Чун лола ба Наврӯз қадаҳ гир ба даст

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

Дар байни эронитаборон ягон суннате, ҷашне ва маросиме чун Наврӯз барои хурду бузург мардумитар ва ба дилу дидаи инсонҳо наздику қаринтар, ба шуғли кишоварзӣ ва домдориву (молдориву) муҳити зисти мардум муфидтар вуҷуд надорад.

Роҷеъ ба ин ҷашни фархунда фарҳангнигорон, бузургони аҳли адаб ва хосатан шоирону нависандагон, таърихнигорон, мусиқидонону мусаввирон дар тӯли таърихи мардуми ориёитабор асарҳои бадеиву илмӣ ва лаҳну оҳангҳои дилошӯб эҷод намудаанд. Инъикоси Наврӯз дар эҷодиёти шифоҳӣ, хусусан, дар назми фолклорӣ, мақоми хос дорад. Бахусус, ҷойгоҳи ин суннати воло дар осори шоирони мутақаддим ва муосири форсу тоҷик хеле барҷаста инъикос гардидааст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки бори дигар инъикоси ҷашни Наврӯзро дар ашъори шуарои мутақаддим ва классикӣ ҳаддалимкон аз назар гузаронем ва баъзе аз паҳлуҳои ҷолиби ашъори наврӯзӣ ва баҳорияҳои шоиронро баррасӣ намоем.

Шеърҳои баҳория дар адабиёти тоҷику форс яке аз бахшҳои дилнишин ва латифу зебоянд. Метавон онҳоро, ки баҳору гул, зебоиҳои табиат, кайфияту шириниҳои рӯзгори инсонӣ, ишқу ошиқӣ васф гардидаанд, ашъори баҳория ва наврӯзӣ номид ва ба ду бахш ҷудо кард. Ба бахши аввал шеърҳоеро дохил намуд, ки маҳз ба ҷашни Наврӯз ва оинҳои он бахшида шудаанд.

Гурӯҳи дувум аз шеърҳое иборатанд, ки ба тавсифи баҳор ва васфи манзараҳои табиати зебоии кӯҳистони тоҷик ва мардум иртибот доранд. Ин бахши ашъори шуарои гузашта ва кунунии тоҷику форс миқдоран зиёданд.

Ҷашни Наврӯз чун ҷанбаи башардӯстона дорад, инсонҳоро ба дӯст доштани зиндагӣ, табиат, муҳити атроф, зебоипарастиву накукорӣ, рафоқату дӯстиву бародарӣ ҳидоят менамояд, бар васфи он шоирони мо шеърҳои марғубу рӯҳнавоз эҷод намудаанд.

Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки Сардафтари адабиёти классики тоҷик аст, аввалин вассофи зебоӣ, ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва баҳори сабзу хуррам-Наврӯзи оламафрӯз аст. Аз ашъори боқимондаи ӯ баъзе байту пораҳои ғазалу навъҳои дигари шеърӣ ба ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он мутааллиқанд. Шоир дар пораи ғазалаш, ки онро донишманди гиромии ховаршинос Сайиднуриддин Шаҳобуддинов чанде пеш аз сарчашмае пайдо намудаанд, ба мамдӯҳи хеш, шояд амири сомонӣ бошад, муроҷиат намуда, анъанаи даврони Сосониёнро, ки ҳанӯз дар рӯзгори Рӯдакӣ идома доштааст, ба хотир оварда, ёдовар шудааст, ки Мубади Мубадон дар аҳди Сосониён қабл аз таҳвили сол ба назди шоҳ ворид шуда, ҳангоми нав шудани сол рӯ ба рӯи шоҳ истода, суханҳои рамзии нав­рӯзӣ мегуфт ва бо худ шамшеру давоту қалам оварда, ба назди шоҳ мегузошт. Ашёи овардаи Мубади Мубадон рамзӣ буданд ва бо ин роҳ ба шоҳи сосонӣ пирӯзӣ мехостанд, ки теғаш бурро бар адӯ бошад ва нусрату саодатмандӣ насиби ӯ гардад. Устод Рӯдакӣ ишора аз ин маросим чунин ёдовар шудааст: 

Сухан овардаму шамшеру қалами наврӯзӣ,

То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.

Ба сухан май ба забон бошаду ба шамшер бирез,

Хуни аъдову ба тавқеъи қалам деҳ рӯзӣ…

Дар рубоии зайл, ки ин ҳам бо ташаббуси устод Сайиднуриддин кашф гардидааст, Рӯдакӣ шоҳро ба фарорасии ҷашни фархундаи Наврӯз шодбош гуфта, тарзи бо раёҳин орову хушбӯй кардани хони наврӯзиро ёдрас шуда, қабл аз фарорасии Наврӯз, дар моҳи баҳман, ки моҳи ёздаҳуми гоҳшумории Яздигурдӣ буда, айёми он аз 20-уми январ то 20-уми феврал фаро мерасад, шоҳро огоҳ намудааст, ки то айёми Наврӯз душманонро нобуд созад, то осудаву беранҷу дард бо тарабу шодӣ Наврӯзро истиқбол намояд: 

Чун сипарам неҳ миёни базм ба Наврӯз,

Дар моҳи Баҳман битозу ҷони адӯ сӯз.

Боз ту бе ранҷ бошу ҷони ту хуррам,

Бо наю бо рӯди набиди фанорӯз.

Дар даврони Рӯдакӣ ба муносибати фарорасии ҷашну сур ҳамдигарро шодбош гуфтан одат буд. Боре ҷашни Наврӯз ва иди «Қурбон» дар як рӯз омадааст. Рӯдакӣ ба ин муносибат яке аз зимомдоронро муборакбод намуда, гуфтааст: 

Бод бар ту мубораку хуншон,

Ҷашни Наврӯзу гӯсфандкушон.

Шоири ҳассос ва табиатдӯст ҳангоми тасвири ғурриши барқу нолиши раъд ташбеҳҳои хеле муносиби табииро мавриди истифода қарор додааст. Шукуфтани лолаву барг, паҳн кардани маҷнунбедро дар арафаи Соли Нав — Наврӯз ва бар болои шукуфаҳо нишастани донаҳои жолаву қатраҳои боронро ба ашки дидаи маҳҷурон-мотамдорон монанд кардааст:

 Замоне барқ пурханда, замоне раъд пурнола,

Чунон чун модар аз сӯги арӯси сездаҳсола.

Ва гашта з-ин паранди сабз шохи беди бунсола,

Чунон чун ашки маҳҷурон нишаста жола бар лола.

Яке аз шоироне, ки ҷашни Наврӯз ва баҳори сабзу хуррами диёрро нисбат ба дигар шуаро бештар васф намудааст, Манучеҳрии Домғонӣ мебошад. Ӯ дар ашъораш одати деринаи мардуми ориёитабор будани Наврӯзи фархундапайро зебову дилрабо тасвир намуда, аз он ифтихор кардааст, ки ҷашни Нав­рӯз ҷиҳати давомият ва ҳастии мардум чун хуршеди тобон мусоидат менамояд. Наврӯз пас аз ҷашни Сада, яъне баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз омада, дилҳоро мунаввар мегардонад ва ба мардум ширинии рӯзгор, меҳру муҳаббат ва рафоқату дӯстиро ато намуда, инсонҳоро ба иҷрои корҳои созандагӣ раҳнамун месозад. Чунки ҳама назокату нафосат аз пойи қудуми Наврӯз аст: 

Бар лашкари зимистон Наврӯзи номдор,

Кардааст ройи тохтану қасди корзор.

В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,

Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.

…Ин боғу роғ мулкати Наврӯзмоҳ бувад,

Ин кӯҳу кӯҳпояву ин ҷӯю ҷӯйбор.

Ҷӯяш пур аз санавбару кӯҳаш пур аз суман,

Боғаш пур аз бунафшаву роғаш пур аз баҳор…

Ҷойгоҳи Наврӯз ва инъикоси пурҷозибаи он дар рубоиёти Ҳаким Умари Хаём таровату латофату вижагиҳо дорад. Ин шоири дӯстдори зиндагӣ, сарояндаи ишқу ошиқии ҷовидона, дар чанд рубоии хеш ин ҷашни фархундаро васф кардааст ва насими наврӯзиву дар айёми Наврӯз рухи лоларо шустани абр, ғанимат шуморидани ҳар як соату рӯзи ҳафта ва моҳу сол, кайфият бурдан аз табиат, дӯст доштани зиндагиро тараннум кардааст:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷом бода кун азми дуруст.

К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,

Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.

Хайём бо фарорасидани Наврӯз дилхушиву бодагусорӣ, бо лоларухе оростани суҳбат, ғанимат донистани ҳар дами умр, бо шодмониву шодкомӣ сипарӣ намудани фурсатро чун файласуфи закиназар зарур мешуморад: 

Чун лола ба Наврӯз қадаҳ гир ба даст,

Бо лоларухе агар туро фурсат ҳаст.

Май нӯш ба хуррамӣ, к-ин чархи кӯҳан,

Ногоҳ туро чу хок гардонад паст.

Зи кӯи ёр меояд, насими боди наврӯзӣ,

Дар эҷодиёти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ Наврӯз ва оинҳои он таровати дигаре дорад. Ҳофизи лисонулғайб фарорасии ин ҷашни шодибахшу бахтоварро бо шодмонӣ истиқбол гирифта, паёмовари ёр будани онро хотирнишон сох­тааст ва боди аз назди маҳбуба вазидаро равшангари чароғи дилҳо номидааст:

Гузашта аз ин, дар мисраъҳои баъдии ғазали зер шоир ишорае ба панҷ рӯзи ҳукми «мири наврӯзӣ», яъне ба бозии ҷавонон дар Наврӯз ишорае намудааст: 

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Чу гул гар хурдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ…

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,

Ки пеш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ…

Баъзе шоирони гузаштаи форсу тоҷик, ки аз илми нуҷум ва ҳодисаҳои кайҳонӣ огоҳӣ доштанд, аз нигоҳи илми нуҷум ва тақвимнигориву гоҳшуморӣ кай фаро расидани Нав­рӯзро ишора намудаанд. Масалан, Бадриддини Ҳилолӣ, ки аз илми нуҷум бархӯрдор будааст, дар Наврӯз бадал шудани Хуршедро ёдрас намуда, сипарӣ шудани моҳи охирини гоҳшумории шамсии ҳиҷрӣ — Ҳут ва даромадани моҳи аввалини соли нав — Ҳамал (Фарвардин)-ро, дар ғазали баҳоронааш зебо ба тасвир кашидааст: 

Навбаҳор омаду шуд манзили хуршед бадал,

Чашмаи Ҳут равон шуд ба чарогоҳи Ҳамал.

Боғ имрӯз биҳишт асту ҷавон аст чаман,

Ҳамчу ҳурони биҳиштӣ ҳама пӯшида ҳулал.

Бӯстон мактабу ҳар ғунчаи хандон тифле,

Ки бароварда варақҳойи гулистон зи бағал.

Ҳамин тариқ, ҷашни фархундаву ҳуҷастапайи Наврӯз барои мардум як ҷаҳон маънӣ дорад. Тавре ки аз ғазали Ҳилолӣ бармеояд, ӯ бӯстонро мактаб-дабистон тасвир намуда, тифлаконро ба ғунчаи хандон монанд кардааст, ки дар бағалҳо чун гулистон гулҳои рангоранг доранд, варақҳоро бароварда таҳсил мекунанд.

Дар маҷмӯъ, метавон ба хулоса омад, ки аксарияти наврӯзиҳои шоирон ашъори васфӣ ва накутарин шеърҳои лирикӣ мебошанд.

Рӯзии АҲМАД,

Фолклоршинос