз номи Эҳсон бандаки изофии «и» ихтисор мешавад. Ҳарчанд ба онҳо фаҳмонидам, ки бандаки изофии «и» зараре надорад, балки фарзанди падараш Баҳром будани набераамонро дақиқ ифода мекунад, масъулони шаҳодатномадиҳӣ ба ин розӣ нашуданд. Ноилоҷ тибқи гуфтаи онҳо дар шаҳодатнома Мирзобаҳромзода Илҳом навишта шуд.

То кунун чунин номгузориҳоро дучор омадан мумкин аст, ки ду ном паи ҳам омадаанд. Шояд роҷеъ ба ин масъалаҳо масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати кишвар фикрашонро баён мекунанд…

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»