Дӯстӣ. Корҳои ободонӣ авҷ мегиранд

№5 (3955) 12.01.2019

ДустиДар ­ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҷиҳати омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ авҷ мегиранд.

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, айни замон бунёди 117 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва дар солҳои оянда боз зиёд хоҳад шуд. Алҳол бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ дар 40 иншоот бомаром давом дорад. Танҳо соли 2018-ум 28 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва теъдоде аз сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар корҳои ободонӣ соҳибкорон ва сокинони ҳимматбаланд низ саҳм гузошта истодаанд.

Нурмуҳаммад Саидзода — раиси ноҳияи Дӯстӣ иброз намуд, ки корҳои ободонию созандагӣ аз даромадгоҳи ноҳия шурӯъ гардиданд. Бино ба иттилои ӯ, бо харҷи 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ дарвоза ва ҷой барои қабули меҳмонон бунёд шуда истодааст. Дар ин ҷо дидбонгоҳи замонавӣ барои кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ низ сохта хоҳад шуд.

- Бо дарназардошти таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҷиҳати муҳайё кардани шароити хуб барои таълиму тарбия бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 6 кӯдакис­тон, муассисаи таълимӣ ва синфхонаи иловагӣ дар назар аст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар яке аз кӯдакистонҳо ва муассисаи таълимӣ оғоз ёфтааст. Бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари наврасон ва ҷавонон ба китобу китобхонӣ 5 китобхона сохта шуда истодааст. Ҳамчунин, дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 — 2021» бун­ёди 19 биною синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, — зикр намуд мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҷаббор Абдураҳмонов.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Идибекзода Ҷӯрабек, дар шаҳраку деҳот сохтмони марказҳои хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, бунгоҳу маркази саломатӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, меҳмонхонаву чойхона ва амсоли инҳо дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, ба хотири оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохтмони 4 толор ва 9 майдончаи варзишӣ дар нақша аст. Аллакай корҳои сохтмонӣ дар як толор ва ду майдончаи варзишӣ оғоз гардидаанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»