Нуқтаи назар

Чаро оқил кунад коре, ки…

№129 (3766) 02.11.2017

Дар даст қалам андеша мекунам, ба сарам даҳҳо савол меояд. Чӣ сабаб шуд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуда, нисбат ба ашхоси қонуншикан ҷазоҳои нисбатан сахттар муқаррар карданд.

Ва худ ҷавоб медиҳам: сарфи назар кардани талаботи қонун ва муносибати бепарвоёнаи комиссияҳои танзим. Аксари мо, яъне мардуми сарзамин, талаботу меъёрҳои қонунро ба таври бояду шояд риоя накардем. Маросими наву серхарҷро ба ҳукми анъана даровардем. Яке аз онҳо маросими «ақиқа» буд, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пайдо шуд. Ҳамон вақт шиноси деринаам Абдумавлон Самеев, ки инсони фарҳангӣ ва тарҷумони соҳибмаҳоратанд, зимни як суҳбат гуфта буданд:

- Мирзо, ин чӣ гап аст, ки Роҳбари давлат барои танзими расму оин қонун ба имзо мерасонанду домуллоҳо маросими нави дигарро бо номи «ақиқа» ҷорӣ мекунанд?

Устод дуруст эрод гирифтанд. То он ҷое ки камина бохабарам, маросими «ақиқа»-ро дар ҳолате мегузарониданд, ки агар дар оила фарзанд таваллуд шаваду пайи ҳам фавтидан гирад. Баъди таваллуди тифли навбатӣ бо забҳи чорво маросими «ақиқа» гузаронида, устухони онро ба матои сафед чун кафан печонида, дар қабристон зери хок мекарданд. Гӯё бо ҳамин қурбонӣ ҷони тифли навзодро харидорӣ менамуданд. Тақрибан 15 сол муқаддам ин маросимро бародари дуюми ҳамсарам, ки фарзандонаш пайи ҳам фавтидан гирифтанд, ба ҷо оварда буд. Вале, аз чӣ бошад, ки маросими «ақиқа» ба ҳукми анъана даромад ва ба фарҳанги мо ворид шуд.

Он вақт касе дар ин хусус андеша накард. Дар баробари ин, «ҳоҷиошӣ»-ву «мавлудхонӣ» ҷорӣ шуд. Муллоҳои мавлудхони вилояти Суғд, алалхусус қорӣ Наими Хуҷандӣ, ба қавле, аз хостатарин маъракаороён буданд. Аксар мехостанд, ки дар маросими мавлудхонӣ маҳз қорӣ Наим иштирок кунад. Қорӣ Наимро на танҳо сокинони шаҳри Хуҷанду деҳоту шаҳракҳои атрофи он, балки навоҳии дурдаст низ бо ҳамроҳонаш ба маросими динии худ даъват мекарданд, зеро ӯ ба ҷуз қироати гӯшнавози ­«Қуръон», бо оҳанги ҳазин чанд суруди тасаввуфӣ ҳам мехонд. Хусусан, сурудҳои ӯ «Саҳаргоҳон ба масҷид рав» (матни худаш), «Худоро ёд кун», «Назди арбоби ҳунар мояи имон адаб аст» (ғазали Ҷалолиддини Балхӣ), «Падар розӣ — Худо розӣ» (аз ашъори Н. Ниёзӣ) ва ғайра ба тори дили ҳар шунаванда нохун мезаданд. Қорӣ Наим дар маросими «ақиқа» низ фаъолона иштирок мекард ва болонишин буд.

Табиист, ки чунин маърака бо хароҷоти зиёд сурат мегирифт. Фатвои яке аз домуллоҳо дар ин маврид чунин будааст: «агар тифли навзод писар бошад, ду қӯчқор ва агар духтар бошад, як қӯчқор забҳ кунед». Хусусан, маросими хатнаи навзоди 10-12-рӯза аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ нисбат ба тифли маъсум дар дили ҳар инсон ҳисси тараҳҳумро бедор мекард.

Баъди маросими «ақиқа» чорабинии дигар барои занон бо иштироки бибиотунҳо доир мешуд, ки он ҳам ба як зиёфати хоса табдил ёфта буд. Ба ҳамин монанд, теъдоди иштирокчиёни маъракаи домодталбон, ки бо иштироки то 15 нафар бояд анҷом меёфт, бо баҳонаи «хатнатӯй», иштирокдорони онро ба 60 нафар расониданд. Зимнан, моҳирона истифода бурдани як анъана дар қолаби дигар маъмул шуд.

Дар маърӯзаи муовини якуми раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустами Мирзо зимни Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят зикр гардид, ки «аз соли 2009 (ин ҳамон солест, ки маъракаи домодталбон дар «сояи хатнатӯй» монда буд) 7 ҳазор кӯдак хатнатӯй шуданд». Сад дар сад бовар дорем, ки ин 7 ҳазор тифл на кам аз ду — себорӣ «хатна» шудаанд.

Ба ин каҷравиҳо киро гунаҳкор ҳисобидан мумкин? Якум, худи моро, ки қонунро сарфи назар карда, ба таассуб роҳи васеъ кушодем. Ин дар ҳоле буд, ки гоҳо маъракаҳои худро бо пули қарз баргузор мекардем. Дуюм, тавре дар Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд зикр шуд, комиссияҳои маҳаллии танзими расму оин назорати тӯю маъракаҳоро ба ҳоли худ гузоштанд. Албатта, ёфт мешавад, як-ду ҳолате, ки аз болои соҳибмаъракаҳо санад тартиб дода, ҷаримабандӣ кардаанд. Лекин ба ин гуна ҷазоҳо танҳо мардуми одӣ, онҳое, ки «тағоҳои курсинишин» надоштанд, гирифтор мешуданд. Аъзои комиссия ба одамони, ба қавле, «дасташон дароз» кордор намешуданд.

Як қисми мардуми Хуҷанд ва атрофи он дар гузаронидани маърака «роҳи нав» кашф карда буданд. Онҳо тӯю маросими худро бо теъдоди одамони дилхоҳашон дар мавзеи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон, деҳаи Кулундӣ, ки бо деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамсарҳад аст, анҷом медоданд. Дари тӯйхонаҳои барҳавои қад -қади роҳи «Хуҷанд-Исфара» доимо боз аст. Қонунгузории ин кишвар (Ҷумҳурии Қирғизистон) ба тӯю маъракаҳо ягон маҳдудияте ворид накардааст. ­Аъзои комиссияи маҳаллӣ ба санҷиши маъракаҳои дар ҳудуди ин кишвар баргузоршуда ҳуқуқ надоштанд.

Сарфи назар аз ин, тибқи маълумоти расмӣ, дар тайи даҳ соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳолии вилояти Суғд аз маросиму маъракаҳои худ 3,1 млрд. сомонӣ сарфа карда, ба коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ таъсири мусбат расонидаанд. Аниқтараш, сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Суғд аз 53 дарсади соли 2007 то ба 31 дарсад поён рафтааст. Пасандозҳои аҳолӣ назар ба соли 2007-ум 7,5 маротиба зиёд шуда, ба 1 млрд. сомонӣ расидааст.

Мутахассисон мегӯянд, ки дар дигар манотиқи кишвар низ ин гуна қонуншиканӣ ва «тавлиди» расму оини наву серхароҷот ба назар мерасид. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зарур шумориданд, ки муқаррароти қонунгузории амалкунандаро нисбат ба вайронкунандагони меъёрҳои он пурзӯртар гардонанд.

Ба фикри мо, минбаъд ҳар шахси ба қонуншиканӣ дастзада аз оқибати он андеша хоҳад кард, зеро дар ҳолати риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳад супурд, ки ин миқдор маблағро, албатта, на ҳар кас қудрати пардохт кардан дорад. Сониян, татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳо ба фаъолияти комиссияҳои танзими расму оин дар маҳалҳо сахт алоқаманд аст, зеро, ошкоро бояд гуфт, ки онҳо то ин дам дар сурати дучор омадан ба ин гуна қонуншиканӣ «андеша»-ро дар мадди аввал гузошта, аз камбудиҳо «чашм мепӯшиданд». Роҳи дигари татбиқи ҳамаҷонибаи қонун аз маданияту одоб ва рафтори худи халқ вобаста аст. Дақиқтар гӯем, набояд коре кард, ки боиси пушаймонӣ гардад. Тавре бузургон панд додаанд: чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ!

Воқеан ҳам, имрӯз масъалаи аз ҳад зиёд гарон будани нархи хизмат­расонии тӯйхонаҳо, ҳунармандону мошинҳои сабукрави дар маросими аз қайди ақди никоҳ гузаштан ва либоси арӯсии урупоӣ (фата) ташвишовар аст. Ба қавли раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, «нархномаи хизматрасонии онҳо мардумро ба дод овардааст». Тасаввур кунед: як фатае, ки арӯс барои 3-4 соат ба иҷора мегирад, то 7-8 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст, ки ин, ниҳоят беинсофист. Ҳунармандон барои хизматрасонӣ то 2 ҳазор доллар талаб мекардаанд. Илоҷи халосиро аз ин вазъият Абдураҳмон Қодирӣ дар таъсиси «Маркази хизматрасонӣ»-и назди шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дониста, ба масъулин дастур доданд, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мошинҳои сабукрав, дастгоҳҳои наворбардорӣ ва либоси арӯсӣ бихаранд, то нархи хизматрасонӣ ба эътидол ояд.

Масъулон мегӯянд, ки нархномаи хизмат­расонии тӯйхонаҳоро Агентии зиддиинҳисорӣ тасдиқ кардааст. Яъне, амали соҳиби тӯйхона ва қаҳвахонаҳо хилофи қонун нест. Лекин аз рӯи инсоф бояд амал кард. Мутаассифона, алҳол соҳибони аксар тӯйхонаву толорҳои ороишӣ инсофро фаромӯш кардаанд. Ҳисобу китоби ғайрирасмӣ нишон медиҳад, ки тӯйхонаву толорҳои либоси арӯсии урупоӣ арзиши аслии хизматрасониро чанд маротиба зиёд намудаанд.

 Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»