Дарахти дӯстӣ сарсабз аст

№ 17.08.2018

Имрӯзҳо нигоҳи ду халқ — тоҷику ӯзбек, ки аз азал ҳамдаму ҳамхуну ҷон, дӯсту бародар, хешу ақрабо мебошанд, ба вохӯрии ду дӯст, сарварони ду мамлакат, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мегардад, нигаронида шудааст.

Аз ҳакиме пурсиданд:

- Кадом сафар аз ҳама дуртар аст?

Ӯ ҷавоб дод:

- Сафари ҷустуҷӯи дӯсти содиқ.

- Содиқтарин дӯст кист?

Ӯ ҷавоб дод:

- Дӯстоне, ки ду тану як ҷон бошанд.

Тоҷику ӯзбек дӯстони ду тану як ҷонанд. Вақте ки дар диёри азизамон сарварони ду кишвар якдигарро гарм ба оғӯш мегирифтанд, ҷавоби ҳаким, ки дар боло зикр намудам, ёдам омад. Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҷавоби ҳаким ҳамоҳанг аст.

– Мардуми моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозад,  — гуфта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вақти вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон доир гашт.

Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуданд:

– Муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд чун талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад.

Оре, дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек таърихи дерина дошта, тӯли асрҳо идома ёфта, обутоб ёфтааст. Шодию хурсандӣ ва дарду алами онҳо муштарак буд. Ба гуфтаи Боқӣ Раҳимзода, тоҷику ӯзбек як халқанд, ки бо ду забон гап мезананд.

Дар тақвияти ин суханон байте дорам:

Ҳеҷ мапурсед миллатамро, баски ин аст як ҷавоб:

Зуллисонайн ин Сулаймон тоҷику ӯзбек бувад.

Халқҳои тоҷику ӯзбек бо якдигар он қадар наздиканд, ки агар ба шаҷараи онҳо диққат кунед, шубҳае нест агар падару бобокалонҳояшон хешу ақрабо бароянд. Мисраъҳои зерини шоири машҳури ӯзбек Ғафур Ғулом, ки дар бораи наздикии ин ду халқ ва наслу насаби онҳо сароидааст, аз ин гувоҳӣ медиҳанд:

Аслият:

Қадимдан иккиси қуда — андадир,

Ӯғли тожик, бӯлди келини ӯзбек.

Она — Помир, ота Фарғонадан боқ,

Ӯзи ӯзбек, тили тожик, қиличдек.

 Тарҷумааш:

Аз қадим ҳар ду қудову андаанд,

Он писар — тоҷик, арӯсаш ӯзбек аст.

Модар аз Помир, падар — фарғонагӣ,

Ӯ худаш ӯзбек, забонаш тоҷик аст.

Ин ду халқ муносибатҳои олии инсониро риоя мекунанд. Онҳо мардумеанд, ки худ нахӯрда, луқмаи ҳалолашонро назди меҳмон мегузоранд. Дӯстии ин ду халқ ҳудуд надорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 600 — солагии шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ сухан ронда, гуфтанд, ки дар байни ин ду шахсияти сиёсӣ ва адабии ҳамон давра — Ҷомӣ ва Навоӣ муносибатҳои самимии устоду шогирдӣ, дӯстию ҳамкорӣ, якдигарфаҳмӣ барқарор буд. Дар замири ин суханон як ҳикмати бузург — решаи дӯстии ду халқ — тоҷику ӯзбек аз сарчашмаҳои дурии таърих об мехӯрад, гуфтани Сарвари давлат ҳувайдост. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз китоби академик Бобоҷон Ғафуров иқтибос оварда, хотиррасон карданд, ки баъди вафоти Мавлоно Ҷомӣ ҳазрати Навоӣ ва дӯстони ӯ як сол азо гирифтаанд. Ин таъкид бесабаб набуд, зеро халқҳои тоҷику ӯзбек аз азал дӯсту бародар, гӯшту нохун ҳастанд.

Кӯдаки гаҳвораро, ки яке тоҷику дигаре ӯзбек аст, як калима ором медиҳад — алла. Тӯю сури тоҷику ӯзбекро як суруд — «Ёр — ёр» шукӯҳ мебахшад. Калимаҳои муҳаббат, ишқ, меҳр, садоқат, ки ошиқу маъшуқонро бо ҳамдигар мепайвандад, ҳар ду халқ як хел истифода мебаранд. Калимаи тоҷикии гул, Наврӯз, ки рамзи зебогӣ, бедоршавии табиатро ифода мекунад, дар забони ӯзбекӣ муродиф надорад. Калимаҳои тоҷикии рӯймол, рӯзгор, чилла, якандоз, заргар, якдил, меҳрубон ва амсоли инҳо, ки дар тарзи зиндагӣ, урфу одатҳои ду халқ истифода мешавад, бо ҳамдигар чӣ қадар наздик будани онҳоро ифода мекунад. Муаллифи китоби «Зарбулмасал» Муҳаммад Шариф Гулхании Қаротегинӣ, ки шоири бузурги муҳити адабии Қӯқанд шинохта шуда буд, дар асарҳои ба забони ӯзбекӣ навиштааш мақоли тоҷикии «Зӯри беҳуда миён мешиканад» — ро истифода барад, домулло Айнӣ дар асари «Дохунда» менависад: «…ӯзбекони мо мегӯянд, ки « қорним учун йиғламайман, қадрим учун йиғлайман». Аз ин мақолҳо маълум мешавад, ки танҳо калимаҳо не, балки мақолҳо низ дар ду забон параллел истифода мешаванд. Агар ба мақолҳои тоҷикие, ки муродифҳои он ба забони ӯзбекӣ акс ёфтааст, назар афканед, сохти грамматикӣ ва хусусиятҳои забонро ба ҳисоб нагиред, ба аз ҷиҳати маъно як хел будани он бовар мекунед. «Санги даркорӣ вазнинӣ надорад», «Сукут — аломати ризо», «Аввал таом, баъд калом», «Зери коса — нимкоса», «Ҷавоби аҳмақ -сукут», «Ба хизмат — туҳмат», «Тарки одат — амри маҳол», «Баъд аз тӯй нағора»… Ин мақолҳои тоҷикӣ ба ӯзбекон низ фаҳмоянд.

Зироати бебаҳое, ки тоҷикон «гандум», ӯзбекон «буғдой» мегӯянд, баъди орд шудану дар танӯр пухтан дар забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба як калима — нон табдил меёбад.

Дар бораи дӯстии ду халқ, ки таҳкурсии онро Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта буданд, бисёр навиштаанд ва менависанд. Чуноне медонем, устод Ҷомӣ шогирди худ Навоиро ба дараҷаи дӯсти наздик бардошта, ба ифтихори Алишери Навоӣ дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-аш чунин сурудааст:

Ёре, ки кунад ба ёр пайванд,

Нахли амалаш шавад барӯманд.

Ёр аст калиди ганҷи уммед,

Ёр аст навиди айши ҷовид.

Хосса, ки ба боғи ошноӣ,

Дар шохи наво бувад Навоӣ.

Яъне, ки Навоӣ лутф созад,

Дилҳои шикастагон навозад.

Мавлоно Ҷомӣ бо ин суханҳои пурарзиш қувваҳоеро, ки дӯстии ду халқро халалдор карданӣ буданд, зид мемонад. Таърихи инсоният дӯстии ду халқ – тоҷику ӯзбекро, ки ин ду шахси бузург ситоиш кардааст, надидааст. Ин сатрҳо, ки мақсадҳои олии ду халқро ифода мекунад, то ҳозир ҳамчун оҳанги абадӣ садо медиҳад.

Мавлоно Ҷомӣ ва Ҳазрати Навоӣ ҳамеша ба дӯстии ду халқи бародар — тоҷику ӯзбек аҳамияти фавқулода додаанд, дар бораи дӯстии ин ду бародар шеър сурудаанд. Ҷомӣ дар яке аз рубоиёташ мегӯяд:

Соиле гуфт ба касе ба аҷаб

Ба фалонат чӣ нисбату наздик?

Гуфт: ӯ турк буду ман тоҷик,

Лек дорем хешии наздик!

Дар яке аз сафарҳои худ Ҷомӣ аз дидори Навоӣ дур буданашро чунин ифода карда, номае фиристод:

Дар канори Даҷла дур аз ёру маҳҷур аз диёр,

Дорам аз ашки шафақгун даҷлаи хун бар канор.

Навоӣ ба ин мактуби дӯст ва устодаш чунин ҷавоб мегардонад:

Ин нома, на нома, дофеи дарди ман аст,

Ороми даруни ранҷпарварди ман аст.

Таскини дили гарму дами сарди ман аст,

Яъне, хабар аз Моҳи ҷаҳонгарди ман аст.

Навоӣ бахшида ба вафоти устодаш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба забони тоҷикӣ марсия навиштааст, ки як порааш чунин аст:

Дӯстон, дар ҳама фан нодираи олам ку?

Афзалу афсаҳи аҷноси бани одам ку?

Дар биёбони таманнош халоиқ мурданд,

Ба давои ҳама он Хизри Масеҳодам ку?..

То ҳозир дар олами шеърият бахшида ба дӯсти худ, ба устоди худ ҳеҷ кас ба монанди Навоӣ ин қадар бо эҳсос, ин қадар дарднок ва сӯзон марсия нанавиштааст.

Мир Алишери Навоӣ аз токзоре, ки ба маоши худ барпо карда буд, ба устоди худ Абдураҳмони Ҷомӣ як хӯша ангур пешкаш кард. Ин мулозимат маънои рамзӣ дорад. Замоне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дасти боғбони ӯзбеки турсунзодагӣ як хӯша ангур гирифта буданд, ҳамон дӯстии ду шахси бузург ба ёд омад. Чӣ қадар ҳаётӣ буд ин тимсол. Тимсоли одӣ, вале раднашаванда.

Ба гуфтаи адиби машҳури тоҷик Садриддин Айнӣ , тоҷику ӯзбек аз қадим ёру дӯст ва хешу таборанд. Тавре шоири ширинзабон Лоиқ Шералӣ гуфтааст, ин ду халқ ду тори як созанд, ду шохи як дарахтанд, пайраҳаи як роҳанд. Ин ду халқ шуълаи як гулхан, гулҳои як чаман, орзуҳои як дил, панҷаҳои як даст, оҳангҳои як рубобанд. Ба гуфти Шароф Рашидов, болу пари як парандаанд, ду сари як марзаанд.

Дар ноҳияи Шаҳритуз яке аз мактабҳои нав номи Алишери Навоиро гирифт ва дар саҳни мактаб муҷассамаи ӯ гузошта шуд. Дар ноҳияи Спитамен театри ӯзбекӣ амал мекунад, ки ба он номи Шукур Бурҳонов дода шудааст. Боғи истироҳатии ҳамин ноҳия ба номи шоири ӯзбеки тоҷикистонӣ Ашурмат Назаров номгузорӣ гардидааст. Ба хотири деҳқонҳои асили ӯзбек — Абдуғаффор Самадов, Эшбек Сатторов, Тӯрахон Эсонқулов, Аскаралӣ Мирзоев ва дигарон номи деҳаҳо, кӯчаҳо, мактабҳо гузошта шудааст, ки рамзи дӯстии ду халқро ифода мекунад. Яке аз кӯчаҳои калони шаҳри Душанбе Алишери Навоӣ ном дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон даҳҳо рӯзнома ва маҷаллаҳо ба забони ӯзбекӣ чоп мешаванд. Зиёда аз 20 нафар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯзбеканд. Дар Иттифоқи нависандагон шуъбаи тарҷумонӣ амал мекунад. Ин ҳама меваҳои ширини сиёсати одилонаи Сарвари кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон мебошад. Гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон чун пештара ба ҳукми анъана даромад. Сарҳад кушода шуд. Хатсайрҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳан эҳё шуд.

Шубҳае нест, ки баъди ташрифи Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳои ҳамсоягӣ боз ҳам инкишоф меёбад, боз ҳам мустаҳкам мегардад, зеро дарахти дӯстие, ки аз сарчашмаҳои асрҳои дур об мехӯрад, боғбонҳои масъулиятшинос дорад. Онро сарварони ду кишвари бузург парвариш мекунанду шубҳае нест, ки нашъунамо меёбад:

Ҳамдаму ҳамхуну ҷон, тоҷику ӯзбек,

Лоиқи таърифу шон, тоҷику ӯзбек.

Гул ба гулу ранг-ранг гулшани дунё,

Ғунчаи хандони он, тоҷику ӯзбек.

Ин ки чу хуршед шуд, моҳ бишуд он,

Партави рӯзу шабон , тоҷику ӯзбек.

Дӯстию дӯстро ҳар ду бағалво,

Ё магаранд осмон, тоҷику ӯзбек.

Халқе ба халқе занад дар ҳама дунё,

Буда ба ҳайрат аз он, тоҷику ӯзбек.

Меҳр агар маҳ бувад шамс накуист,

Як фалаки ҳардувон, тоҷику ӯзбек.

Нури барафрӯхта Ҷомию Фонӣ,

Шуълазани ҷовидон, тоҷику ӯзбек.

Дар фалаки шеър ҳам боди сабо беҳ,

Оҳую ҷеран давон тоҷику ӯзбек.

Миллати ту пурсад ар ҳар кӣ, Сулаймон,

Гӯй ба ҳар ду забон, тоҷику ӯзбек.

Сулаймон ЭРМАТОВ, мудири шуъбаи ӯзбекии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон