Бунёдкорию созандагӣ Рашти куҳанро ҳусни нав мебахшад

№153 (4003) 21.12.2019

DSC_2207Дар ноҳияи Рашт бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар авҷ аст. Чанде пеш 10 иншооти таъиноти гуногун ба истифода супорида шуд.

Аз ҷумла, даҳ синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и деҳаи Тагобаи деҳоти «Тагоба» аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и деҳаи Шаҳрисабзи деҳоти ба номи Нусратулло Махсум аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и деҳаи Қазноқи деҳоти ба номи Нусратулло Махсум аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 145 ҳазор сомонӣ, бунгоҳи DSC_2189тиббӣ дар деҳаи Амирбеки деҳоти «Қалъаи сурх» аз тарафи соҳибкорон бо кумаки аҳолӣ, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Варзигони деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода аз тарафи соҳибкорон бо кумаки аҳолӣ, се хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои маъюб дар шаҳраки Навобод ва деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода аз тарафи соҳибкори саховатпеша Муҳиб Бобоҷонов, майдончаи варзишӣ дар кӯчаи ба номи Эмом Муҳиддинови шаҳраки Ғарм аз тарафи Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шулонаки деҳоти «Қалъаи сурх» аз тарафи соҳибкорон бо кумаки аҳолӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Нақшаи чорабиниҳои ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягардида аз 274 банд иборат мебошад, ки 19 банди он ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, 255 банд ба бунёди иншооти гуногун равона гардидааст. То ҳол аз он ҳисоб 148 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Бунёди 54 иншооти дигар идома дорад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»