Проблема ва мулоҳиза

Чаро дар оромгоҳҳо исрофкорию худнамоӣ зиёд аст?

№82 (3876) 05.07.2018

DSC_7605Зи қабристон гузар кардам каму беш,

Бидидам қабри сарватманду дарвеш.

На дарвеше зи дунё бе кафан рафт,

На сарватманд бурд аз як кафан беш.

Ҳафт моҳ пеш ҳамсарам аз олам даргузашту ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурдем. Оромгоҳи мазкур дар пойтахт калонтарин буда, 74 гектарро дар бар мегирад. Дар он бисёр шахсиятҳои намоёни ҷумҳурӣ манзили охират ёфтаанд. Баъзеҳо ба хотири савоб ва ёдгорӣ ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз шинондаанд, ки зиёраткунандагон айёми гармо дар сояи онҳо аз нурҳои сӯзони офтоб паноҳ мебаранд. Дарахтон, инчунин паноҳгоҳи хубе барои парандагон буда, ҳавои пойтахтро аз чангу ғубор ва газҳои зарарнок пок месозанд.

Зимни зиёрати оромгоҳи наздикон мушоҳида кардам, ки иддае бо суиистифода аз маблағ ва роҳҳои дигар масоҳати қабристонро худсарона ғасб кардаанд. Бо чунин равиш пас аз чанд сол дар он ёфтани ҷои холӣ барои дафни фавтидагон мушкил мешавад. Қисми дигари одамон қабрро аз будаш зиёд, «орою торо» дода, сохтмонҳои гуногун кардаанд, ки аз лиҳози талаботи дини мубини ислом ҷоиз нест.

Дар китоби «Диниёт»- и Хоҷа Муҳаммади Рашшод омадааст: «Остон, попӯш ё баъзе аломати зиёратро бӯса кардан дар дини мо мамнуъ ва ноҷоиз қарор дода шуда, хоки зиёратро хӯрдан ҳаром аст. Ба атрофи зиёрат (гирд) гаштан ва онро тавоф намудану ин амалро дар зумраи аъмоли нек пиндош­тан низ ҳаром аст».

Худованд дар «Қуръон»-и маҷид фармудааст: «Иннал мубаззирина кону ихвонаш шаётини» (Ҳар оина исрофкорон бародарони шайтон ҳастанд). Агар ворисони ин мақбараҳои пурнақшу­нигор хостори шод кардани рӯҳи гузаштагон бошанд, тавассути садақаи ҷория метавонанд соҳиби савоби бузург гарданд. Орифе фармудааст: «Мурдаро нафъе надорад гӯри пурнақшунигор».

Дар замони ҳазрати Муҳаммад (с) саҳобае бо номи Саъд (р) аз ишон маслиҳат пурсид, ки барои шод кардани арвоҳи волидайнаш чӣ амали нек анҷом диҳад? Расули Худо (с) нагуфтанд, ки фалон нафарро таом деҳ ё ба гӯри онҳо мақбара соз, балки маслиҳат доданд, то барои таъмини мардум бо оби нӯшокӣ чоҳ канад. Саъд тибқи дас­тури Паёмбари Акрам (с) чоҳ канд, ки беҳтарин хизмат барои аҳли ҷомеа буд.

Роҳу пул сохтан, мардуми лаб­ташнаро бо об таъмин кардан, корвонсарою меҳмонхона ва дигар иншооти барои ҷомеа муфид бунёд кардан садақаи ҷория ба шумор рафта, баъди вафот низ савоби онҳо ба соҳибаш мерасад. Дар ин хусус Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

 Ба гӯшам омад аз хоки мазоре,

Ки дар зери замин ҳам метавон зист.

Нафас дорад, валекин ҷон надорад,

Касе к- ӯ бар муроди дигарон зист.

Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки ворисони майит ба ҷои ородиҳии қабрҳо садақаи ҷорӣ карда, аз худ номи нек боқӣ гузоранд. Боиси нигаронист, ки дар қабристони зикршуда қабрҳо бо тартиби муайян ҷойгир нашудаанд. Маълум мешавад, ки масъулон ба вазифаи худ муносибати дуюмдараҷа доранд.

То ҷое иттилоъ дорем, оромгоҳҳо мансуб ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурианд. Ба андешаи ман, агар ин бахшро ба ихтиёри зерсох­торҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд, мувофиқи мақсад аст. Боварӣ дорам, ки ниҳоди мазкур дар ин ҷода муваффақ мешавад.

Назрибой АШӮРОВ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, сокини шаҳри Душанбе.

Суратгир Н. Алиев