Чаро Жириновский Тоҷикистонро «диж»-и Брест» дар қалби Осиё номид?

№25 (4131) 25.02.2020

1541153152_vladimir-zhirinovskij-1Хуб дар хотир дорам, соли 2018, замоне ки раиси Ҳизби либерал-демократии Федератсияи Россия, вакили Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия  Владимир Жириновский дар кишвар бо риояи назокатҳои хоси меҳмондории мардуми тоҷик пазироӣ гардид, иддае изҳори нигаронӣ карда буданд. Таассуфовар он буд, ин тоифа замони то андозае манфӣ будани назари ин сиёсатмадор ва ибрози баъзе андешаҳояш «ба лаб муҳри хомӯшӣ зада», ба қавле, меболиданд. Дар баъзе маврид суханони ӯро таҳриф карда, «ба оташ равған рехтанд».

Билохира, Жириновский ба кишвар омад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро баҳузур пазируфтанд.  Доир ба ривоҷи минбаъдаи равобит ва ҳамкории байнипарлумонӣ суҳбати ҷолибу хотирмон доштанд. Аз токзори боғбони номӣ Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов  боздид намуд, ангур ҳам ҷамъ овард. Мутмаин гардид, ки дар бораи кишвари мо, нақши он дар арсаи байналмилалӣ, моҳияташ барои Федератсияи Россия ва азми қавиву иродаи шикастнопазири Пешвои миллат иттилои  комил надоштааст.

Кунун яке аз хайрхоҳони кишвар аст. Чанде пеш дар нишасти матбуотие, ки фраксияи ҳизб мунтазам дар Думаи давлатӣ доир мекунад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро  «диж»-и (қалъаи) Брест дар минтақаи Осиё» арзёбӣ кард.

Илова бар ин, бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии русиро дар мамлакат қобили дастгирӣ ва ибтикори арзишманд номид.  Манзур эъмори панҷ  муассисаи таълимӣ аст, ки дар ин бобат президентҳои ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон 17 апрели соли 2019 созишнома ба имзо расонда буданд.

Зимни шарҳу тавзеҳи ин иқдом Владимир Волфович минҷумла таъкид кард: «Мо ин созишномаро тасдиқ мекунем. Ман, умуман, тасдиқкунии чунин созишномаҳоро аз байн мебардоштам. Тоҷикистон хоҳиши мактабҳо, китобҳо, театрҳо ва омӯзгорони русӣ мекунад. Мо бошем, «тасдиқкунӣ» мегӯем. Чӣ қадар мактаб зарур бошад, ҳамон қадар бояд сохт. Зеро ин нишони қаробат ба фарҳанги русист. Ҳамоне, ки мо дар тамоми кишварҳои ИДМ дидан мехоҳем. Аз ин ҷиҳат, Тоҷикистон дар ҷои аввал аст».

Ин сиёсатмадор муътақид аст, ки аз ҷониби Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир шавад ва  дастгирӣ доимо  бошад. Инчунин, Жириновский аз қаҳрамониву ҷасурии сарҳадбонони тоҷик ёдрас шуд. Баҳои ин сиёсатмадор, дар бобати он ки «онҳо ҷон ба каф гирифта», ҳамлаҳои ҷангиёнро бозмедоранд, вагарна силоҳшӯрон  Осиёи Марказиро хоку туроб карда, ба Россия меоянд, далели раднопазири  саҳми боризи  кишвар дар мубориза бо терроризму экстремизм аст.

Тавсия дод, ки Федератсияи Россия бояд дар таҳкими амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон бештар ёрӣ расонад.

- «Дар он тарафи соҳил ҷанг рафта истодааст, ки тӯлонӣ хоҳад буд. Қариб ҳар рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ қасди рахнаи сарҳади давлатӣ мекунанд, марзбонони тоҷик ҳалок мешаванд. Мо бояд тамоми ёрии заруриро расонем, то ки ин хатарҳо рафъ ва амнияти марз таъмин гардад», — гуфт ӯ.

Ҳаводиси солҳои охир собит карданд ва кунун далели бебаҳс аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавиаш барои кишварҳои олам, хоса  абарқудратҳо дар баробари таваҷҷуҳбарангез будан,  минҳайси сипар  аз терроризму экстремизм низ рисолат дорад. Кифоя аст аз он ёдовар шавем, ки зиёда аз 40 сол боз  ҷанг дар ҳамсоякишвар идома дошта, нуфузи гурӯҳҳои террористӣ  тамоюли афзоишро касб намудааст.

Аз ҷониби дигар, баъд аз он ки  гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия ба шикаст мувоҷеҳ гардид, аксари ҷангиёни он рӯ ба Афғонистон оварда, дар қарибии сарҳади Тоҷикистон мустақаранд.

Биноан, ташбеҳи Жириновский  комилан асоснок буда, барои роҳбарияти Федератсияи Россия ва сохторҳои зиддахли он  «ғизо» баҳри андеша ва тасмимгирӣ аст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»