Бардошт

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир

№40 (3834) 31.03.2018

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пайке буд аз оғози нави муносибатҳои дӯстонаи ин ду халқи ба ҳам дӯсту бародар, ду ҳамсояи девордармиён ва ду мардуми тамаддунофар, ки бо оғӯши кушода сӯйи якдигар қадам заданд. Гуворо буд назора кардани он, ки чӣ тавр дар лаҳзаҳои бениҳоят фараҳбахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хайра мақдам гуфта, ба он кас саломативу сарфарозӣ ва ба халқи дӯсту бародари ӯзбек сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва зиндагии пурсаодат орзу намуда, шоҳбайти фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Одамушшуаро, устоди бузурги сухан, Сардафтари назми классикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба истиқболи меҳмони олиқадр тараннум намуданд:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,  

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Боиси хушҳолии мардуми шарифи тоҷику тоҷикистонӣ ва Ӯзбекистон аст, ки ин сафари таърихӣ ба таҳкиму вусъатёбии минбаъда, рушду нумӯи муносибатҳои дӯстона, накуҳамсоягӣ дар арсаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарии байни кишварҳо бемайлон мусоидат хоҳад кард.

Фоли нек ва рамзист, ки сафари меҳмони олиқадр дар рӯзҳои омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз — рамзи бедоршавии табиат, оғози баҳори гулафрӯз ва соли нави мардуми Машриқзамин сурат гирифта, ба дилҳо сурур бахшид. Шоистаи қайд аст, ки тоҷикону ӯзбекон мардуми меҳнаткашу хирадманд ва боиродаву лаёқатманд мебошанд, дорои таҷрибаи бой ва фарҳанги қадимии заминдорӣ буда, дар манотиқи дорои захираҳои бузурги табиӣ зиндагӣ мекунанд. Мардуми некноми Тоҷикис­тон ва мардуми шарифи Ӯзбекистон ба рушди равобити байнидавлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд ва дар оянда барои расидан ба сатҳи сифатан нави муносибатҳо кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Маҳз дар доираи ин сафари таърихӣ як қатор аҳдномаву созишномаи байнидавлативу байниҳукуматӣ ба тасвиб расид, ки ояндаи неки ду дӯсту бародари ҳамҷавору ҳамдилро муайян хоҳанд намуд.

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти «Сарбанди Фарҳод» аз ҷумлаи онҳо мебошад. Мақсад аз он муайян намудани самти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таъмини фаъолияти мунтазами «Сарбанди Фарҳод» тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷонибҳо мебошад. Он масъалаҳои воридот ва содироти нақлиёт, таҷҳизот ва дигар масолеҳи тарафи Ӯзбекистонро, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами иншооти мазкур — нигоҳдории сатҳи зарурии об барои устувории обгирӣ, тибқи меъёри обгирии дар доираи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ муқарраргардида, риояи реҷаи бехатарии истифодаи иншоот заруранд, инчунин хароҷоти вобаста ба таъмини фаъолияти онро ба танзим медарорад.

Созишнома барои рушди ҳамкории тарафҳо ва таҳкими робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат менамояд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки гузошта шудани қадами нахустин дар роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ба истифодаи самараноки ин иншооти барои хоҷагии халқи ҳар ду ҷониб манфиатбахш ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду халқи дӯст заминаи устувор хоҳад гузошт.

 Дилбари КАРИМ