Дар иҷрои рисолат содиқ бошем

№148 (4410) 14.12.2021

Ҷомеаи ҷаҳонӣ алҳол, ба қавле, «то баногӯш» дар буҳрони сиёсию ахлоқӣ ғӯтавар аст, ки мисолашро шояд таърихи инсоният ёд надошта бошад. Ҳаракати иртиҷоии «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дошта, фаъолияташ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ аст, раванди мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.

Бадтар аз ин, дар пушти он давлатҳои абарқудрат қарор дошта, ҳамаҷониба кумак мерасонанд. Дар баробари ин, истиқбол ва дастгирии молӣ аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ аз ҷониби ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон бояд аз пир то ҷавонро бетараф нагузорад. Ҳамчунин, хотиррасон кардан лозим аст, ки ягона неруе, ки ба ин гурӯҳ таслим нагардида, муқовимат нишон медиҳад, родмардони тоҷики вилояти Панҷшер мебошанд. Дар баробари Панҷшер, Тоҷикистон аз мавқеи «Толибон» пуштибонӣ накарда, хостори  ташкили ҳукумати фарогири ҳуқуқу манфиатҳои тоҷикон ва ақаллиятҳои миллии он кишвар аст. Дар ин бобат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд: «Мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳар чӣ зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем».

Дарвоқеъ, аз рӯзҳои аввали зуҳури буҳрон дар кишвари ҷанг­задаи Афғонистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сиёсии кишварро равшан баён дошта, содиқ мондаанд.

Зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ­аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Душанбе ва ҳангоми суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ Пешвои миллат аз ин хатари ҷиддии ҷомеаи инсонӣ, қотеъона ҳушдор доданд ва онҳоро ба муттаҳидӣ ва ҳамкорӣ даъват намуданд. Инчунин, аз кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварданд, ки ба ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон дар нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ бетарафӣ зоҳир накарда, бо расонидани кумакҳои башардӯстона, бахусус, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба ҳайси ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх муосидат намоянд.

Дар ҳақиқат, таҳаввулоти охир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад. Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқиб­ро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд. Бо дарназардошти ин ҳолат, ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишри ҷомеаи Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон, аз омилҳои қатъи ҷанги бемаънӣ ва барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад.

Дар чунин шароити мураккабу ҳассос ҳамватанон бояд бо камоли масъулиятшиносӣ ва нишон додани зиракию ҳуш­ёрии баланди сиёсӣ, меҳнати садоқатмандона, ҳамовозию пуштибониро аз иқдомҳои сулҳхоҳонаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар баён намоянд.

Дар баробари ин, бо арҷгузорӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риоя ва иҷрои бечунучарои талаботи қонун дар ҳама соҳа, ки омили пешрафту суботи ҷомеа маҳсуб меёбанд, саҳмгузор бошанд.

Пирӯзии ҳақиқату адолат бар дурӯғу разолат, хирад бар ҷаҳолатро таърихи башарият ҳамеша собит сохтааст ва дур нест он рӯзе, ки дар кишвари ҷангзадаи Афғонис­тон ҳам сулҳу субот таъмин мегардад.

Манучеҳр МИРЗОЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон