Ба мо муроҷиат мекунанд

Чӣ тавр метавон ба хориҷа бор интиқол дод?

№111 (3748) 19.09.2017

800px-La_BoqueriaБа тиҷорат машғулам ва мехоҳам баъзе маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла чиниворӣ, доруворӣ, меваю сабзавотро ба Федератсияи Россия интиқол диҳам. Мехос­там фаҳмам, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ширкат ва ё муассисаҳое мавҷуданд, ки барои аз тариқи нақлиёт интиқол додани молу мавод бо онҳо ҳамкорӣ намоем?

Бо эҳтиром Фирдавс Қаландаров, соҳибкор аз деҳоти

«Деҳқонобод»-и шаҳри Ҳисор

Вобаста ба пурсиши ин шаҳрванд ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем ва мутахассиси пешбари Раёсати нақлиёти рӯизаминии вазорат Аскар Раҷабзода чунин посух дод:

- Интиқоли борро марказҳои логистикӣ анҷом медиҳанд. Логистика ҳамчун илм дар бораи тарз ва усулҳои идоракунии амалиёти интиқоли бор, иттилоотӣ, молиявӣ ва ғайра, бо мақсади таъмини ҳаракати мол дар ҳамбастагии якдигарии истеҳсолот, нақлиёт, бонк, гумрук ва дигар системаи иқтисодиёт васеъ  истифода мешавад. Логистика муносибатҳои субъектҳои хоҷагидор, ташкилотҳои илмӣ, таълимӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин муносибатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро вобаста ба идоракунӣ, муътадилгардонии ҳаракати мавод, иттилоот ва ҷараёни сармоя аз ибтидо то интиҳо дар дохили кишвар ва берун аз он танзим менамояд.

Вобаста ба таъинот марказҳои логистикӣ ба категорияҳои зерин ҷудо мешаванд:

- маркази логистикии иттилоотӣ;

- марказҳои логистикии нақлиётӣ;

- марказҳои логистикии яклухт;

- марказҳои логистикии савдо;

- марказҳои логистикии гумрукӣ;

- марказҳои логистикии мусофирбарӣ.

Марказҳои логистикӣ бо  истифодабарандагон доир ба интиқоли маҳсулот шартнома мебанданд, ба воситаи ҳуҷҷатҳои электронӣ маблағи маҳсулоти интиқолдиҳандаро қабул  мекунанд, ҳисоби омории маҳсулоти истеҳсолшуда, миқдори он дар анборҳои интиқолдиҳанда ва истифодабарандаро таҳия мекунанд. Мизоҷон аз марказҳои логистикӣ метавонанд доир ба шартҳои ҳамлу нақл, хатсайри ҳаракат, нархгузорӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, иҷрои амалиёти гумрукӣ маълумот гиранд.

Дар ин раванд лоиҳаи бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷи поён», «Суғд» ва  шаҳри «Хоруғ» пешбинӣ гардидааст. Барои мисол, лоиҳаи Маркази логистикӣ дар  минтақаи Панҷи поён бо дарназардошти сохтмони роҳи оҳан барои ҳамлу нақли мултимодалӣ (контейнерӣ) ва ҳамлу нақли транзитӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади  рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасониҳо дар ин самт аз ҷониби Ассотсиатсияи «АIAТТ» бо ҷалби сармояи дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ (минтақаи Кулма) сохтмони терминали наздисарҳадии боркашонӣ ба итмом расида, барои фаъолияти пурсамари интиқолдиҳандагони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидан ба иқтидори содиротии кишвар дар доираи «Барномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ассотсиатсияи «АВВАТ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таъсиси маркази логистикӣ дар шаҳри Турсунзода» барои ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5 июли соли 2017, №335 Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» таъсис дода шуда, аз ҷониби мутахассисони муассисаи мазкур лоиҳаи «Рушди комплекси нақлиётӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пайваст намудани  марказҳои логистикии шаҳру ноҳияҳо ба маркази асосии хизматрасонии логистикӣ тариқи шабакаи ягонаи иттилоотию таҳлилӣ таҳия гардидааст. Татбиқи  мақсадноки лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки соҳаи хизматрасонии нақлиётию логистикӣ густариш ёбад.

Соҳибкорони ватанӣ метавонанд аз хизматрасонии  225 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 50 ширкати нақлиёти автомобилии байналмилалӣ, ки дар тавозуни худ нақлиёти гуногунтамғаи ҳозиразамони боркаш ва махсусгардонидашуда (рефрежираторҳо) доранд, истифода намоянд.

Фароҳамсоз Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»