Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳифзи субот бояд бештар саҳм гузорем

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

Паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат ба мақоми олии қонунгузори кишвар ҳуҷҷати муайянкунандаи дурнамои рушди иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа мебошанд. Хусусан, Паёми имсола барои сокинони кишвар аҳамияти таърихӣ дорад, зеро дар ин сол сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва ба ин муносибат дар ҳама гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву ободкорӣ бомаром ҷараён доранд.

Бояд гуфт, ки ҳар нуктаи Паёми Сарвари давлат барои ҳар фарди ҷомеа аҳамиятнок аст. Аз ин рӯ, ба онҳо таваҷҷуҳ карда, бояд дар татбиқашон саҳмгузор бошем.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем».

Чунончи, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.

Дар Паёми Пешвои миллат, ҳамчунин, лоиҳаҳои муҳими коммуникатсионии дар ҷумҳурӣ амалишаванда тазаккур дода шуданд. Воқеан, солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёти кишвар бомаром рушд намуда, дар натиҷа, ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем. Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат иброз доштанд, ки «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ин раванд мо бояд солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалиро сохта, ба истифода супорем. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад».

Зикр карда шуд, ки дар доираи лоиҳаҳо қитъаҳои Душанбе — Қизилқалъаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Бохтар бо харҷи 1,6 миллиард сомонӣ, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин ва Шкев — Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб — Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи мошингарди Кӯлоб — Муъминобод ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Албатта, бояд гуфт, ки раванди татбиқи лоиҳаҳои зикршуда вақти муайянро талаб менамояд, аммо таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар барои анҷоми босифати онҳо ҳамеша эҳсос мегардад. Мусаллам аст, ки анҷоми лоиҳаҳо ва баҳрабардории онҳо барои пешрафти кишвар аҳамияти ҳаётан муҳим доранд. Бо таъмини роҳи замонавӣ, бехатар ва васеъ имконияти бузурги иқтисодӣ барои кишвар фароҳам мегардад ва инро роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша таъкид менамоянд.

Пешвои миллат чун дигар паёмҳо дар Паёми имсолаашон низ роҷеъ ба масъалаи суботу амният дар мамлакат ёдовар шуданд. Зеро дар шароити ҳозира, ки вазъияти ҷаҳон мураккаб гардида, хусусан минтақаи Осиёи Марказӣ ба таҳдидҳои нав ба нав рӯ ба рӯ мебошад, ҳифзи суботу амният вазифаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад. Дар робита ба ин Пешвои миллат дар Паёмашон чунин таъкид карданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Сарвари давлат таъкид карданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразнокашон, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо ҳама роҳу восита кӯшиш доранд, ки ҷомеаро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар таҳмил кунанд.

«Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд», — таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари давлат, инчунин, таъкид намуданд, ки: «Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим — ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.

Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад.».

Дар ҳақиқат, даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишон дод, ки ҷавонон нисбат ба хизмати Модар-Ватан, ҳифзи субот, ҳимояи марзу буми кишвар бетараф нестанд ва садоқатмандона ба хизмат мераванд. Тавре, Сарвари давлат ёдовар шуданд: «Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.»

Аз ироаи Паёми Пешвои миллат беш аз се моҳ сипарӣ гардид. Дар ин муддат бисёр нуктаҳои муҳими он тат­биқ гардиданд. Бояд кӯшиш кард, ки ҳама дастуру супорише, ки Пешвои миллат дар Паёмашон баён карданд, дар сатҳи зарурӣ амалӣ шаванд. Зеро татбиқи онҳо маънои таъмини рушди иқтисодӣ ва ташаккули ҷомеаи пешрафтаро дорад.

Э. ДОСТИЕВ,

 сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии АИДПҶТ,

 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент