Чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани некуаҳволии халқ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон тақвият меёбанд

№129 (3923) 25.10.2018

Ҷиҳати таъмини рушди босубот ва мунтазами ҳар як кишвар рушди бемайлони минтақаҳои он зарур мебошад. Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз вазниниҳои солҳои аввал, дар ин самт муваффақиятҳои бузург ба даст омадааст. 

Дар натиҷаи чораҳои таъхирнопазире, ки дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ андешида шудаанд, дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Махсусан, баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он Сардори давлат интихоб шуданд, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муайян гардиданд.

Сарвари давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун омили муҳимтарини сафарбар кардани тамоми мардуми Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти таъхирнопазир арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низоми идоракунӣ ва иқтисодии тамоми минтақаҳои кишвар, махсусан, шаҳру ноҳияҳои ҷангзада, комилан аз байн рафта буд.

Барои барқарор кардани низоми сиёсӣ ва фаъолияти муътадили ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи идораҳои давлатии марказӣ ва махсусан, дар минтақаҳо, пеш аз ҳама, бояд сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъмин мегардид. Мушкилоти хеле ҷиддие, ки дар назди ҳукумати кишвар меистод, баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, ба зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаю муътадил оғоз кардани онҳо буд.

Шурӯъ аз соли 1994 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли ин масъалаҳои хеле мушкил вусъат бахшида, барои ба Ватан баргаронидани гурезагон, ки бештари онҳо аз минтақаҳои ҷануби кишвар буданд, чораҳои қатъӣ ва таъсирбахш андешиданд.

Дар ин давра, дар шаҳру ноҳияҳои марказ ва ҷануби кишвар силоҳдорони ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои мухолифи давлат амал мекарданд, ки фаъолияти мақомоти марказии идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро фалаҷ карда буданд ва ин ҳолат ба дигар минтақаҳои кишвар низ бетаъсир намонд. Бо вуҷуди мураккабии вазъ, дар натиҷаи чораҳои қатъии андешидаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар сулҳу ваҳдат ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ устувор гардид.

Вазъияти душвор, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар натиҷаи қатъи робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигар ва аз кор бозмондани корхонаҳои бузург ба вуҷуд омад, дигаргун кардани низоми иқтисодиро тақозо менамуд. Ҳамчунин, касодии хазинаи давлатӣ водор мекард, ки дар соҳаи иқтисод хусусигардонӣ ба роҳ монда, сармоягузории хориҷию ватанӣ ривоҷ дода шавад.

То солҳои 2000 — ум ва қабули Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, як силсила қонун ва санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки барои ба низом даровардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мусоидат намуданд. Аз ҷумла, барои маблағгузории фаъолияти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, такмили сохтори идораи давлатӣ ва гузаронидани ислоҳоти зарурӣ, тақсим кардани замин ба аҳолӣ, ҷалби грантҳои созмонҳо ва бонкҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва кишварҳои хориҷ роҳандозӣ гардиданд, ки барои ба вуҷуд омадани инфрасохтори идоравӣ ва иқтисодӣ дар маҳалҳо асос гузоштанд.

Яке аз сабабҳои қафомонии инкишофи маҳалҳо комил набудани заминаи қонунгузорӣ дар фаъолияти онҳо буд. Аз ин ҷост, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳо дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба зудӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил намешуданд. Нокифоягии маблағҳои буҷа барои маош, харидани техника ва маводи зарурӣ ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти маҳаллӣ, қафомонӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди воқеӣ, заиф гаштани низоми ҳифзи иҷтимоӣ, мавҷуд набудани низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва хароб гаштани соҳаи маорифу тандурустӣ рушди маҳалҳоро суст карда буд.

Вале, ба туфайли кӯшишҳои ниҳоят ҷиддӣ ва андешидани чораҳои таъсирбахш аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми сиёсию иқтисодӣ дар маҳалҳо тадриҷан устувор гардид.

Дар давоми се соли охир, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ карда мешавад, ки афзалиятҳои марҳилаи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дохил карда шудаанд ва нишондиҳандаҳои умумии рушди иқтисодӣ бомуваффақият татбиқ гардида истодаанд.

Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳои муҳими дурнамо, афзалиятҳое муайян шудаанд, аз қабили таъмини сатҳи баланди қудрати энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди имкониятҳои коммуникатсионии кишвар ва таъмин намудани шуғли самараноки аҳолӣ, ки барои рушди иқтисоди минтақаҳо таъсири бештар доранд.

Дар амалисозии ин вазифаҳо зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд меафзояд.

Дар ин робита, бояд бигӯем, ки саҳми Барномаи Рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ва сохт­ори таркибии он, ки муддати тӯлонӣ якҷоя бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия баҳри иҷрои вазифаҳои беҳтар намудани некуаҳволии мардум дар ноҳияҳои дурдасти деҳоти кишварамон фаъолият доранд, хеле назаррас аст.

Аз ҷумла, дар доираи БРСММ Барномаи рушди ҷомеа (БPҶ) амал менамояд, ки ташаббуси бисёрсола аст ва ҷиҳати дастгирии татбиқи чорабиниҳои ҳуҷҷатҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.  БРҶ ҳадаф дорад, ки барои рушди иқтисоди сатҳи маҳал, беҳдошти идоракунии маҳаллӣ, хизматрасонии давлатӣ ва инфрасохтори сатҳи маҳаллӣ саҳмгузор бошад. Ҳамчунин, яке аз самтҳои Стратегияи БРҶ ин дастгирии ибтикор ва чорабиниҳои банақшагирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмин намудани иштироки васеи ҷомеа дар раванди татбиқи нақшаю дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо мебошад.

Лоиҳаи «Беҳтар намудани некуаҳволии аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон», аз ҷумла, марҳилаи дуюми он (LITACA II), яке аз лоиҳаҳои самараноки БРҶ маҳсуб меёбад. Лоиҳаи LITACA II, ки бо ибтикор ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, бо ташаббуси ҳукумати Ҷопон дар давоми се сол амалӣ мегардад ва аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) маб­лағгузорӣ карда мешавад. Азбаски лоиҳа барои баланд бардоштани некуаҳволии халқи ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон равона шудааст, он дар ҳамкорӣ бо БРСММ дар Афғонистон татбиқ мегардад.

Дар марҳалаи аввали лоиҳа натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Аз ҷумла, сохтмон ва барқарорсозии 86 объекти инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии деҳот анҷом дода шуд. Чорабиниҳои андешида барои таъминот бо оби нӯшокӣ, обёрии заминҳои аз гардиш бозмонда, сохтмон ва ба истифода додани иншооти санитария, бунгоҳҳои тиббӣ ва объектҳои тандурустӣ, анборҳо ва объектҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сохт­мон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна ва чораҷӯйиҳо барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ бевосита ба шароити зисти 249000 нафар аҳолӣ (49 фоизи онҳоро занҳо ташкил карданд) таъсири мусбӣ расониданд.

Барои 220 нафар корманди мақомоти маҳаллӣ (аз ҷумла, 29 зан) дар Тоҷикистон ва 147 нафар (аз ҷумла, 33 зан) дар Афғонистон оид ба масъалаҳои  банақшагирии чорабиниҳои рушди маҳал ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Барои 14 ташкилоти тиҷоратии маҳаллӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои фермерӣ грантҳои хурд пешниҳод гардиданд, ки ба васеъ гаштани имконоти истеҳсолии онҳо таъсири мусбӣ расониданд. Дар натиҷа, қариб 2700 нафар сокини деҳот, аз ҷумла 1466 зан, сатҳи донишу малакаашонро дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва кишоварзӣ баланд бардошта, зиндагии худро беҳтар намуданд.

Дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон 185 соҳибкор (аз ҷумла, 55 зан) дарси банақшагирии соҳибкорӣ ва рушдро аз худ намуданд. Чунин чорабинӣ барои 150 нафар ба нақша гирифта шуда буд. Дар Афғонистон бошад, барои 176 нафар зан ҷиҳати тақвиятбахшии ҳуқуқҳои иқтисодии онҳо семинарҳои омӯзишӣ гузаронда шуданд. Аз ҷумла, барои такмили малака дар соҳаи ҳунармандӣ, чорводорӣ ва коркарди маҳсулоти шир, занбӯриасалпарварӣ, дӯзандагӣ ва ғайра дарсҳо ташкил гардиданд.

Барои 500 нафар ашхоси бекори ноҳияҳои наздисарҳадӣ (аз ҷумла, 232 зан) аз рӯи   касбу ихтисосҳои тарроҳ, боғбон, барқчӣ, кафшергар, устои мошин, муҳосиб, сантехник ва ғайра, ки мувофиқи талаби бозори меҳнат аст, курсҳои омӯзишӣ таъсис ёфтанд.

Лоиҳае бо номи «Як деҳа — як маҳсул» таҳия ва татбиқ карда шуд, ки муҳтавои он иборат аз гузаронидани курсҳои омӯзишӣ барои гурӯҳҳои махсус ва бо маводи зарурӣ таъмин намудани онҳо буд. Ин гурӯҳ бояд малакаи худро дар киштукори як маҳсулоти муайян (асал, пиёзи ансул, лимӯ, анор, ноки навъи нашпотӣ ва ғайра), коркард ва фурӯши он баланд бардошта, таҷрибаи худро байни ҳамдеҳагон паҳн месохтанд.

Лоиҳаи LIТАСА II ба баланд бардоштани дастрасии минтақаҳои наздисарҳадӣ ба инфрасохтори деҳот ва хизматрасониҳои давлатӣ, имкониятҳои шуғли мардон ва занон, беҳтар намудани дастрасии онҳо ба тиҷорати байнисарҳадӣ, ташкил гардидани шароити мусоид барои робитаи корӣ ва шарикӣ равона карда шудааст. Лоиҳа махсус бо дар назар гирифтани гурӯҳҳои осебпазир (пирон, маъюбон) таҳия ва амалӣ гардонида мешавад.

Боз як нуктаро ёдрас кардан зарур аст, ки мавзӯи тамоми лоиҳаҳои амалигардида ва нақшаҳои дурнамо ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва мониторинги ҳамешагӣ мебошад. Аз ҷумла, гурӯҳи олимони маҳаллӣ ва мутахассисони Тоҷикистон, бо ибтикор ва дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон ва минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин, кормандони котиботи БРСММ дар Тоҷикистон, тадқиқоти ҳамаҷонибаи лоиҳаи LITACA II -ро дар 8 минтақаи наздисарҳадии вилояти Хатлон (Шаҳритуз, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин) анҷом доданд. Чунин тадқиқот ба тариқи мониторинги нишондиҳандаҳои дахлдор оид ба даромад, хароҷот, истеъмол, камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ  дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пилотӣ гузаронида шудааст.

Дар натиҷаи тадқиқот, баъзе камбудиҳо ошкор гардида, зарурати бартарафсозии онҳо дар низоми банақшагирии рушд, омӯзиши нокифояи мушкилот ва муайян намудани имконоти рушди иқтисодиёти минтақавӣ нишон дода шуд.

Кишоварзӣ, бешак, яке аз бахшҳои муҳимтарини иқтисодиёти вилояти Хатлон маҳсуб меёбад ва тақрибан 80 фоизи аҳолии қобили меҳнати ба ин соҳа машғуланд. Қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоятро маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Сарфи назар аз лоиҳаҳои амалигардида, неруи истифоданашуда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мавҷуд аст.

Дар натиҷаи тадқиқот хулосаҳои зеро ба миён омаданд:

* Дар чорабиниҳо ва лоиҳаҳои якҷоя рушди соҳибкорӣ бояд дар мадди назари махсус қарор дода шавад, зеро соҳибкорӣ асоси беҳдошти зисти мардум ва рушди маҳал аст.

* Ҷиҳати барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори воқеӣ ва иҷтимоӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ корҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд бояд таҳким бахшида шавад.

* Дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои якҷоя таҳкими соҳаи рушди омӯзиши касбӣ, аз ҷумла, тақвияти заминаи моддӣ – техникии он ва малакаи муаллимону устодони касбӣ, бо дарназардошти  талаботи воқеии соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини соҳаҳои асосии истеҳсолот бо мутахассисон бояд ба инобат гирифта шавад.

* Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин набудани ҷойҳои корӣ ва рушди нокифояи соҳибкории хурду миёна аст. Бинобар ин, дар доираи Лоиҳаи  LITACA II таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои  «намунавӣ»- и ташкили корхонаҳои хурди оилавӣ, кумак барои рушди соҳибкорӣ ва худфаъолиятӣ, ташкили бизнес-инкубаторҳо ва ғайра ба инобат гирифта шавад. Барои мисол, соҳаи туризм метавонад яке аз сарчашмаҳои ҷиддии таъсиси ҷойҳои корӣ бошад.

* Дастгирии техникӣ дар масъалаи таъминот ва тақсимоти неруи барқ дар маҳалҳои дурдаст, аз ҷумла, тавассути сарчашмаҳои алтернативии энергетикӣ (батареяҳои офтобӣ, шамолӣ ва ғайра), зарур аст.

* Ҳарчанд, имрӯз метавонем иброз намоем, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, бахусус, солҳои охир, роҳҳои аҳамияти ҷумҳурӣ ва маҳаллидошта хеле беҳтар ва ба меъёри байналмилалӣ наздик шудаанд, боз ҳам барои рушди саноат, кишоварзӣ, туризм ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт дар ободонии онҳо тадбирҳои ҷиддитаре андешидан лозим аст.

* Дар барномаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои наздисарҳадӣ чорабиниҳо оид ба дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошти ҳолати санитарӣ ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Бинобар ин, таҳия ва татбиқи барномаи махсус ҷиҳати беҳдош­ти дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва ҳолати санитарӣ дар ҳар як ноҳия зарур аст.

Мувофиқи нақша, дар се соли оянда, тавассути татбиқи Лоиҳаи LITACA II беҳдошти зисти беш аз 130 ҳазор нафар аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ дар назар аст.

Гурӯҳи мушовараи Ширкати «НАМО»