Дарси маҳорат аз Мажейка Кипрас

№21 (3658) 21.02.2017

Чордаҳуми феврали соли равон ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Точикистону Россия бо ибтикори намояндагии «Институти тадқиқотии Евросиё» дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои донишҷӯёни факултети журналистика дарси маҳорат баргузор гардид, ки дар он ноиби президенти  Академияи байналмилалии телевизион, радио ва матбуот, профессор  Мажейка Кипрас маърӯза кард. Қобили зикр аст, ки номбурда  журналисти сатҳи байналмилалӣ ва олими сермаҳсул буда, солҳои зиёд дар воситаҳои ахбори омма фаъолият намудааст. Вай ба донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба нозукиҳои касби журналистӣ ва таъсири рушди техника ва технология ба он суҳбат кард. Чунин ҷамъомад дар филиали Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе низ баргузор гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»