Чӣ тавр ба тағйирёбии иқлим бояд мутобиқ шуд?

№150 (3787) 19.12.2017

018Чанд соли охир проблемаи тағйирёбии иқлим дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ки нишонаҳои онро дар Тоҷикистон низ мушоҳида мекунем. Чунончӣ, соли равон баҳор дар аксар  минтақаҳои ҷумҳурӣ дер фаро расид. Баъдан, аз даҳаи охири моҳи апрел  боронгарӣ кам шуда, тобистон аз меъёр зиёд гарм омад. Фасли тирамоҳ низ ҳаво хушку  камбориш буд.

Бисту шашуми ноябр дар водии Ҳисор борони сахту жола борид, ки барои фасли тирамоҳ ғайричашмдошт аст. Тағйирёбии обу ҳаво ба ҳосили зироат низ бетаъсир намемонад. Масалан, соли 2015 бинобар нисбатан муътадил омадани обу ҳаво ҳосили помидор хуб шуда, як килои он дар бозор то ба 70- 80 дирам расид. Соли 2016 ҳарчанд баҳор як моҳ барвақттар фаро расида бошад ҳам, нархи 1 кило помидор дар фасли тобистон 3- 4 сомонӣ буд.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Иззатулло Сатторӣ дар нишасти матбуотӣ сабаби камшавии ҳосили помидорро дар гарм омадани ҳавои зимистон ва зиёд шудани куяи помидор (як намуди зараррасони сабзавот) номид. Аввали соли 2017 зимистон сард омад, ки ин боиси қисман нест шудани зараррасонҳои сабзавот гардид. Дар натиҷа, соли ҷорӣ ҳосили помидор хуб шуд. Солҳои охир дар натиҷаи гармшавии иқлим ва кам боридани борон дар Тоҷикистон фасли тобистон зуд- зуд  хокбориш мешавад. Беморони гирифтори касалии роҳҳои нафас, дилу раг ва фишорбаландӣ худро бад ҳис мекунанд. Хокбориш ба нашъунамои помидору бодиринг, полезиҳо ва сифати меваю ангур низ таъсири манфӣ мерасонад.

- Таъсири тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон равшан мушоҳида мегардад. Зуд — зуд ба амал омадани офатҳои табиӣ, босуръат обшавии пиряхҳо боиси  таназзули экосистемаҳои обӣ ва обхезӣ гашта,   хушксолӣ ва зуҳуроти фалокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфӣ ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои обию энергетикӣ ва солимии аҳолӣ расонида истодааст,  — мегӯяд номзади  илмҳои  биология,  дотсент А. Каримов

Дар зарфи 50 соли охир аз сабаби тағйирёбии глобалии иқлим обшавии пирях­ҳо мушоҳида мешавад. Обшавии пиряхҳо ба сатҳи дарёҳое, ки қисми зиёди обро аз пирях мегиранд, таъсир мегузорад. Дар сурати 2 дараҷа гармшавии иқлим эҳтимол  масоҳати пиряхҳои мамлакат бештар аз 20 фоиз коҳиш ёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябри соли 2015 зимни иштирок дар Конвенсияи тағйирёбии иқлим дар шаҳри Париж чунин изҳор намуданд: «Аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба  нобудӣ расидааст».

Омилҳои гармшавии иқлим кадомҳоянд? Дар китоби «Муҳити зист барои наслҳои оянда» навишта шудааст: «Гармшавии иқлим дар Замин аз он сабаб ба вуҷуд меояд, ки атмосфера нурҳои гармиро фурӯ мебарад ва ба фазои  коинот баргашта рафтани гармӣ аз сабаби ҷамъшавии газҳои гармхонаӣ душвор мегардад. Дар зиёд шудани  эффекти парникӣ гази карбонат, ки он аз ҳисоби фаъолияти истеҳсолии одам дар атмосфера торафт зиёд мегардад, саҳми калон мегузорад».

- Яке аз ифлоскунандаҳои асосии ҳаво оксиди нитроген мебошад, — мегӯяд доктори илмҳои химия Шамс Назаров. — Он бештар дар газҳои ихроҷнамудаи нақлиёт ба мушоҳида мерасад. Оксиди карбон аз ҳисоби пурра  насӯхтани сӯзишворӣ ба фазо хориҷ мешавад. Ғайр аз ин, гази метан боиси гарм­шавии ҳаво мегардад, ки он дар натиҷаи чорводорӣ ва фаъолияти баъзе аз бахшҳои саноат ба фазо партоб мешавад. Газҳои парникӣ ба ҳаво ихроҷ шуда, пардаеро ба вуҷуд меоранд, ки он гармии аз замин ба боло мерафтаро нигоҳ медорад. Инро «эффекти парникӣ» мегӯянд.

Ба гуфти Шамс Назаров, дар пешгирии афзоиши миқдори гази карбонат нақши ҷангал ва боғу токзор зиёд аст.

- Як дарахт соле ба ҳисоби миёна  6 кило гази карбонатро  фурӯ мебарад. Ин дар 40 сол қариб ба 250 кило мерасад. Аз рӯи ҳисоби олимон, як гектар ҷангал соле то 40 тонна оксиген ихроҷ намуда, 4,6- 6,5 тонна гази карбонат­ро фурӯ мебарад, — мегӯяд номбурда.

Боиси хушнудист, ки майдони боғу токзор дар ҷумҳурӣ торафт меафзоянд. Чунончӣ, соли 1991 майдони боғу токзор дар Тоҷикистон 118000 гектарро ташкил медод. Соли 2010 ин рақам ба 128000 гектар расид.

- Агар дар заминҳои нишебиашон зиёд бо усули зинабоғ (террас) ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шавад, майдони боғу токзорро дар ҷумҳурӣ то ба 1 миллион гектар  расонидан мумкин аст, — мегӯяд мутахассиси пешбари Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ Фаррух Абдувосиев. – Дар сурати бо ин мақсад аз худ кардани 500 000 гектар замини лалмии доманакӯҳ истеҳсоли солонаи мева дар Тоҷикис­тон ба 3,5 миллион тонна мерасад. Дар баробари гирифтани меваю ангур, фазои кишвар аз гарду ғубор ва миқдори зиёди гази карбонат тоза мешавад.

Дар сурати гарму камбориш омадани ҳаво талабот ба обёрӣ низ меафзояд. Аз ин рӯ, тағйирёбии иқлим  ба реҷаи обёрии зироат таъсири ҷиддӣ мерасонад. Фориғболӣ дар ин самт  метавонад боиси талафёбии ҳосил гардад. Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим маҳсуб меёбад, зеро 97 дарсади истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Онҳо ба хазинаи об, яъне пиряхҳо вобастагӣ доранд. Босуръат обшавии пиряхҳо оянда боиси  камобии дарёҳо шуда, ба фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ таъсири манфӣ  мерасонанд.

Бо мақсади паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Климадапт» амал мекунад, ки ба гуфти роҳбари лоиҳаи мазкур  Ғайрат Шалабай, барои  маблағгузории технологияҳои инноватсионӣ баҳри тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад. Ин самти фаъолият ба сохтори хусусӣ имконият медиҳад, ки аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин ва захираҳои обию энергетикӣ ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шавад. Механизми маблағгузории лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (ЕБРР), Фонди сармоягузорӣ оид ба иқлим (ИФК) ва Ҳукумати Шоҳигарии Британия (UKaid) таҳия шудааст. Лоиҳа бо ёрии институтҳои молиявӣ, ба монанди бонкҳои «Эсхата», «Ҳумо», «Имон» ва «Арванд» амалӣ мешавад.

Чунончӣ, оилаи Қосимовҳо аз ноҳияи Вахш дар доираи лоиҳаи «Климадапт» 900 доллари амрикоӣ қарз гирифта, зарфи 9000 — литра хариданд. Дар ин минтақаи камоб доштани чунин зарф хеле муҳим буда, оби боронро, ки дар он ҷамъ мешавад, барои зарфшӯӣ, ҷомашӯӣ ва истеъмоли чорво  истифода мебаранд.

Сокини шаҳри Ҳисор Мақсадулло бошад, барои нигоҳ доштани ҳосили як қисми токзори 4 гектарааш  тавассути  лоиҳаи «Климадапт» сардхона бунёд кард. Он ангурро то 4 моҳ тавре нигоҳ медорад, ки  сифаташро гум намекунад. Сардхона метавонад дар як вақт 75 тонна ангурро ҷой диҳад. Маблағи сармоягузоришуда 31800 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Соҳибкор аз рӯи ҳисоби пешакӣ метавонад  дар як сол 27800 доллар фоида гирад. Муҳлати пӯшонидани хароҷот 14 моҳ аст.

Сокини ноҳияи Вахш Маллаев қарор дод, ки  бо истифода аз лоиҳаи «Климадапт» гармхонаи замонавӣ созад. Ӯ бо сарфи 4300 доллари ИМА гармхонаи бо таҷҳизоти обёрии қатравӣ муҷаҳҳазро бунёд кард. Маллаев мақсад дорад, ки  ин мавсим аз гарм­хонааш 25 тонна  помидор рӯёнад.

ҶДММ «Умедҷон» дар вилояти Суғд таҷрибаи 15 -солаи истеҳсоли равған дорад. Ҳар сол дар  корхона ба ҳисоби миёна 2500 тонна равған истеҳсол мешуд. Роҳбарияти корхона тасмим гирифт, ки ба ҷои идораи дастӣ таҷҳизоти  автоматикӣ насб кунад. Тибқи лоиҳаи «Климадапт», роҳбарияти ширкат бо қарз гирифтани 5900 доллари ИМА таҷҳизоти наву замонавӣ насб кард, ки хеле  каммасраф аст. Муҳлати пӯшонидани хароҷот 2,5 сол мебошад.

Ба гуфти Ғайрат Шалабай, беш аз 59 фоизи қарзгирандагон дар деҳа зиндагӣ мекунанд ва 29 дарсадашро занон ташкил медиҳанд.

 Сайфиддин СУННАТӢ,   

«Садои мардум»