Саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ

Чаро ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ коҳиш ёфт?

№29 (3979) 16.03.2019

коллажРушду нумӯи давлат, таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, афзудани иқтидори истеҳсолӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба пешравии соҳаи саноат вобаста аст. Аз ин хотир, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти соҳа дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.

Дар баробари дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, мутаассифона, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ коҳиши нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Корхонаҳои саноатии ноҳия соли 2018 ба маблағи 13 миллиону 800,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2017-ум 8 миллиону 543,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Соли 2018 аксар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли пешин кам намуданд, ки дар натиҷа дурнамои солонаи тавлиди маҳсулоти саноатӣ 89,3 фоиз иҷро гардид.

Соли 2018 дар ноҳия 24 корхонаи саноатӣ фаъолият намуд, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот, асосан, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шуд. Вале, ду корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, Корхонаи фаръии «Захира дар Хатлон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агро фуд голд» умуман фаъолият накарданд.

Тибқи иттилои мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳия Х. Мамадиев, соли гузашта дар корхонаҳои саноатӣ 2357,9 тонна нахи пахта (нисбат ба соли 2017-ум 1653,5 тонна кам), 425,5 тонна равғани растанӣ (65,0 тонна кам), 3864,8 тонна чигит (2359,1 тонна кам), 10021 ҷуфт либоси мактабӣ (4978 адад зиёд), 14818,2 тонна орд (369 тонна зиёд), 2603,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ (65,3 тонна зиёд), 828,7 ҳазор дона хишти сементӣ ва 2626,7 ҳазор дона хишти хом коркард ва истеҳсол гардидааст.

Корхонаи пахтатозакунӣ — Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Сироҷиддин Исоев ба маблағи 2 миллиону 439,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки нисбат ба соли 2017-ум 6 миллиону 798,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Дар ҶДММ «Элит Коттон» низ нишондиҳандаҳои фаъолияти истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли қаблӣ 18 миллиону 667,5 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфт. Аз се корхонаи пахтатозакунии ноҳия танҳо фаъолияти ҶДММ «Пахтаи рушди Хатлон» назаррас мебошад. Дар он ба маблағи 24 миллиону 569 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 8 миллиону 915 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Сабаби асосии коҳиши маҳсулотро дар корхонаҳои коркарди пахта масъулин ба кам будани ҳосили пахта рабт медиҳанд.

Бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо, мавсимӣ будани кори баъзе аз корхонаҳо, аз фаъолият бозмондани қисме аз корхонаҳои саноатӣ, куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоти онҳо ва иваз намудани самти фаъолияти корхонаҳо аз омилҳои аслии коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ мебошад. Масъалаи дигаре, ки фаъолияти истеҳсолию молиявии корхонаҳо ба он вобаста аст, дуруст дарҷ накардани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда маҳсуб мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳия 5 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Шоҳсутуни Сомониён», ҶСП «Иттиҳодияи истеҳсолӣ», ҶДММ «Акбар Пласт», ҶДММ «Нефтебитум» ва ҶДММ «Ғолибҷон Холов» дар ду-се соли охир фаъолият накардаанд ё самти фаъолиятро дигар кардаанд. Масъалан, ҶДММ «Шоҳсутуни Сомониён» ва ҶСП «Иттиҳодияи истеҳсолӣ» ба чорводорӣ, ҶДММ «Акбар Пласт» ва ҶДММ «Ғолибҷон Холов» ба хизматрасонӣ пардохта, ба шуъбаи омори ноҳия доир ба нишондиҳандаҳои фаъолият ҳисобот супорида истодаанд.

Яке аз калонтарин корхонаи саноатии ноҳия ҶДММ «Нефтебитум» аст, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият накарда истодааст. Айни замон таҷҳизот ва воситаҳои асосии он ба ҳолати корношоямӣ расидаанд.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, баҳри рушди минбаъдаи соҳаи саноат дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020», ки 113 лоиҳаро дар бар мегирад, соли 2019 татбиқи 19 лоиҳа ба маблағи 18 миллиону 40 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Умед аст, ки ояндаи наздик таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияи нав ва пурра ба фаъолият шурӯъ намудани иқтидорҳои мавҷудаи онҳо, таъсиси корхонаҳои нави хурду миёна ва дар ин замина афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имконпазир хоҳад гашт.

Фаромӯз БОБОЕВ, рӯзноманигор