Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Чаро сохтмони мактаб 13 сол аст ба охир намерасад?»

№5 (4267) 14.01.2021

 Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мақолаи «Чаро сохтмони мактаб 13 сол аст ба охир намерасад?» («Садои мардум», №143 (4249), аз 26 ноябри соли 2020)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:

Сохтмони мактаб барои 624 хонанда дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бо маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ соли 2007 қисман оғоз гардида, аз соли 2013 бо сабаби пешбинӣ нагардидани маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гардида истодааст.

Соли 2020 он ба номгӯи иншооти сохташавандаи Раёсати сохтмони асосии вилоят шомил гардида, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо дарназардошти вазъ ва имконияти молиявии маблағгузории иншоот, дар мадди аввал ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

А. САЪДУЛЛОЗОДА,

сардори Раёсати сохтмони асосии МИМҲД-и вилояти Хатлон