Дар Самарқанд эҳсоси бегонагӣ накардем

№44 (3838) 10.04.2018

Қайдҳои сафар

 

29855861_2382960441730200_1607395147_nБа шарофати сиёсати сулҳхоҳонаю инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадии миёни ду кишвар, аз ҷумла «Саразм –Ҷартеппа» боз шуд. Ҳар рӯз тавассути он одамони зиёд ҷиҳати дидорбинии наздикон ва тамошои мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон равуо мекунанд. Ман низ,  бо тақозои касб ҳамроҳи дӯстонам Бузургмеҳр Абдуллозода, Хуршед Сайфиддинзода, Ҷасур Турдизода ва ҳунарманди ҷавон Бобоҷони Амонулло ба тамошои шаҳри бостонии Самарқанд рафтем.

Вақте ба гузаргоҳи «Саразм- Ҷартеппа» расидем, бо нафарони зиёд рӯ ба рӯ шудем, ки мехостанд ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд. Онҳо мегуфтанд, ки дар замони шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлолият гузаргоҳи сарҳадии «Саразм- Ҷартеппа» дарвозаи сайёҳии Тоҷикистон буд, аммо пас аз баста шудан (соли 2008), касе ин масирро убур карда наметавонист. Ҳамчунин, шукргузорӣ мекарданд, ки бо иродаи дӯстонаи сарварони ду кишвари ҳамсоя гузаргоҳи «Саразм-Ҷартеппа» чун масири дӯстии халқҳои аз азал бародари тоҷику ӯзбек аз нав ба фаъолият шурӯъ кард. Воқеан, дар оғози баҳор боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ чун муждаи наврӯзӣ шаҳрвандони ҳар ду давлатро шод гардонд. Зеро, агар аз як ҷиҳат, мардум ба дидори наздикони солҳо боз надидаашон мушарраф шаванд, аз ҷониби дигар, ин омил ба рушди босуръати сайёҳӣ барои ҳар ду ҷониб такони ҷиддӣ мебахшад.

Хусусан, тавассути гузаргоҳи «Саразм – Ҷартеппа» сайёҳон пас аз тамошои Самарқанд метавонанд саёҳатро дар водии Зарафшон идома дода, бо ёдгориҳои Саразм, ки бо таърихи зиёда аз панҷунимҳазорсола дар саргаҳи тамаддуни умумибашарӣ қарор дорад, Панҷакенти қадим, кӯҳҳои Фон, кӯлҳои мусаффо, табиати дилфиреб, манзараҳои афсонавии Яғноб, чашмаҳои соф, дарёчаҳои шӯхи кӯҳиро тамошо кунанд.

Зимни сафар мушоҳида гардид, ки ҳангоми убур аз марз муносибати сарҳадбонон ва кормандони гумруки ҳар ду кишвар бо мусофирон хеле хуб ва самимона аст. Махсусан, дар ҳолати надонистани забони ӯзбекӣ, бо забони тоҷикӣ ҳарф задану мусофиронро хайра мақдам гуфтани марзбонҳо ва гумрукчиёни ӯзбекистонӣ ба гӯш форам мерасид. Дар майдонҳои ба таври идона ороёфтаи гумрукӣ акси сарварони ду кишварро мушоҳида намудем. Аз ҳар ду тараф ронандагони мошинҳои мусофиркаш бо чеҳраҳои хандон дар хизмат буданд. Дар он ҷо бо зане вохӯрдем, ки аз хурсандӣ табассум дар лабонаш гул мекард. Ӯ худро Шарофат Нуралиева, зодаи тумани Пасдарғони вилояти Самарқанд муаррифӣ намуд. Маълум шуд, ки соли 1979 дар шаҳри Панҷакент ба шавҳар баромадааст ва охирин маротиба наздиконашро соли 2001 дидааст.

- Падару модар ва бародаронам дар Ӯзбекистон монданду худам дар Тоҷикистон. Ин рӯзи хушро ҳамеша мунтазир будам. Хушбахтона, бо шарофати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Шавкат Мирзиёев орзуи мо ҷомаи амал пӯшид, — гуфт Шарофат Нуралиева.

Ба гуфтаи сокини шаҳри Панҷакент Аловиддин Элбоев, пайвандҳои хешутаборӣ миёни мардуми шаҳрҳои Самарқанду Панҷакент зиёд аст. Модар дар Самарқанд, аммо духтар дар Панҷакент солҳо боз орзуи дидор мекарданд. Дӯстону хешу табор ба хонаи якдигар рафта наметавонистанд, тӯю азо бе иштироки наздикон мегузашт. Онҳо пазмони ҳамдигар буданд…

Пас аз тафтиши гумрукӣ мо ба сӯйи шаҳри Самарқанд роҳсипор гардидем. Қад – қади роҳ шиорҳои тараннумкунандаи ­дӯстии ду кишвар бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ навишта шудаанд. Аз Ҷартеппа то Самарқанд тақрибан 45 км роҳ аст. Вақте дохили шаҳри Самарқанд шудем, соат аллакай 1300 буд. Хостем қабл аз тамошои шаҳр, ошхонаи хубе пайдо карда, тановул ва каме истироҳат кунем ва аз таомҳои лазизи тоҷикони Самарқанд баҳравар шавем. Сабукравро канори роҳ гузошта, аз чанд сокини шаҳр ҷойи ошхонаро пурсон шудем. Марди миёнасоле мошинашро дар назди мо нигоҳ дошта, бо забони тоҷикӣ «меҳмонҳои азиз, хуш омадед ба Самарқанд!» — гуфт ва бо мо гарм дар суҳбат шуд. Ӯ худро Нарзиқул муаррифӣ кард ва то ба тарабхонаи «Самарқанд» моро роҳбаладӣ намуд.

- Дар ин ҷо бо нархи арзон бемалол метавонед дилхоҳ таоми миллии тоҷикиро фармоиш диҳед, — гуфт роҳбалад.

Пешхизмату кормандони тарабхона бо забони тоҷикӣ низ ҳарф мезаданд, ки барои мо хеле гуворо буд. Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ тасмим гирифтем, ки саёҳатро аз Майдони Регистон ва мақбараи Шоҳи зинда оғоз кунем. Мувофиқи нархнома ворид шудан ба маҷмааҳои Регистон, мақбараи Шоҳи зинда, масҷиди Бибӣ Хонум барои сокинони маҳаллӣ 1000 сӯми ӯзбекӣ ва барои хориҷиён 30 ҳазор сӯм муайян шудааст. Вале, вақте мутасаддиён фаҳмиданд, ки мо аз Тоҷикистонем, имкон доданд, ки бо пардохти маблағи барои сокинони маҳаллӣ муқарраршуда вориди маконҳои таърихӣ шавем, ки ин нишон аз эҳтирому самимияти хосаи онҳо дарак медод.

Регистон дар маркази шаҳр қарор дошта, яке аз ҷойҳои асосии сайёҳии Самарқанд ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои меъмории он аз беҳтарин намунаҳои ҳунари шаҳрсозии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар он се мадраса – Улуғбек, Шердор, Тиллокорӣ ва манораҳои пурнақшу нигор қомат афрохтаанд. Бояд қайд кард, ки мадрасаи Улуғбек дар асри XV муассисаи бузурги илмӣ ва таълимии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Дар он ҷо баробари илмҳои динӣ, фанҳои дунявӣ, аз қабили математика, астрономия ва фалсафа низ таълим дода мешуданд. Дар он мутафаккирони бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ таҳсил кардаанд. Тибқи маълумоти таърихӣ дар аҳди Амир Темур ва Мирзо Улуғбек Регистон ба майдони асосии тиҷоратӣ табдил ёфт. Имрӯз низ ба сифати маркази тиҷорату ҳунармандӣ аҳамияташро гум накардааст. Баъди таҷдиду тармим ба ҷойи баргузории Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд табдил дода шудани Регистон обрӯю эътибори он, шаҳри Самарқанд ва дар маҷмӯъ Ӯзбекистонро дар олам баландтар кард.

Сипас, маҷмааи Шоҳи зиндаро тамошо кардем, ки ёдгории асрҳои миёна буда, аз чанд мақбараи сарватмандони Самарқанд иборат мебошад ва соли 2001 ба рӯйхати мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст.

Баъд аз тамошо ба наз­ди сабукрав баргашта, чанд ҷавонеро дидем, ки гирди он мегаштанду гӯё мунтазири соҳибаш буданд. Баробари наздик шудани мо яке аз онҳо, бо меҳру самимияти хоса «дар рақамҳои мошинатон ҷонам, ҳамзабонҳои азизу меҳрубон, ба хонаи худатон хуш омадед!», — гӯён барои вохӯрӣ ба ҳар яки мо даст дароз кард.

Вай худро боифтихор тоҷик муаррифӣ карда, аз дидани мо бисёр шод гардид. Чанд рафиқи дигараш низ дар муоширату хушгуфторӣ аз ӯ камӣ надоштанд. Ҳама ифтихор мекарданд, ки мактаби тоҷикӣ хондаанд. Тоҷикистон дар пиндори онҳо низ ватани тоҷикони ҷаҳон аст. Орзуи ягонаашон аст, ки ба Тоҷикистон сафар кунанд. Онҳо барои ёфтани меҳмонхона ва тамошои шаҳр ба мо кумак дареғ надоштанд. Шабҳангом дар назди муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ акси хотиравӣ гирифтем.

Рӯзи дувум тамошои мо аз хона-музеи устод Садриддин Айнӣ оғоз гардид. Қобили зикр аст, ки бо супориши бевоситаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои таъмири пурраи хона — музеи устод Садриддин Айнӣ маблағи зарурӣ ҷудо шудааст. Сипас, ба зиёрати оромгоҳи Имом Бухорӣ рафтем. Маҷмааи мазкур 30 км берун аз шаҳри Самарқанд ҷойгир буда, соли 1997 ба муносибати 1225 — солагии зодрӯзи Имом Бухорӣ сохта шудааст. Дар он масҷид, мадраса ва китобхона низ ҷойгир шудаанд.

Баъдан бо мақсади харид кардани шириниву нони самарқандӣ ба бозори «Сиёб» омада, аз нархи навои молу маҳсулот огоҳ гаштем, ки нисбат ба бозорҳои мо арзонтар буд. Дар он ҷо орд бо нархи хариди яклухт аз 75 то 90 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (80 — 100 сомонӣ), шакар 4-5 сомонӣ, нахӯду дигар донагиҳо нисбатан арзон фурӯхта мешуданд. Аксари маҳсулот истеҳсоли худи ­Ӯзбекистон буданд. Лозим ба қайд аст, ки аз қадим байни мардуми тоҷику ӯзбек додугирифти тиҷоратӣ мавҷуд аст. Мутаассифона, дар муддати банд будани гузаргоҳҳои сарҳадӣ мардум наметавонистанд маҳсулоташонро ба бозори ҳамдигар бароранд. Хушбахтона, имрӯз имкон пайдо шудааст, ки тоҷирони ҳар ду кишвар маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро бо нархи дастрас пешкаши сокинон намоянд…

Воқеаҳои фараҳбахш дар ду рӯзи сафар хеле зиёд буданд. Масалан, ҳангоми гаштугузор сокинони Самарқанд аз кушода шудани роҳҳо изҳори хушнудӣ карда, моро ба хонаҳояшон даъват мекарданд. Он чиро, ки бароям беш аз ҳама ҷолиб буду мушоҳида кардам ва бо гумони ғолиб дар дигар шаҳрҳои ин кишвар низ чунин аст, муҳаббату самимияти онҳо  нисбат ба мардуми тоҷик мебошад. Аз машаққату ранҷҳои сафар бисёр хондаву шунида будам, аммо ман дар ин сафар мувоҷеҳи мушкиле нашудам ва дар Самарқанд ҳеҷ эҳсоси бегонагӣ накардем.

Ҷамшеди Сабоҳиддин,

«Садои мардум»

Панҷакент – Самарқанд – Панҷакент