Даъвати ҳарбӣ - 2020

Даъвати баҳорӣ муташаккилона идома дорад

№49 - 50 (4155-4156) 18.04.2020

Тибқи иттилои корманди ­масъули маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ  Илҳом Муъминов, иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки муташаккилона идома дорад, то 17 апрели соли 2020 аз 60 фоиз зиёд гардид.

Масъулини комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи иҷрои даъвати баҳориро рӯзи аввали мавсими сафарбарнамоӣ ба хизмати ҳарбӣ сад дарсад иҷро намуданд. Нақшаи иҷрои сафарбар намудани даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ то 17 апрел дар шаҳри Душанбе — қариб 90 фоиз, вилоятҳои Суғд — зиёда аз 50, Хатлон — қариб 70 ва ноҳияҳои тобеи марказ беш аз 70 фоизро ташкил додааст.  Дар шаҳрҳои Нораку  Ваҳдат ва ноҳияҳои  Данғара, Носири Хусрав, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Рашт, Лахш, Сангвор ва Нурободу Тоҷикобод низ  нақшаи иҷрои сафарбаркунии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»