Бунёди корхонаҳо ба хотири татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ

№151 (4257) 16.12.2020

Дар ноҳияи Дарвоз соли ҷорӣ чанд корхонаву коргоҳи нав таъсис ёфт, ки барои татбиқи чорумин ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат қадами устувор ба ҳисоб меравад.

Чунончӣ, дар деҳоти «Сағирдашт» корхонаи коркарди тилло, шаҳраки Қалъаихумб — иншооти коркарди сангҳои қиматбаҳо, мавзеи Умарак — корхонаи калони дӯзандагӣ, заргарӣ ва қолинбофии «Меҳри модар», деҳаи Дуробак — корхонаи коркарди асал ва мева бунёд гашта, фаъолияти пурсамар доранд. Корхонаи «Карон-колсид»-и мавзеи Вишхарв, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон августи соли 2020 мавриди истифода қарор гирифт, низ рӯз аз рӯз шуҳратёр мегардад. Аз маҳсулоти он дар сохтмонҳои шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар ва дигар манотиқи кишвар васеъ истифода мешавад. Бо бунёди ин коргоҳҳои саноатӣ даҳҳо нафар сокини ноҳия, хусусан ҷавонон, соҳиби ҷои кор гаштанд.

Дар ноҳияи Ванҷ низ бунёди корхонаҳои саноатӣ бомаром идома дошта, тайи солҳои охир корхонаҳои истеҳсоли санги мармар ва дигар маъданҳои қиматбаҳо дар мавзеъҳои Даштаку Поимазор, инчунин корхонаҳои истеҳсоли асфалту шағал, хишти пухта ва семент, коркарди чӯбу тахта таъсис ёфтанд. Илова бар ин, соли ҷорӣ дар ноҳия бо дастгирии соҳибкорон ду корхонаи истеҳсолӣ ва як маркази хизмат­расонӣ барои сайёҳон мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 15 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»