Нуқтаи назар

Дар Душанбе метро бунёд гардад

№19 (4281) 11.02.2021

metroДар шаҳри Душанбе сохтани метро дер боз мавзӯи суҳбати сокинони мамлакат аст. Аксар ҳамватанон дар шаҳрҳои Москва, Нурсултон ва Тошканд аз хизматрасонии метро баҳраманд шуда, орзу мекунанд, ки ин намуди нақлиёт дар пойтахти мамлакатамон низ мавриди истифода қарор гирад.

Ҳоло ба роҳҳои дуқабатаю сеқабата ва  иморатҳои баландошёнаи пойтахт нигариста, кас ба  амалишавии ин орзуи нек  боварӣ ҳосил мекунад. Зеро ҳамагӣ 5 сол пеш касе гуфта наметавонист, ки шаҳри Душанбе ба зудӣ  симояшро чунин тағйир медиҳад. Он рӯз дур нест, ки пойтахти мамлакатамон низ соҳиби метро шавад.

Моҳи октябри соли сипаришуда роҳбарияти  бародаршаҳри Душанбе — Лоҳури Покистон нахустин хати метрополитенро дар ин шаҳри 7,5 — миллионнафара ба истифода дод. Хати метро аз ноҳияи Алӣ сар шуда, то мавзеи Дараи Гуҷрон 27,1 километрро дар бар мегирад. Аз ин 25,4 километр рӯизаминӣ буда, ҳамагӣ 1,7 километр аз зери замин мегузарад. Тавассути метро рӯзе ба ҳисоби миёна 245000 мусофир кашонида мешавад.

Лоиҳаи зикршуда тавассути кумаки молиявию техникии Ҷумҳурии  Халқии Хитой бо харҷи 1,8 миллиард доллар амалӣ гардид.

Хуб мешуд, ки масъулони соҳаи нақлиёти  мамлакат таҷрибаи шаҳрҳои Истанбул, Лоҳур, Нурсултон ва ғайраро омӯхта, метрои рӯизаминӣ дар шаҳри Душанберо тарҳрезӣ мекарданд.

С. АМИНИЁН,

 «Садои мардум»