Чашмамро духтур кӯр кард

№48 (3685) 04.05.2017

0258Аз сабаби хондани зиёд чашми чапам хира шуд. 9 августи соли 2015 ба шуъбаи ҷарроҳии бемориҳои чашми Беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд рафтам.

Азбаски умрам аз 80 боло буд, ба ман варақаи № 3252 доданд, ки тибқи он бо фармони якҷояи вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табобат ройгон аст. Маро бистарӣ намуданд ва бе он ки аз ташхис гузаронанд, чашмамро ҷарроҳӣ карданд.

Рӯзи дигар ба духтури табобатӣ аз хира будани чашмам шикоят кардам. Ӯ чашмамро аз назар гузаронда гуфт, ки фардо ҷарроҳии дигар мегузаронанд. Ман розӣ нашудам, медонистам, ки якбора ба ду ҷарроҳӣ ҷисмам тоб намеорад. Вале онҳо ба суханонам аҳамият надоданд. Баъд аз ҷарроҳӣ аҳволам бад шуд. Аз як тараф, дард азоб медод, аз ҷониби дигар духтурон нисбат ба ман беаҳамиятӣ мекарданд. Ҳарчанд аҳволам бад буд, аз писарам хоҳиш кардам, ки маро ба хона барад. Аз хона, баъди каме беҳтар шуданам, ба беморхонаи ҷарроҳии лазерӣ рафтам. Аз сардухтур Фазлиддин Шарифов хоҳиш кардам, ки табобати чашмамро давом диҳад. Мутаассифона, бемории ман ба системаи табобати онҳо рост наомад. Маро ба беморхонаи аввала фиристониданд.

Баъд аз чанд рӯзи бистарӣ шудан, як шаб Амирҷон Шарифов омада, маро ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ бурд. Дар он ҷо мудири шуъба Комил Икромов низ ҳузур дошт. Онҳо «кӯки чашматон канда шудаасту ҳамонро медӯзем» — гуфтанд. Аммо, бе он ки кӯки авваларо кананд, аз болотари он бори дигар дӯхтанд ва «мана ба ту, бирав ба ҳамроҳони бепулат гӯй, ки ин ҷо ҷойи онҳо нест!» — гуфта, асбоби ҷарроҳиро махсус ба чашми ростам халонданд. Ҳамин тариқ, чашми ростам низ дардманд ва хира шуд.

Ду сол боз миёни беморхонаҳо давуғеҷ дорам. Духтурон доруҳои зиёде навиштанд, вале бефоида. Чашми ростам бо сабаби табобати нодурусти табибон кӯр шуд. Ба Комил Икромов занг зада, аз чашмонам, ки бо гуноҳи ӯ кӯр шуда буданд, шикоят кардам. Аз ӯ ҷуброни зарари расондаашро талаб намудам, вале ӯ дод зада гуфт:

«Ман хонаат рафта, чашматро кӯр кардам-мӣ? Ба ту маслиҳат медиҳам, ки ба назди дари мазоре нишаста, гадоӣ кун, роҳгузар шавам, ҳатман 5 ё 10 сомонӣ дар наздат мегузорам».

Ба вазири тандурустӣ ва ба прокуратура шикоят бурдам, аммо онҳо «қоидаи ҷарроҳӣ вайрон нашудааст» — гуфта ҷавоб гардонданд. Ҳол он ки Комил Икромов беморхонаи давлатиро ҳамчун хонаи худ медонад ва бо беморон чӣ хеле мехоҳад, муносибат мекунад.

Худовандро сипосгузорӣ мекунам, ки дар дунё инсонҳои хуб низ ҳастанд. Яке аз онҳо сардухтури Беморхонаи ҷарроҳии лазерии чашм Фазлиддин Шарифов мебошад. То охири умр аз ин марди шариф миннатдорам, зеро бо талошҳои зиёд чашми ростамро сиҳат кард. Ин дар ҳолест, ки Комил Икромов чашмат аз сабаби пирӣ хира шудаасту имкони шифо ёфтан надорад, — гуфта буд.

Тухтасин Шарифов,

нафақахӯр аз вилояти Суғд