Зимистон дар мекӯбад

Дар Рашт омодагӣ ба зимистон ҷиддист

№129 (3766) 02.11.2017

 Муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, сардори ситод оид ба зимистонгузаронӣ Раҳимҷон Набиев дар бораи омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу замистони дарпешистода чунин изҳор дошт:

- Аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои буҷетӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, ҷиҳати хариди маводи сӯхт 1 млн. 923 ҳазору 429 сомонӣ ва барои таъмиру барқарорсозии биноҳо 1 миллиону 569 ҳазору 763 сомонӣ ҷудо гардид.

Дар ноҳия аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 12 октябри соли 2017 610 тонна орд, 40 тонна шакар, 25 тонна биринҷ, 13 тонна равғани растанӣ ва аз ҳисоби Раёсати ҷамъияти матлубот 20 тонна картошка, 10 тонна пиёз захира шудааст.

Инчунин, ду кони истихроҷи ангишт- «Назарайлоқ» ва ҶДММ «Камароб» фаъолият доранд, ки талаботи аҳолиро бо ангишт пурра таъмин карда метавонанд. Тибқи ҳисоботи Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия ҳоло 10 нуқтаи фурӯши ангишт, 22 нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ва 7 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият менамоянд. Иҷрои таъминоти ангишт дар ноҳия то 12 октябри соли ҷорӣ 1668 тонна, 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар шабакаҳои барқи ноҳия корҳои таъмирию барқароркунӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 пурра иҷро шудааст. Масъулини муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 780 метри кубӣ маводи зиддилағжиш (100 фоизи нақша) захира намудаанд.

Таҳияи Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»