Чорводорӣ дар Муъминобод рушд меёбад

№151 (4257) 17.12.2020

Дар ноҳияи Муъминобод солҳои охир шумораи фермаҳои чорводорӣ афзуда, ҳоло сад хоҷагии деҳқонӣ ба парвариши чорво машғул аст ва бунёди чор фермаи дигар идома дорад.

Сардори хоҷагии деҳқонии «Эмом»-и ­ноҳия Эмом Алиев тасмим гирифтааст, ки дар мавзеи санглохзамини деҳаи Гулис­тон фермаи бурдоқипарварӣ ташкил намояд. Аллакай ду бинои асосӣ сохта шуда, дар он 145 сар чорво парвариш меёбад. Онҳо асосан зотҳои беҳтаркардашудаи маҳаллианд, ки ҳар кадом 250-270 килограммӣ вазн доранд.

Тавре Эмом Алиев изҳор дошт, бунёдкорӣ идома дошта, аз ҷумла, сохтани ду кашар барои парвариши чорвои майда, хобгоҳи умумӣ ва ҳаммом барои коргарон дар назар аст. Барои зимистонгузаронии чорво захираи хошок фароҳам оварда шуда, масъулин ният доранд, ки дар оянда саршумори гӯсфанд ва чорвои калони хушзоти сарсафеди қазоқӣ ва абердин-мангус парвариш кунанд, ки ба маҳалу иқлими ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон мутобиқ гардонида шуда, вазни ниҳоии онҳо 600-700 килоро ташкил медиҳад.

- Аҳли хоҷагии деҳқонии мо барои парвариши юнучқа, ҷуворимакка, лаблабую қат­рабон 15 гектар замини обиро ба иҷора гирифтанд, то ки аз ин ҳисоб захираи хӯроки чорворо таъмин кунанд. Кӯшишҳо ба хотири фаровон намудани гӯшти арзон дар бозор ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат аст, — мегӯяд сардори хоҷагии деҳқонии «Эмом» Э. Алиев.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор