Чаро Артуч ободу роҳаш нообод аст?

№129 (3923) 25.10.2018

рохДар бағали кӯҳи Фон, ки ноҳияҳои Панҷакенту Айниро ба ҳам мепайвандад, базаи сайёҳии «Артуч» дар баландии 2 ҳазору 200 метр аз сатҳи баҳр дар минтақаи кӯҳии ноҳияи Панҷакент ҷойгир шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, он 47 сол муқаддам чун базаи кӯҳнавардони умумииттифоқ таъсис ёфта буд, вале солҳои 90-уми садаи гузашта бар асари барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ он аҳамияти умумииттифоқии худро аз даст дод. Баъдан хусусӣ шуда, якчанд маротиба аз даст ба даст гузашт.

Шахсиятҳои шинохтаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ин база ба сайри кӯҳсор баромада, таассуроти худро нигоштаанд. Ҳунарпешаи маъруфи кинои шӯравӣ Юрий Визборн, ки дар филми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» нақши яке аз саркардагони фашистӣ — Борманро иҷро кардааст, сурудеро дар васфи манзараҳои зебои ин кӯҳ эҷод кардааст, ки матлааш чунин мебошад:

Я сердце оставил в Фанских горах,

Теперь бессердечный брожу по равнине…

Ба гуфти масъулон, аз ин база чанд самти кӯҳнавардӣ муқаррар шудааст, ки баландтарини он кӯҳи Чимтарға буда, дар 4 ҳазору 300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Рӯзи омадани мо ба ин ҷо сайёҳон аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи дур — Олмон истироҳат мекарданд. Онҳо аз зебогии табиати кишвари мо, одамони меҳмон­дӯсту оромии Ватани маҳбубамон, сухан мегуфтанд.

- Ман бори аввал ба Тоҷикис­тон омадам, — мегӯяд нафақахӯр аз шаҳри Дрездени Олмон Волф­ганг Трайде.Артуч воқеан ҳам макони зебову дилкаш будааст. Офтоби ҷонбахшаш ба кас ҳаловат мебахшад. Тамошои қуллаҳои барфпӯши кӯҳи Аловиддин ва кӯли он табъи моро болида сохт.

Сокини дигари Олмон Штефан Узула гуфт, ки «тамошои арчазори Адам ва Миралӣ маро мафтун кард. Дар бисёр давлатҳои дунё, аз ҷумла, Перуву Нидерландия будам, аммо чунин зебогиро надидам. Обаш ҳам ҷонбахшу нӯшиданӣ аст».

Ба андешаи сайёҳи дигари олмонӣ Элона Трайдер, «мардуми кишвари мо кушодачеҳраву ситорагарм ва меҳмондӯстанд. Ӯро ҳам табиати зебо, ҳавои тозаву ағбаҳои сербарфу кӯлҳои оби тоза мафтун кардааст. Тоҷикистон дорои имкониятҳои бойи ташкили туризм аст, ки дар ҳолати рушд додани соҳа метавонад даромади хуб гирад. Лекин баъзе аз қитъаҳои роҳи ин масир валангоранд, ки сафарро мушкил мегардонанд…».

Бардошти Элона Трайдер ҳақ аст. Роҳ аз маркази деҳаи Панҷрӯд то базаи сайёҳии «Артуч» (12,5 км) ноҳамвору хавфнок аст. Мо барои баландии роҳро «фатҳ» кардан маҷбур шудем, чанд маротиба сабукравро тела диҳем. Чун аз масъулони база пурсидем, ки «Артуч обод асту чаро роҳаш нообод?» посух доданд, ки «ҳамин сол ду маротиба тавассути булдозер роҳро ҳамвор кардем. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намудем. Бояд таъмир кунанд».

Мо ҳам умед ба он мебандем, ки роҳи ин мавзеи назаррабои сайёҳӣ тахту ҳамвор мешаваду ба шарофати ин иқдом теъдоди сайёҳон зиёд мегардад.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»