Дар Хуҷанд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви СҲИ доир гардид

№121 (4071) 10.10.2019

3 — 4 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.

Дар оғоз муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ зикр кард, ки  дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бахшида ба ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят садҳо иншоот, аз ҷумла, муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ бунёд ва навсозӣ мегарданд.

Қайд шуд, ки Суғди бостонӣ дорои табиати беназир буда, аз қадим таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб кардааст ва дар он шароити хуб барои рушди сайёҳӣ муҳайё мегардад ва сол аз сол шумораи меҳмонону сайёҳон ба шаҳру навоҳии он меафзояд.

- Соли оянда 5500 – солагии Саразми бостонӣ таҷлил мегардад, ки таваҷҷуҳи сайёҳон, бахусус, муаррихонро ба худ ҷалб намудааст, — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Баъдан, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Мунисон, раиси Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуазиз Оқилов, муовини директори Департаменти сайёҳии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон Киял Кенҷиматова, муовини директори Сарраёсати сайёҳии Вазорати туризми Ҷумҳурии Туркия Ононру Гёзет, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва дигарон суханронӣ намуда, бобати тавсеаи ҳамкории давлатҳои узви созмон дар самти сайёҳӣ фикру андеша баён доштанд.

Ҳозирин, ҳамчунин, натиҷаи иҷрои қарорҳои  ҷаласаи 2-юми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ, нақшаи амал оид ба рушди сайёҳӣ, тавсеаи экотуризм дар минтақа, лоиҳаи Стратегияи минтақавии сайёҳӣ,  масъалаи интихоби пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар солҳои наздик, вусъат додани ҳамкориҳои кишварҳои аъзои созмон ва дигар масъалаҳои марбут ба сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба гуфти масъулин, минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо масоҳати беш аз 8 миллион километри мураббаъ аз марказ ба ҷануб ва ба ҷанубу ғарби Осиё тӯл кашида, тақрибан 450 млн. нафар аҳолиро фарогир мебошад. Минтақа бо зебоиҳои табиӣ, мероси таърихиву фарҳангӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст ва яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии ҷаҳон эҳёгари Роҳи бузурги абрешим маҳсуб меёбад.

Мирзоаъзам Мақсудов«Садои мардум»