Чӣ тавр Ҳиндустон ба самти иқтисодиёти рақамӣ қадам гузошт?

№10 (3804) 25.01.2018

экономика2Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон 8 ноябри соли 2016 ба иқдоме даст зад, ки қаблан ягон мамлакат онро анҷом надода буд. Он аз муомилот гирифтани 86 дарсади пули нақд аст. Дар сабук кардани шиддати муомилоти молиявию пулӣ зиёда аз 1 миллиард нафар ширкат варзиданд. Вақте қарор дар бораи аз муомилот гирифтани миқдори  муайяни пули нақд баромад, баъзеҳо онро ақибравии иқтисодиёт ва қисме фурсати вопасин дар роҳи гузаштан ба иқтисоди рақамии Ҳиндустон мепиндоштанд. Ҳаёт нишон дод, ки қарори мазкур дурусту саривақтӣ буда, мамлакат ба самти иқтисоди рақамӣ қадамҳои  боэътимод гузошт.

Барои муқоиса системаи пардохти давлатии соли 2016- ро мисол меорем. Моҳи октябри соли 2016, яъне то «демонизатсияи ногаҳонӣ» системаи пардохти давлатӣ 100 000 трансаксияро коркард менамуд. Пас аз як сол, баъди демонизатсия (ғайринақдикунонӣ) ҳамон система дар як моҳ 76 миллион трансаксияро коркард намуд. Акнун иқтисодиёти мамлакат нисбат ба давраи то демонизатсия бо 45 миллиард доллар камтар пули нақд фаъолият карда истодааст. Дар баробари ин, инфрасохтори  индустрияи рақамӣ бо технологияи инноватсионӣ дар ин раванд  нақши муҳим бозиданд.

Демонизатсия ягона иқдоми иқтисодии пурсарусадои Ҳукумати Ҳиндустон нест. Дар ин кишвари демократии ҷаҳон ҳукумати мамлакат чанде пеш ба бузургтарин ислоҳоти андоз иқдом намуд. Ба ҷои 17 намуди андоз андози ягона аз молу хизматрасонӣ (GST) муқаррар шуд. Он  низ дар оғоз мавриди танқид қарор гирифт, вале вақт дурустии сиёсати пешгирифтаро нишон дод. Танҳо дар нахустин моҳи ҷорикунии андози ягона 1 миллион нафар аз қайд гузаштанд. Дар ҳафтаҳои аввал шаффофияти система ва  дастрасӣ ба он аён гашта, манбаъҳои нави қарздиҳӣ ба  корхонаҳои хурду  миёна ифшо шуданд. Ҳар як навоварӣ баъзан бо мушкилӣ мувоҷеҳ мешавад, вале раванди такмили кодекси андоз баъди чанд даҳсола дар Ҳиндустон бомуваффақият идома дорад.

Гузариш ба андози ягона (GST) стратегияи  дарозмуддат мебошад. Ҳарчанд баъди демонизатсия якбора афзоиш ёфтани хизматрасонии рақамии молиявӣ ва пас аз ислоҳоти андоз зиёд шудани қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурд ва миёна барои нозирони беруна ногаҳонӣ бошад ҳам, барои Ҳукумати Ҳиндустон он натиҷаҳо ғайричашмдошт набуд. Ин сиёсат бо мақсади фаъолсозии инфрасохтори рақамӣ тарҳрезӣ шуда, «India Stack» ном дорад. Дар олами таъминоти барномавӣ «стек» ба чанд хизматрасонии барномавии ба ҳам вобаста мутааллиқ аст. Стеки ҳиндустонӣ якчанд сатҳ дорад, ки он бо категорияҳои гуногуни хизматрасонии давлатӣ муайян мешавад. Асоси стеки ҳиндустониро «Aadhaar» ташкил медиҳад.

Аз низомҳое, ки мизоҷонашон аз 1 миллиард нафар гузаштаанд, Facebook ва Google амрикоианд. Aadhaar системаи ҳиндустонӣ буда, маънояш «асос» ё «база» аст. Ҳоло Aadhaar ягона шабакаи техникии глобалии ғайриамрикоие мебошад, ки теъдоди муштариёнаш аз 1 миллиард  нафар зиёд аст. Илова бар ин, ягона низомест, ки онро сохтори давлатӣ таъсис додааст.

Ҳиндустон Aadhaar- ро соли 2009 бо ҳадафи ба ҳар ҳиндустонӣ додани рақами ягонаи идентификатсионӣ ба шакли биометрии 12 — рақама ба кор даровард.

Низоми мазкур беҳтарин технологияҳоро дар ин самт муттаҳид карда, рақами нодири иттилооти биометрии муроҷиаткунандаро бо ҳифз намудани изи  ангуштон дар хотира нигоҳ медорад. Дар 5 соли аввали бақайдгирии низоми Aadhaar зиёда аз 600 миллион нафар ихтиёрӣ ба он номнавис шуда, соҳиби рақамҳои UID гаштанд. Аммо дар он замон рақамҳои бонкӣ ва системаи пардохт ҳанӯз коғазӣ буда, усулҳои нисбатан душвори санҷиши дониши мизоҷон амал мекард. Ин боис гардид, ки бисёр шахсон дар Ҳиндустон аз даст­расӣ ба афзалиятҳои фаъолияти бонкӣ дар канор монанд.

Вақте Нарендра Моди соли 2014 Сарвазири Ҳиндустон интихоб шуд, трансформатсияи рақамиро меҳвари нақша қарор дод. Бо ин сабаб ӯ на танҳо низоми Ҳукумати қаблӣ тарҳрезикардаро  дастгирӣ намуд, балки маблағгузории онро зиёд карда, доираи фарогирашро васеъ ва таъсири онро қавӣ гардонид.

28 августи соли 2017 амалишавии барномаи нави молиявӣ зери унвони «Jan Dhan» оғоз ёфт. Дар рӯзи аввали амалишавии он ҳукумати кишвар 10 миллион  ҳисоби бонкӣ кушод. Бо мақсади ҳавасмандкунии аҳолӣ ба низоми миллии бонкӣ баробари сабти ройгон, тибқи барномаи «Jan Dhan» ҳар мизоҷ ба андозаи 100000 рупия (1500 доллари ИМА) суғурта шуда, маблағи «овердрафт» ба андозаи 5000 рупия (80 доллари ИМА) ба ном  гузаронида мешавад. Дар натиҷа, то кунун беш аз 300 миллион ҳисоби нави бонкӣ таъсис ёфт.

Мавҷуд будани рақами санҷидашудаи идентификатсионии биометрӣ ва ҳисоби бонкӣ  боиси фароҳам омадани  хизматрасонии нав гашт, ки он «пардохти мобилӣ» ном дорад.

Дар гузашта фаразан барои гирифтани кумакпулӣ зани камбизоати деҳотие, ки духтаронашро ба мактаб мегузошт, вақти зиёдеро сарф менамуд. Барои гирифтани чек аввал ба идораи  давлатӣ рафта, соатҳо навбат мепоид. Чекро гирифта, барои маблағи нақдиро гирифтан ба бонк мерафт. Барои ин чанд рӯз сарф мешуд. Дар натиҷа, ба ҷойи 2000 рупияи  пешбинишуда, бинобар сарфи роҳпулию дигар хароҷот 1400 рупия ба дасташ мемонд. Ҳоло бошад, бо истифода аз рақами хусусии дар Aadhaar мавҷудбуда тавассути планшет ё смартфон гузаштани маблағро бе ягон такудав муайян кардан мумкин аст. Ба телефони ҳамроҳ дар муддати аз 24 то 48 соат паёмак меояд, ки кумакпулӣ ба андозаи 2000 рупия ба ҳисоби бонкӣ гузаштааст.

Тавассути Aadhaar имрӯз ба ҳисоби бонкии зиёда аз 25 миллион нафар кумакпулӣ барои ғизотайёркунӣ интиқол меёбад. То чопи мақола 1 миллиарду 180 миллион нафар ихтиёриёни аз системаи Aadhaar истифодабаранда ба қайд гирифта шуданд.

Идентификатори Aadhaar дар ҷомеаи Ҳиндустон барои огоҳишавӣ аз  ҳисоботи бонкӣ, дастрасӣ ба SIM – карта ва пардохти андоз зарур аст, ҳамчуноне ки дар ИМА шаҳодатномаи ронандагӣ ва ё дигар идентификатори давлатӣ талаб карда мешавад. Стеки Ҳиндустон на уҳдадории техникӣ барои пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, балки чун  инфрасохтори нави иҷтимоӣ, ки метавонад устувории ҷомеаи Ҳиндустонро баланд бардошта, ба  иқтисодиёти рақамии асри XXI ворид созад, арзёбӣ мешавад. Имрӯз ҳар як ҳиндус­тонӣ метавонад бо истифода аз телефони муқаррарӣ ё смартфон ба  хизматрасонии бонкӣ дастрасӣ пайдо намуда, аз хизматрасонии  пардохти рақамӣ истифода барад.

Дар Ҳиндустон ҳар сол шумораи истифодабарандагони  смартфон 110 миллион нафар зиёд мешавад. Ҳоло мамлакат дар остонаи истеҳсоли таҷҳизоти  биометрии Aadhaar — и бо телефон ва ё смартфон пайвастшуда қарор дорад. Ҳамин тавр, Ҳиндустон ба оянда бо суръати баланд пеш меравад ва роҳе, ки барои расидан ба ҳадаф пеш гирифтааст, иқтисодиёти рақамӣ мебошад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»