Чашмаҳои ҷӯшон

№ 20.11.2018

Замоне Тандиқул деҳаи ободу зебое будааст. Он ҷо дар тӯли садсолаҳо мардуми зиёд зиндагӣ мекардаанд. Тандиқулиён тоҷикони асил ва чорводор буда, баҳору тобистонро дар айлоқ мегузарониданд ва аввали тирамоҳ ба деҳа баргашта, шаш моҳ он ҷо мемонданд. Пирони рӯзгордида мегӯянд, ки дар ин мавзеъ барфи зиёд борида, тамоми зимистон рафтуомад қатъ мегардидааст. Аз нақли онҳо маълум мешавад, ки як сол тарма фаромада, деҳаро ба комаш фурӯ бурдааст. Қариб тамоми сокинони деҳа дар ин фалокат ҳалок гардидаанд. Зиндамондаҳо бо азоб худро ба деҳаҳои наздик расонда, то гармии ҳаво дар он ҷо зиндагӣ кардаанд. Онҳо дигар ба зодгоҳи бобоӣ барнагашта, ҳамроҳи аҳли байт ҷониби Фарғона роҳ гирифтаанд…

Амаки Ҳамроқули Саймирзо дар бораи зодгоҳаш — ноҳияи Лахш қисса карданро дӯст медошт. Раҳматӣ дар деҳаи Ёрмазор ба дунё омада, то хонадор шуданаш он ҷо зиндагӣ кардааст. Баъдҳо ба ноҳияи Рашт омада, деҳаи моро макони зист қарор медиҳад. Ҳамсояи девордармиён будем. Ҳар сол ёру дӯстонашро ба Тандиқул мебурд. Онҳо бист-бисту панҷ нафар як автобусро киро карда мерафтанд ва чанд рӯз он ҷо хайма зада, ба истироҳату табобат машғул мешуданд.

Соли 1988 бо супориши идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба ноҳияи Ҷиргатол рафтам. Сармуҳаррир — шодравон Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев супориш доданд, ки дар бораи обҳои шифобахши мавзеи Тандиқул мақола тайёр кунам. Бо амри тасодуф, замоне, ки ман ба Тандиқул рафтам, амаки Ҳамроқул ва дӯстонаш он ҷо ба табобат машғул буданд…

Масофа аз маркази ноҳияи Лахш — шаҳраки Ваҳдат то Тандиқул 25 километрро ташкил медиҳад. Аз замони қадим овозаи оби шифобахши ин мавзеъ диққати мардумро ҷалб карда буд ва онҳо пиёдаву савора барои табобат ба Тандиқул меомаданд. Соли 1968 директори совхози ба номи Ленин — шодравон Саймухтор Шолангаров ба хотири истифодаи заминҳои ҳосилхези Тандиқул ба ин мавзеъ роҳи мошингард кушод ва дар болои рӯду дарёҳо панҷ пул сохт. Кушодани роҳ ба кишоварзони хоҷагӣ имкон фароҳам овард, ки соле аз ин мавзеъ барои зимистонгузаронии чорво беш аз сесад тонна хошоки хушсифат захира намоянд.

Амаки Ҳамроқул қисса мекард, ки дар харсангҳои дараи Тандиқул расмҳои кашидаи одамони дунёи қадим мавҷуданд. Расми шикорчиҳову паҳлавонони савори аспҳои бузургҷусса ва ғайра. Дар қабристони куҳнаи деҳа мурдаҳо тарзе гӯр карда шудаанд, ки ба даврони пеш аз паҳншавии дини мубини ислом мутааллиқ аст. Яъне, ин мавзеъ ба омӯзиши археологӣ низ ниёз дорад. Шояд бо ин роҳ саҳифаи наве аз таърихи миллати соҳибтамаддуни тоҷик равшан шавад.

Тоҷикон чашмаҳои шифобахши ин мавзеъро «Чашмаҳои ҷӯшон» ном мебурданду қирғизҳо онро «Қайнақ-суу» мегуфтанд… Чашмаҳои ҷӯшон ном гирифтанашон бесабаб нест, зеро обҳо аз зери замин ҷӯшида мебароянд. Яке аз чашмаҳо, ки ҳамагӣ як-ду метр дуртар аз соҳили дарё ҷойгир шудааст, тобис­тон, давраи баланд гардидани сатҳи дарё, оби хунук қисмате аз соҳилро мепӯшонад. Аз ҷумла, ин чашма низ ба дарё ҳамроҳ мешавад ва шахси ба дарё даромада агар аз болои чашмаи мазкур убур кунад, гармии онро ҳис менамояд. Тибқи маълумоти мутахассисони маҳаллӣ, ҳарорати оби гарм дар Тандиқул, дар ҷое, ки чашма ҷӯш мезанад, 98 дараҷаро ташкил медиҳад. Аммо мутахассисони дигар онро дар ҳудуди 74-88 дараҷа муқаррар кардаанд. Аз таҷриба мегӯям, ки тухми мурғ дар ин чашмаҳо дар давоми даҳ дақиқа мепазад.

Баъди бунёди роҳи мошингард одамон аз дигар ҷумҳуриҳои давлати паҳновари шӯравӣ бо мақсади истироҳат ва табобат ба Тандиқул меомаданд. Соли 1988, замоне, ки ба Тандиқул рафтам, он ҷо ду-се бинои хурд ва хиргоҳҳои махсус мавҷуд буданд, ки табобатгирандагон сукунат мекарданд. Биноҳои мазкурро Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷиргатол (Лахш) сохта буд ва тобистон табобатгирандагонро бо хӯроки гарм низ таъмин менамуд. Қариб ҳар сол ин биноҳоро тарма ва ё сел хароб мекард…

Тобистони имсол ҷавонзане аз деҳаи Ялдамичи ноҳияи Рашт, ки барои табобат ба Тандиқул омада буд, қиссаи аҷибе кард. Гуфт, ки соли 1962 раҳматии модараш дар чилсолагиаш апаашро ба дунё овардааст. Баъдтар модар ба беморӣ гирифтор мешавад. Дарди пой солҳои зиёд ӯро ранҷ медиҳад. Соли 1971 бо маслиҳати табибон барои табобат ба Тандиқул меояд ва як ҳафта табобат мегирад. Баъди бозгашт ба зодгоҳ дарди пойҳояш тамоман гум ва ӯ ҳомиладор мешавад. Ҳамин тариқ, соли 1972 зани панҷоҳсола духтари дуюмашро ба дунё меорад.

-Модарам то дами марг ба ҷавонзаноне, ки фарзанд намеёфтанд, саргузашти худро нақл мекард ва ба онҳо маслиҳат медод, ки албатта, як бор барои табобат ба Тандиқул раванд, — мегӯяд ӯ.

Ин ҳикояи ҷавонзан хулосаи табибонро дар бораи табобат намудани касалии безурётии занҳо ба воситаи чашмаҳои шифобахши Тандиқул тасдиқ менамояд.

Олими шинохта, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Холназар Муҳаб­батов дар бораи обҳои маъдании Тандиқул чунин мегӯяд:

«Имконият ва иқтидори эҳтимолии обҳои маъдании мавзеи Тандиқул, ки аз се чашма ва се чоҳи обкашӣ иборат буда, дебити умумиашон 2,59 м2/сонияро ташкил медиҳад, пурра истифода намегардад. Чунин миқдори об имконият медиҳад, ки беш аз 3 ҳазор нафар дар як вақт бо муолиҷаи санаторӣ -курортӣ фаро гирифта шаванд. Яъне, дар тӯли як сол фароғатгоҳ то чил ҳазор нафар беморро қабул карда метавонад. Ба илова, сохтмони инфрасохтори курортӣ имконият фароҳам месозад, ки боз 1,5 ҳазор ҷойи кори нав ташкил карда шавад» («Иқтидори рекреатсионӣ-туристии минтақаи Рашт», китоби «Пешвои миллат ва рушди ноҳияи Рашт», Душанбе, «ЭР — граф», соли 2016, саҳифаи 238).

Солҳои охир бо талошу кӯшишҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш шароит барои табобатгирандагон дар ин ҷо беҳтар гардидааст. Роҳ таъмиру тармим карда, меҳмонхона, ошхона ва ғайра сохта шудааст. Хоҳишмандонро аз назди бозори шаҳраки Ваҳдат таксиҳо ба Тандиқул мерасонанд. Албатта, бунёди санатория дар ин мавзеъ хеле манфиатовар аст, аммо аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш сохтанаш имконнопазир мебошад.

Итминони комил дорем, ки дар солҳои наздик дар ин мавзеи зебои кишвар бо дастгирии соҳибкорони худӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия санатория сохта мешавад. Он гоҳ дар баробари табобати ҳазорон нафар бемор ба хазинаи давлат низ маблағ ворид мегардад. Хуб мебуд, ки ҷиҳати амалӣ шудани ин нияти хайр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ саҳми худро мегузошт.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»