Данғара. Арзу шикояти шаҳрвандон шунида шуд

№ 19.07.2016

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода тибқи нақша рўзи қабули сайёри шаҳрвандонро дар ноҳияи Данғара баргузор намуд. Хатича Гулова — сокини кӯчаи Хайёми шаҳрак, Раҳмоналӣ Маҳмадалиев- раиси маҳаллаи  деҳаи Тягуни деҳоти «Корез», Нурулло Розиқов сокинони деҳоти «Лолазор», Сафар Шоҳмирзоев деҳоти «Оқсу», Тухтамиш Муқимов, Суҳроб Авлиёқулов, Зикир Сайдалиев-истиқоматкунандагони шаҳрак зимни қабули раиси вилоят аз мушкилоти мавҷуда арзи ҳол намуданд.

Арзу шикояти шаҳрвандон асосан аз бунёди кӯпруку роҳҳои таъмирталаби маҳаллаҳо, танқисӣ аз оби нӯшокӣ, бунёд намудани ҳавзи шиноварӣ дар шаҳрак ва дигар масъалаҳо иборат буданд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»