Булункӯл мавзеи зархез хоҳад шуд

№89 (3883) 21.07.2018

ввввДастӣ пошидани нуриҳои маъданӣ  ва кишти картошка дар майдони 0.5 га.

Деҳаи Булункӯли деҳоти «Аличур» — и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон дар баландии 3750 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз хунуктарин минтақаҳои аҳолинишин ба шумор меравад. Дар он ҷо 62 хонавода ба сар бурда, шуғли асосии онҳо чорводориву моҳипарварӣ мебошад. Дар деҳа имкони дар оянда истеҳсол намудани хӯроки чорво ва картошка фароҳам аст, чунки бештар аз 500 га замини корами обӣ мавҷуд аст. Вале, бинобар бо техникаи кишоварзӣ таъмин набудан, нарасидани қувваи корӣ, неруи барқ, набудани алоқаи телефонӣ ва дигар омилҳо ин масоҳат самаранок истифода намешавад.

Як гурӯҳ олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани кишти таҷрибавии зироатҳои кишоварзӣ ба ноҳияи Мурғоб сафарбар шуда, охирҳои моҳи майи соли равон дар деҳаи зикршуда бори аввал дар 0,5 га картошка (15 навъ) ва 15 га зироатҳои хӯроки чорво, аз қабили ҷав, ҷавдор, мошак, юнучқа, қатраборон ва ғайраро кишт намуданд.

Мутмаинем, ки дар сурати сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст хоҳад омад.

 Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон