Проблема ва мулоҳиза

Чӣ тавр соҳили рӯди Сурхобро киштбоб бояд кард?

№51 (4157) 23.04.2020

1 (2)Инсон дар зиндагӣ қодир аст, ки бо саховату ҷавонмардӣ ва дигар корҳо номи хешро ҷовидон гардонад. Хушбахтона, дар даврони соҳибис­тиқлолӣ сафи чунин родмардон рӯ ба афзоиш аст.

Тоҷикистони азизи мо, ки диёри кӯҳис­тон аст, замин зиёд надорад, аммо агар пешниҳодоти мутахассисони соҳаи заминсозӣ аз ҷониби соҳибкорон дастгирӣ ёбанд, садҳо гектар замини обии нав кушодан мумкин аст.

Агар ба ноҳияи Лахш сафар кунед, мебинед, ки дарёи Сурхоб ҳазорон гектар заминро, ки дар соҳилҳо ҷойгир буданд, ба харобазор табдил додааст.

Ин масъала ҳанӯз дар даврони шӯравӣ диққати мутахассисонро ҷалб карда буд. Аз ин ҷост, ки аз ҳисоби заминҳои соҳили дарёи Сурхоб дар як муддати кӯтоҳ чанд гектар замин ба истифода дода шуд.

Замини соҳили дарёи Сурхоб дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод беш аз 20 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки асрҳо боз бекор хобидааст.

Хушбахтона, солҳои 90 — уми асри гузашта ба замини корам табдил додани соҳилҳои дарёи Сурхобро роҳбари корхонаи «Наврӯз» Ҳоҷиқурбон Абдуҷабборов ба уҳда гирифт ва бо қувваи корхона аз қисмати чапи дарёи Сурхоб ба кор шурӯъ намуд. Соли 1997 бо сохтани садди ҳимоявӣ 100 гектар замин аз шусташавӣ эмин нигоҳ дошта шуд. Ҳамон сол 40 гектар ба аҳолӣ тақсим гардид ва 20 сол аст, ки мардуми деҳаи Зафаробод аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Дар он заминҳо боғ низ бунёд кардаанд.

Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки соҳилбандӣ, сохтани дарғот, кашондани  хок ва амсоли ин маблағи калонро талаб мекунад, аммо таҷрибаи корхонаи «Наврӯз» нишон дод, ки барои ин кор харҷи зиёд лозим нест.

Ҳоҷиқурбон Абдуҷабборов иброз намуд, ки барои азхудкунии замини соҳили Сурхоб сохтани роҳ, кандани канал ва кашондани хок аз дигар мавзеъҳо зарурат надорад. Ҳар сол бориши зиёд хоки кӯҳҳоро шуста, ба дарё мерезад. Дарёҳо хусусият доранд, ки ҳамеша соҳили рости худро мешӯянд ва соҳили чапро аз лойқа пур месозанд. Соҳилбандӣ танҳо вақти камобии дарё,  яъне, тирамоҳу зимистон, имкон дорад. Дигар кардани маҷрои об, соҳилбандӣ имконияти аз худ кардани заминро бештар менамояд.

Таҷрибаи андӯхтаи Ҳоҷиқурбон Абдуҷаб­боров метавонад барои дигарон намунаи ибрат  бошад.

Итминони комил дорем, ки соҳибкорони Раштонзамин дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардидани ин кори хайр талош хоҳанд кард.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»