Дар интизори хаткашон

№128 (4234) 15.10.2020

Ҳар рӯз чашми ман ба роҳ,

Дар интизори хаткашон.

Шояд навиде оварад,

Баҳри ман аз он ёри ҷон.

 Хушнуд мегардам агар,

Пайғоми неку оварад.

Ёрам сарафрозӣ кунад,

Гар ӯ ҷавоби ман барад.

IMG_20201006_153307Ин сатрҳои шогирдона аз мактуби як ҷавони ошиқе бо иҷозати маҳбубаш – шахси қабулкунандаи нома иқтибос шуданд, ки азизи дилаш бо ҳукми тақдир ба яке аз донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар барои таҳсил рафтаасту баъди чанде онро хатм карда, ба диёр, дақиқтараш, ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бармегардад. Маҳбубаш номаро аз шуъбаи алоқаи почтаи марказии шаҳри Бохтар қабул карда, дар толори зебою барҳавои даромадгоҳи он ба мутолиа машғул буд. Чун медонист банда рӯзноманигорам, хост хушнудиашро аз қабули номаи хушҳолкунанда ва хизмати ҳалолу поквиҷдононаи кормандони почта тавассути рӯзнома ба мардум расонад.

Дар толори барҳаво, ки бо кумаку дастгирии роҳбарияти почтаи вилоят оро ёфтааст, мизу курсии зиёд гузошта шуда, корафтодагон дар онҳо бо ҳузуру ҳаловат менишинанд. Яке нома менависаду дигаре руқъаи навакак қабулнамударо мутолиа мекунад. Сеюмин муросилоти почтавиро ба тартиб медарорад. Чорумин аз рӯзномаву маҷаллаҳои наве, ки дар як гӯшаи толор болои мизи мунаққаш ба тартиб гузошта шудаанд, бо навиду воқеаҳои дар онҳо инъикосгардида шинос мешавад. Ин иқдоми наву шоиста буда, бо ташаббуси бевоситаи директори Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон Сайдалӣ Мирзоев роҳандозӣ гардидааст.

Шумораи хоҳишмандони мутолиаю шиносоӣ бо рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ рӯз то рӯз меафзояд. Бахусус, ҷавонони донишҷӯю нафақагирон аз ройгон хизматрасонӣ баҳра бурда, барои фароҳам овардани шароит ба кормандони почта миннатдорӣ баён мекунанд.

– Кормандони корхона фаъолиятро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш бурда, ҳафтае панҷ маротиба рӯзномаву маҷаллаҳо аз шаҳри Душанбе ба маркази вилоят — шаҳри Бохтар ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят расонида шуда, дар зермуассисаҳо ба 176 шуъбаи дар маҳалҳо буда тақсим мешавад. Дар натиҷа, матбуоти даврӣ сари вақт ба обуначиён расида, онҳо аз ҳаёти сиёсӣ, дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ воқиф мешаванд. 172 корманд, аз ҷумла, 95 хаткашон, ба мардум хизмат мерасонанд. Аксар хаткашонҳо бо велосипед таъмин шудаанд. Барои муассисаҳои алоқаи почтаи ноҳияҳои кӯҳистон асп харида, дар ихтиёри хаткашонҳо гузоштаем. Чор мошини хизматӣ ба панҷ хатсайр хизмат мерасонад. Аз соли ҷорӣ ба шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав низ мошини хизматии почта хизмат мерасонад. Пеш ин кор ба воситаи кирокашҳо анҷом дода мешуд, — иброз дошт роҳбари корхона ва дар идома гуфт:

- Яке аз корҳои муҳим қабул ва фиристодани ирсолпулиҳо, гузаронидани маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо мебошад. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ барои соли 2021  идома дорад. То шашуми октябри соли ҷорӣ обуна ба нашрияҳои даврӣ барои соли 2021 ба 53097 нусха расонида шуда, 34,7 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар нуҳ моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ 4556601 дона рӯзномаю маҷалла, мактубҳои хизматии одию супоришӣ, баста ва ирсолпулиҳо, дар маҷмуъ 159,3 тонна ба муштариён дастрас гардид.

IMG_20201007_074820Тайи ин муддат аз вилоят 285 килограмм муросилоти почтаи байналхалқӣ, аз қабили 65513 баста, мактуби одию фармоишӣ, 62 равонаку бастаҳои хурд ва 3 107 ирсолпулӣ қабул  ва содирот шуд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ даромади тарифии корхона 2124680 сомониро ташкил намуд, ки ба 101,18 фоиз баробар аст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 267313 сомонӣ ё 14,39 фоиз зиёд мебошад. Нақшаи хизматрасонии пулакӣ ба 345279 сомонӣ расида, 102,90 фоизро дар бар мегирад. Ин нишондод низ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида зиёд аст.

IMG_20201007_104918Иқдоми наҷиби дигаре, ки бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, дар вилоят ташкил намудани дӯконҳои фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо мебошад. Бояд то охири соли ҷорӣ дар вилоят 50 дӯкон ба фаъолият оғоз кунад. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ин иқдомро дастгирӣ намуда, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои роҳандозӣ кардани он супориш дод. Аллакай дар шаҳри Бохтар ҷойи дӯконҳо муайян гардида, рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон бештар ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шуда, ғизои маънавӣ гиранд.

– Дар маҷмӯъ, кормандони соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки роҳҳои нави боз ҳам  беҳтар намудани сифати хизматрасониро дарёфт ва дар амал ҷорӣ намоянд, — гуфт дар фарҷом Сайдалӣ Мирзоев. 

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»