Дар Ӯзбекистон истгоҳи метро ба номи Мирзо Турсунзода гузошта шуд

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

Metro_train_81-718.0-719.0Дар арафаи соли нави 2018 яке аз истгоҳҳои нави метро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода гузошта шуд, ки дар хатти ноҳияи Сергелийи вилояти Тошканд ҷойгир аст.

Тавре сомонаи «Sputnik Тоҷикистон» хабар медиҳад, он хатти метроро ҳоло сохта истодаанд ва дар нақша аст то соли 2019 мавриди истифода қарор гирад.

Метрои Тошканд 40 сол пеш (соли 1967) сохта ба истифода дода шуда, аз чор хат иборат аст. Ҳоло тарҳи хатҳои иловагии он омода мешаванд.

Ҳукумати Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки хатти ҳалқавии метроро бо 35 истгоҳ бунёд кунад.

 «Садои мардум»