Дарбанд макони осоиши ҷаҳонгардон метавонад бошад, агар…

№93 (4043) 01.08.2019

Ҳар гоҳе ба ноҳияи Нуробод меоям, диққатамро сохт­монҳои гуногуни шафати шоҳроҳи он ҷалб менамояд. Барои кишоварзон дар чандин ҷой бозорҳои хурд сохта шудааст, ки деҳқонон метавонанд маҳсулоташонро савдо намоянд.

Дар шафати шоҳроҳ, ҳамчунин катҳои дамгирӣ, нуқтаҳои савдо, ошхонаҳои ҳозиразамонро дидан мумкин аст. Ин тадбирҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» андешида шудаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо қарори раиси ноҳияи Нуробод аз 3 марти соли 2018, № 69 «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Нуробод барои солҳои 2018 — 2020» ва Шӯрои ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таҳияву тасдиқ шуд. Тибқи маълумоти мавҷуда, соли 2018 ба ноҳия 731 сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда, дар маркази ноҳия  меҳмонхона омодаи хизмат асту сохтмони ду меҳмонхонаи дигар дар арафаи анҷомёбист.

Илова бар ин, дар даромадгоҳи шаҳраки Дарбанд харитаи сарироҳӣ бо забонҳои русию англисӣ бо нишон додани самти роҳҳо ва кӯҳҳои ноҳия насб гардида, барои сайёҳон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардидааст.

Табиати ноҳияи Нуробод хеле зебо ва тамошобоб аст. Дараҳои зебои Муҷихарфу Ҳакимӣ, Канаску Ширинчашма, Юсу Кафтаргузар ба тамошобин лаззат мебахшад.

Яке аз ёдгориҳои қадимаи Нуробод, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ мекашад,  шаҳраки Дарбанд мебошад. Муаррихон таърихи онро беш аз 3000 сол муайян намуданд, ки дар гузашта маркази тиҷорат ҳунармандӣ ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт.

Донишманди маъруфи тоҷик Юсуфшоҳ Яъқубов дар ин мавзӯъ чунин навиштааст: «Мо дар водии Сурхоб аз Комсомолобод (Нуробод) то Ҷиргатол зиёда аз 50 ёдгориҳои давраҳои мухталифро кашф намудем, ки аҳамияти таърихӣ доранд.

Таҳқиқоти бостоншиносӣ нишон дод, ки Дарбанд дар назди деҳаи Сари Ҷари ноҳияи Дарбанд ҷойгир мебошад. Харобаи Дарбанд ҳоло миёни мардум бо номи Қалъаи  Имлок маъруф аст. Масоҳати шаҳр 7-10 гектар заминро ташкил намуда, аз диж (қалъа) ва шаҳрис­тон иборат мебошад. Шаҳрро девори бурҷдор иҳота мекунад. Харобаи шаҳри дуюм Ғӯрканд дар назди деҳаи Навдонаки ноҳияи Ғарм ҷойгир буда, бо номи Қалъаҳои Духтарак, Писарак ва Ботурхон машҳур мебошад. Омӯзиши Ғӯрканд нишон медиҳад, ки он дар давраи кӯшониёни бузург пайдо шуда, то истилои муғул яке аз марказҳои маданият ва савдо ба шумор мерафт».

Хуб аст, агар олимони тоҷик дубора дар қалъа ба ҷустуҷӯ оғоз намоянд ва бо дастгирии соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ он дубора эҳё гардад. Пирони рӯзгордидаи диёр қисса мекарданд, ки қалъа хеле бузургу муҳташам буда, роҳҳои зеризаминиаш аз таги дарёи Хингоб мегузашт ва душманон бо ҳама қудрату тавоноӣ натавонистанд онро тасарруф намоянд.

Ба оғози сохтмони НБО-и «Роғун» Ҳукумат ба нақша гирифт, ки барои кӯчондани як қатор деҳу деҳкадаҳое, ки баробари баланд гардидани сатҳи оби обанбори  Роғун таги об мемонданд,  дар ин мавзеъ шаҳри замонавӣ бунёд намояд. Баъди  пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ бо сабабҳои маълум дар баробари қатъ гардидани сохтмони НБО-и «Роғун» бунёди шаҳр низ қатъ гардид.

Хушбахтона, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дубора оғоз ёфтанд.  Ин шаҳри дар гузаш­та номдор ба як шаҳраки замонавӣ ва маркази ноҳияи Нуробод табдил ёфт, ки рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик Дарбанд  яке аз гӯшаҳои зебои Тоҷикис­тони азиз ва макони ҷаҳонгардони олам мегардад. Дар ин самт сокинон ва роҳбарияти ноҳия азми қавӣ ва нияти нек дошта, мутмаинем, ки комёб хоҳанд шуд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»