Дар Муъминобод осоишгоҳи бемориҳои қалб бунёд мешавад

№100 (4050) 20.08.2019

осоишгох 2Аз рӯи нақша он дар кӯчаи И. Сомонии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод дар масоҳати 3,14 га бунёд шуда истодааст. Лоиҳаи онро ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷус­туҷӯии «САНИИОСП» омода намудааст. Маблағи умумии харҷномавии иншоот 25 млн. сомониро ташкил дода, алҳол 90 сохтмончӣ дар ду баст корро пеш бурда истодаанд.

Бинои осоишгоҳ аз ҳуҷраҳои истироҳату толори варзишӣ, ошхона, утоқи маҳсгарию эҳёгарӣ ва 108 кат барои истироҳати беморон иборат хоҳад буд. Айни ҳол ба маблағи 22 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шуда, сохтмон дар арафаи анҷомёбист.

Тавре муовини раиси ноҳия Хайрулло Абдуллоев зикр кард, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз таъмиру бунёди 250 иншоот дар назар аст.

- То сафари навбатии Сарвари давлат ба ноҳия биноҳои прокуратура, меҳмонхона, бӯстонсарои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот ба истифода дода хоҳанд шуд, — гуфт ӯ.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»